Хушрӯйи деҳа
Назокат дар хонаводаи зиёӣ чашм ба олами ҳастӣ кушода буд. Падараш омӯзгори сахтгиру соҳибобрӯ, модараш китобдори мактаб ва яке аз занони бомаърифати деҳаашон ба шумор мерафт. Ӯ дар оила фарзанди нахустин буда, ду хоҳару як додар дошт. Бо сабаби абрӯвони сиёҳи пайвастаю чашмони бодомӣ ва миҷгонҳои баргаштаву кокулони заминрӯбаш Назокатро соҳибҷамоли деҳа мегуфтанд. Хоҳаронаш ҳам дар ҳусну ҷамол ва одоб аз апаашон камӣ надоштанд…
Назокат дар деҳаашон аввалин духтаре буд, ки баъди хатми мактаби миёна ба шаҳр барои давом додани таҳсил дар мактаби олӣ рафт. Панҷ соли таҳсилаш дар Донишгоҳи омӯзгорӣ вай аз зумраи беҳтарин донишҷӯён ба шумор мерафт. Шаҳрӣ шуда бошад ҳам, бо либоси миллӣ ба дарс омада мерафт. Пас аз хатми донишгоҳ ба деҳа баргашта ҳамроҳи падараш ба тарбияи насли наврас камар баст. Акнун хушрӯйи деҳа яке аз муаллимаҳои ҷавону навовари ноҳия буд.
Як гулу сад харидор
Назокат дар мактаб ягона муаллимаи маҳаллӣ буд, ду муаллимаи дигар аз маркази ноҳия ба мактабашон барои дарс гуфтан меомаданд. Ҳар субҳ бо пираҳани хушдухти атлас, дар сар тоқии зардузӣ мӯйҳои майдабофташ аз хами зонуҳо поин хиромон-хиромон қадам зада, ҷониби мактаб рафтани ӯро дида, чанд нафар духтарон ҳаваси маълумоти олӣ гирифтанро карданд. Кадом падару модаре, ки ба хоҳиши духтараш зид мебаромаду «шаҳр ҷойи духтари қишлоқ нест» мегуфт, Назокатро мисол меоварданд. Назокат, ки муаллимаи фанни риёзӣ буд, тавонист дар як сол се нафар шогирдашро ба донишгоҳ барад. Пайравони ин духтари хушхулқи зебо дар деҳа рӯз то рӯз афзудан мегирифтанд, вале…
Падари ҷоҳил
Харидорони Назокат аз мӯйи сараш зиёд бошанд ҳам, падараш, муаллими Аслам на ҳар касро ба духтари соҳибҷамолу ҳунармандаш лоиқ медонист, ҳамин буд, ки даҳҳо хостгорро аз дараш новмед гусел кард. Солҳо турнасон мегузаштанд ва корвони умри Назокати соҳибҷамол низ бомаром пеш рафта, харидорони ин гули зебо рӯз то рӯз камтар мешуданд. Боре ҳамсояашон кампири Нурбибӣ Назокатро ба хилват хонда гуфт:
-Духтарҷон, чаро шавҳар намекунӣ?
Назокат намедонист ба саволи кампир чӣ ҷавоб диҳад. Зани солхӯрда аз хомӯшии ин зебосанам ба таври худ маънӣ бардошта гуфт:
-Духтарам, бо ҳусну ҷамолат мағрур нашав, зебоию ҷавонӣ мисли баҳор аст, зуд мегузарад. Ман дар тӯли умри дарозам бисёр хушрӯёнро дидам, ки оқибат пушаймон аз ин дунё рафтанд…
Назокат медонист, ки кампири Нурбибӣ «алам» дорад, зеро падараш додари ӯро, ки барои писараш хостгорӣ омада буд, ноумед намуд. Асалан Рустам, ҷияни кампир, ҷавони қоматбаланди зебо, ронандаи автобус ба Назокат маъқул буд. Садҳо духтарон ҳавасашро мехӯрданд, аммо Рустам ошиқи зори Назокат буд ва ба умед ба хонаи онҳо хостгор фиристод, аммо падари Назокат чун ҳарвақта рад кард. Назокат маҷбур монда хиҷолатомез рози дилашро ба кампири Нурбибӣ кушод:
-Момаҷон, ман худамро ҳеҷ гоҳ зебою доно намешуморам, охир падарам як бор аз ман намепурсад, ки шавҳар мекунӣ ё не?! Намедонам ӯ киро дар бари ман дидан мехоҳад. Ман «шавҳар мекунам» гуфта ба рӯйи падарам давида наметавонам-ку!
-Худо гирад ҳаму падари «сурханбус»-и туро!-Бо қаҳр нидо кард кампир. Назокатро аз ташбеҳи кампир хандааш омад, зеро дар ғайбаш мардум падари ӯро «Аслами сурх» мегуфтанд. Ҳангоми ба ғазаб омаданаш чеҳрааш арғувонӣ мегашт ва ҳамин чиз боиси он гашт, ки ҳамдеҳагонаш ба ӯ лақаби «сурх»-ро часпонанд.