Arzon march 2024
ҲИСОР: РАИСИ ПОРАХӮР БА ДАСТ АФТОД
1819

Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки Зокиров Зокирҷон Асатуллоевич - муовини раиси Ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор моҳи майи соли 2020 ҷорӣ аз шаҳрванд “А” барои ҷудо карда додани 0,06 га. қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди заминҳои Ҷамоати мазкур бо роҳи қаллобӣ маблағи 15 000 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ 8000 сомониашро пешакӣ гирифта, оварда додани боқимонда 7000 сомониро талаб намудааст.

Рӯзи 18 июн ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - тафтишотӣ аз ҷониби кормандони Агентӣ Зокиров баъди аз шаҳрванд гирифтани маблағи боқимонда дар ҳаҷми 7000 сомонӣ дастгир гардида, маблағҳои пулӣ ҳамчун далел дарёфт гардида, гирифта шуд.

Дар ин хусус нисбати муовини раиси ҷамоат бо моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол карда шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД