arzon replenishment
Иштирокчии ҶБВ Мухтор Заргарови 101-сола аз олам гузашт
298
Иштирокчии ҶБВ Мухтор Заргарови 101-сола аз олам гузашт

Имрӯз яке аз куҳансолтарин иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ Мухтор Заргаров дар синни 101-солагӣ ин дунёро падруд гуфт.

Дар арафаи Иди Ғалаба аҳли эҷоди сомонаи Oila.tj дар ҳамдастӣ бо шабакаи савдои “Пайкар” ба аёдати ин марди қаҳрамон рафта буданд. Тавре худи бобои Мухтор зимни суҳбат ба мо нақл кард, ӯ ба таври ихтиёрӣ дар синни 16-солагӣ ба ҷанг рафта, дар озод намудани 22 кишвари олам аз зулми фашистони гитлерӣ саҳм гузоштааст. Мухтор Заргаров Иди Ғалабаро дар Кенигсберг истиқбол гирифта, пас аз ҷанг боз як муддат дар Ленинград хизмат намудааст.

Ин пири хирадманд дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо аҳли оилааш ҳаёти хуррамона ба сар мебурд, вале аждари марг панҷа бар гулӯяш зада, ӯро рабуд.

Аҳли эҷоди сомонаи Oila.tj аз марги ин пири хирадманд ва қаҳрамон андуҳгин буда, ба аҳли оила ва пайвандони Мухтор Заргаров изҳори ҳамдардӣ менамоянд.

Ҷойи бобои Мухтор ҷаннати ҷовидон бошад!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД