sebiston july new
Ишки ноком ва розҳои дили Хуршед
1213


Хуршеди Шокир аз зумраи овозхонҳои маъруфи тоҷик ба шумор рафта, замоне қариб дар ҳама барномаҳои консертӣ ва маҳфилҳои ҳунарӣ дар қатори ситораҳои санъат ҳунарнамоӣ мекард, вале солҳои охир ин ҳунарманд як нав хомӯшӣ ихтиёр намуда, камамо гаштааст.

Журналисти хушсалиқаи тоҷик ба ҷустуҷӯйи Хуршеди Шокир афтида ин марди ҳунарро ба барномаи навбатии “Ногуфтаҳо” даъват намуд.
Дар рафти барнома Хуршеди Шокир розҳои ниҳонии дилашро кушода мегӯяд, айни замон ӯ дар идораи фарҳанги шаҳри Леваканд фаълоият дорад.

Хуршеди Шокир, ки 52-сол дошта, оиладор ва падари шаш фарзанд мебошад, аз ишқи аввалинаш ба ҳасрат ёд карда гуфтааст, ки даврони ҷавонӣ духтареро аз ноҳияи Темурмалик дӯст медошт, вале модараш дурии роҳро баҳона карда, аз ноҳияи худашон як духтари дигарро ба ӯ ба занӣ дод.

Ҳунарманд аз модараш бисёр бо дарду алам ёд карда ҳасратомез мегӯяд:
“ Ба модарам хизмат карда натавонистам. Мариз буд ва ман дар Душанбе. То аз пойтахт омадам, ки дер шуда буд, вале шукр, ки бародаронам ҷойи маро пур карданд.”

Ҳамин тавр Хуршеди Шокир дар ин барнома рози ниёзҳои худро ба ҳаводорони ҳунараш ифшо намуда, гуфтааст, ки байни фарзандонаш танҳо як писараш, ки дар синфи нуҳум мехонад, каму беш ба санъат шавқу рағбат дорад

Дар боби бозхонӣ шудани таронаҳояш аз ҷониби сарояндагони ҷавон Хуршеди Шокир гуфтааст, ки танҳо як-ду нафар аз ҷумла Зулайхо Маҳмадшоева ва Соро Аҳмадова барои бозхонии сурудҳояш иҷозат гирифтаанду халос.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД