arzon replenishment
ҚИССАИ ШАБ: Дар банди ҷоду (қисми 1)
06.11.2021
ДИЛОШӮБ
3453

         Орзупарвар

Бо ҳамсарам бо хоҳиши волидайн хонадор шудам, гумон доштам, ки донишгоҳро тамом мекунаду ба деҳа бармегардад ва мисли дигар мардум зиндагиямон орому осуда ҷараён мегирад. Аммо ӯ як орзупарвар буд ва маро ҳамроҳаш ба шаҳр овард бо умеди расидан бо зинаҳои баланди “карера” ва раис шудан, вале синну солаш сарҳади чилупанҷро убур мекарду ҳеҷ не раис шавад. Ҳамсарам муҳосиби оддии як ширкати сохтмонӣ бошад ҳам, ба худаш аҳамияти зиёд медод, як мошини шаллақ ҳам дошт, ки онро аз ман дида, зиёдтар дӯст медошт. Солҳои сол дар хонаи иҷора зиндагӣ карда, оқибат бо қарзу қавола соҳиби як писару як духтар шудем. Ман дар ноҳия коллеҷи тиббиро хатм карда будаму дар шаҳр низ дар як беморхона ҳамшираи тиббӣ шуда, кор мекардам. Ҳамсарам ҳамеша маоши ночизи маро ҳисоб мекарду аз дастам мегирифт. Зиндагиямонро як бало карда, пеш мебурдему боз як сум ним сум ҷамъ мекардем. Ҳамсарам бисёр хасис буд ва ману фарзандонам ҳамеша аз кӯҳнабозор ва мағозаҳое, ки либоси кӯҳна мефурӯшанд, либос мегирифтем. Худаш ҳам баъзе чизҳояшро аз ҳамон ҷо мегирифт…

Хулоса, аробаи зиндагиямонро ба зӯр мекашидем. Хусурам аз олам гузашта буду дар хонаву дари падарӣ ҳевари калониям бо оилааш зиндагӣ мекард. Модарарӯсам аҳволи моро дар як якхонагии танг дида, доим мегуфт, ки ба деҳа баргардед, аммо «раис» инро намехост.

                                 Килиқҳои нав

Ману ҳамсарам ҳамдеҳа будем, волидони ман ҳам зуд-зуд ба мо маҳсулоти хӯрданӣ мефиристоданд. Модарам ҳамеша изҳори пушаймонӣ мекард, ки кош туро ба Назар намедодам. Ҳамсарам ба хотири пулғундорӣ ҳеҷ гоҳ дар ошхонаву тарабхона хӯрок намехӯрд, ҳамеша аз хона нону ҳасибу ҳамин гуна чизҳо мебурду дар ҳуҷраи корияш мехӯрд. Занакбоз ҳам набуд, ҳусни казоиву бозуву боло надошт, ки занон аҳмияташ диҳанд, боз марди хасис ба кадом зан маъқул мешавад? Ғазабаш тез буд ва маро бисёр вақт мезад, аз ин рӯ, кӯшиш мекардам вақти туғёни ғазабаш пешаш наистам. Намедонам чӣ шуду чӣ монд, ки ҳамсарам яку якбора дигар шуд, ӯро шинохта намешуд, аз телефонаш ҷудоӣ надошт, дили занонаам эҳсос мекард, ки ӯ бо зани бегонае ошно шудааст. Як бор инро гуфтаму дар бало мондам, он қадар зери мушту лагадам гирифт, ки як ҳафта дар бистар мондам. Баъд кордораш нашудам, ӯ худашро орою торо медоду бо пулҳои пасандозамон чанд костюми нав ҳам хариду шаби дароз бо телефон навис навис дошт, аммо ман дигар кораш нагирифтам, то даме, ки…

                               Ғамзада

Бисёр мехостам рақибамро бубинам, ӯ чӣ гуна зан бошад, ки шавҳарамро девона кардааст?! Аммо аз тарси мушту лагад чизе намегуфтам, кор то ҷое расид, ки ӯ бо ман умуман хуфту хоб намекард. Ба фарзандонамон умуман аҳамият намедод, мо бегона шуда будем, ҳушу ёди ӯ ба касе банд буд. Ман намедонистам ӯ кист ва дӯстони шавҳарамро низ намешинохтам, аз тарси ин марди ҷоҳил дугона низ надоштам. Дугонаҳои наздиктаринам фарзандонам буданд, аммо…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД