Марде, ки беш аз 40 сол барои санъати тоҷик
хизмат кардааст, то ҳол ягон унвон надорад!
Соли нав пушти дарвозаҳои зиндагӣ маҳин-маҳин ангушт мезанад. Маъмулан хурду калон омад-омади соли нави мелодиро бо қалбҳои моломоли орзуву ҳавасҳои ширин истиқбол мегиранд, ҳарчанд ҳанӯз намедонем он чи гуна соле хоҳад буд ва бароямон чиро ҳадя меорад. Соли кӯҳан, ки аллакай кафшу маҳсиҳояшро ба по карда, азми рафтан дорад, бо ҳама буду набудаш ба китоби таърихи башар ворид гашта, дар ҳаёти ҳар як инсон нақше, осоре аз худ боқӣ гузошта меравад. Соли 2021 барои аҳли ҳунар чӣ гуна сол буд?
Барои ба ин савол ҷавоб гирифтан мо ба яке аз устодони санъати эстрадии тоҷик Исматулло Холов занг задем.
-Салому алайкум акои Исматулло! Фарорасии соли нави мелодиро бароятон муборакбод мегӯем!
-Ташаккур хоҳари азиз! Ба шумо ҳам омад-омади соли нави мелодиро муборакбод мегӯям. Бигзор соли нав ба тамоми мардуми тоҷик бахту саодат ва комёбиву муваффақиятҳои нав ба нав ҳадя орад.
-Маъмулан аҳли ҳунар ҷашни соли навро дар кишварҳои хориҷӣ истиқбол мегиранд. Шумо ин идро чӣ гуна гузарониданӣ ҳастед?
-Имсол дар соли нав дар хонадони мо ид болои ид мешавад...
-Ростӣ манзуратнро нафаҳмидам...
-Рӯзи якуми январ банда 60-сола мешавам! Акнун аз синну соли миёнаумрӣ бадар шуда, бобои ҳақиқӣ мешавам! (Механдад)
-Ҷашни камолот муборак бошад! Аммо барои пир шудан ҳанӯз барвақт аст.
-Давраҳое, ки мо ҷавон будем, пирони хирадманд мегуфтанд, ки ҷавонмард то 35-солагӣ пур аз нерӯ аст, кӯҳро занад, талқон мешавад, баъди ин давраи миёнаумрӣ сар шуда, то 59-солагӣ давом мекунад, вале ҳамин ки мард 60-сола шуд, ҷояш кунҷи чойхонаву сӯҳбати гарм бо муйсафедон аст. (Механдад)
-Барои узлатнишинии шумо ҳанӯз барвақт аст!
-Албатта ман ҳанӯз кунҷи чойхонаро маскан карданӣ нестам, чунки нақшаҳои зиёди эҷодӣ дорам, вале ба он хотир суханони пандомӯзи пиронро ба ёд овардам, ки гузашти вақт хоҳ-нохоҳ дар ҳаёти ҳар як инсон таъсири худро мегузарад. Марди 60-сола ҳазор даъвои пурзӯрӣ кунад ҳам, дигар қуввату дармони ҷавони 30-соларо надорад...
-Хуб, ҷашни камолотро чӣ гуна таҷлил карданӣ ҳастед?
-Мегӯянд, хоҳӣ, ки озод бошӣ, ғуломи қонун бош, мо ҳам қонуни танзимро риоя намуда, ҷашни 60-солагии бандаро дар ҳалқаи аҳли хонавода гузарониданием. Шукри худо оилаамон рӯз то рӯз калонтар шуда, истодааст. Айни замон 27 нафар ҳастам, сафу ҷамъ шавем, як маърака обод мешавад. (Механдад)
-Суруш ва Нигораҷон чӣ ҳол доранд?
-Имсол барои ман бисёр соли пурфайз, соли бурду барор буд, чунки якбора соҳиби ду набера шудам. Сурушҷон соҳиби боз як шоҳписар гашт, писари хурдиам Сиёвушҷон низ бачадор шуд.
-Маборак бошад! Акнун шумораи набераҳо ба чанд нафар расид?
-Шукри Аллоҳ 6 набера дорам. Аз Сурушҷон 3 набера, як духтару ду писар, дуто аз Сиёвуш ва як духтарчаи нозанин аз Нигораҷон бо номи Амирахон.
-Амираҷон чандсола шуд?
-Насиб бошад, моҳи апрел шашсолагиро пур карда ба синни ҳафтсолагӣ қадам мемонад.
-Нигораҷон орзуи соҳиби писар шудан надорад...?
-Ҷавоби ин саволро аз худи Нигораҷон ва модараш пурсидан лозим, чунки тибқи таомули тоҷикона падарон ба чунин масъалаҳо дахолат намекунанд.
-Умуман, зиндагии Нигораҷон чӣ хел аст? Дар ҳаёти оилавиаш хушбахт аст?
-Сад шукр, ки дар масъалаи ба шавҳар додани Нигораҷон мо хато накардем. Домод бисёр бачаи хуб ва бомаърифату тарбиятдида аст, моро ҳурмату эҳтиром мекунад, Нигораҷонро содиқонаву самимона дӯст медорад. Чашм нарасад, ҳардуяшон ҷуфти ба ҳамдигар муносиб ва бисёр хушбахтанд.
-Нигора ҳамроҳи хусуру хушдоманаш зиндагӣ мекунад?
-Хонаи алоҳида харида бо дуои хусуру хушдоманаш рӯзгорашонро ҷудо карданд. Суруш ва занаш ҳам алоҳида зиндагӣ мекунанд.
-Аз рӯйи таомули тоҷикона яке аз фарзандон бояд бо падару модар монда, хизмати онҳоро дар даврони пирӣ ба ҷо орад...
-Манзуратонро фаҳмидам, писари кенҷагиамон Сиёвушҷон ҳамроҳи мо зиндагӣ мекунад. Ҳарчанд ману янгаатон ҳанӯз худро пир ҳисоб намекунем, вале келин, яъне ҳамсари Сиёвушҷон тамоми кору бори рӯзгорро ба сомон расонида, ба мо хизмат мекунад.
-Суруш ва Нигораро туфайли санъат ва ҳунарашон хурду калон хуб мешиносанд, аммо дар бораи писари кенҷаатон қариб, ки ягон маълумот надорем...
-Сиёвушҷон Донишкадаи байналмиллалии иқтисодии Амрикоро дар шаҳри Шарҷаи Аморати Муттаҳидаи Араб хатм карда, чанд сол боз дар Вазорати молия кор мекунад.
-Худи Шумо айни замон бо чӣ корҳо машғулед?
-Банда ба сифати муовини директори генералии Муассисаи Давлатии Иттиҳодияи Давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертии Вазорати фарҳанги кишвар кор карда истодаам. Азбаски айни замон роҳбари авваламон, яъне директор дар рухсатӣ ҳастанд, муввақатан вазифаи он касро иҷро мекунам.
-Акои Исматулло то ҷое, ки ман медонам, гузаронидани чорабиниҳои идона асосан бар дӯши иттиҳдияи шумо аст. Мегуфтед, ки дар соли нав чӣ чорабиниҳо мегузаронед?
-Рӯзе 28-декабр дар толори Сирки Давлатии Тоҷикистон барои кӯдакон як маҳфили зебои ҳунарӣ дорем бо унвони “Бозгашти Хоҷа Насриддин”. Як базми пур аз сеҳру афсона мешавад барои атфол бо иштироки ҳунармандони Оркестри давлатии эстрадии “Гулшан”, ҳамчунин ансаблҳои рақсии “Зебо” ва “Ҷаҳоноро”. Ногуфта намонад, ки дар ин базми пурафсона ансамбли кӯдаконаи “Зебо” низ иштирок ва ҳанарнамоӣ мекунад.
-Нигора ва Суруш барои мухлисонашон ягон тӯҳфаи солинавӣ тайёр карданд?
-Бале, Нигораҷон як суруди нави попурӣ сабт намудааст бо номи “Шамолак”. Телевизиони Тоҷикистон ин таронаро аллакай сабт кард. Умед дорам, ки шаби соли нав мухлисони Нигораҷон аз шунидани ин таронаи бисёр ҷаззоб лаззат хоҳанд бурд. Сурушҷон ҳам як суруди нав тайёр кардааст, ки хеле шуниданӣ аст.
-Акои Исматулло ба фикрам Ҳунарманди Хизматнишондодаи Тоҷикистон ҳастед, насиб бошад, ба ифтихори ҷашни мубораки 60-солагиатон унвони Ҳунарманди Халқиро мегирифтагистед...
-Фирӯзабону, хоҳари азиз, ман умуман ягон унвон надорам, на хизматнишондодаву на ягон унвони дигар. Фақат солҳои 1980, яъне дар замони Шӯравӣ Лаурияти Мукофоти Комсомол шуда будам. Дигар то ба имрӯз ҳатто ягон граммота нагирифтаам.
-Чанд сол боз дар ҷодаи санъат фаъолият мекунед?
-Аз соли 1980 дар хизмати мардум ҳастам ва ба қадри тавони худ барои рушду нумӯъи санъати тоҷик талош менамоям.
-Наход, ки хизматҳои беш аз 40-сола шуморо дар ҷодаи санъат бо ягон унвон қадр накарда бошанд...?
-Ҳеҷ гап не, баъди маргам ягон унвон медодагистанд. Тавре ки русҳо мегӯянд “Посмертно награжден...”
Ф. Сатторӣ
Р/С
Аз гӯшӣ садои хандаи Исматулло Холов ба гӯшам расид, вале хандаи ин марди ҳунар як ҷаҳон дард дошт. Ростӣ, табъам бисёр хира шуд ва бори дигар ӯро бо соли нави мелодӣ табрик гуфта, хайрухуш кардам. Аҷиб, гоҳо ҳунармандоне, ки ақаллан 5-10 сол ба санъати тоҷик хизмат накардаанд ва мардум онҳоро қариб, ки намешиносанд, пай дар пай соҳиби чандин мукофот ва унвонҳои баланд мешаванд, аммо Исматулло Холов барин ҳунарманди асил, ки яке аз поягузорони санъати эстрадии тоҷик ба шумор меравад ва як умр дар ансамблҳои давлатӣ кору фаъолият намудааст, то ҳол ягон унвон ва мукофот надорад. Магар чунин носипосӣ нисбати як ҳунарманди асил, ки умрашро сарфи рушду нумӯъи санъаи тоҷик намудаву ба қавли мардум сари сиёҳашро дар ин ҷода сафед карда, ба синни мубораки 60-солагӣ расидааст, барои масъулини ин соҳа айб нест?!
(Сӯҳбати мо бо ин марди ҳунар ду –се рӯз қабл аз ҷашни соли нав сурат гирифта буд. )