Arzon march 2024
Ишқи зани тиллодӯст шавҳарро овора кард
1365

Ман як нафар муҳоҷири тоҷик ҳастам. Вақтҳои охир дар сомонаҳои иҷтимоӣ мебинам, ки занҳои зиёде аз шавҳарони муҳоҷирашон шикоят мекунанд. Ман бошам, аз зани дар Ватан доштаам шикоят дорам. Муддати ҳашт сол аст, ки дур аз Ватан дар муҳоҷират қарор дорам.

Аз ҳисоби пулҳои дар муҳоҷират ёфтаам дар Ватан замин харида, як хонаи сеҳуҷрагӣ сохтам. Вале вақтҳои охир ҳамсарам пулҳои фиристодаи маро беинсофона сарф карда, барои худаш зару зевар, матоъҳои қимматбаҳо мехараду курта карда мепӯшад. Вақте ки барои дидорбинии фарзандонам ба Ватан рафта, аз пулҳои фиристодаам пурсон шудам, занам шарм накарда гуфт:
-Мардак, ин қадар асабӣ нашав, ман аз дигар занҳо чӣ камӣ дорам? Ман ҳам байни хешу таборон фахр карда, либоси қимматбаҳо харидам, ана бинед, зеби дастонам,-гӯён, ангуштҳои пур аз ангуштарину зиреҳҳои тиллоии гарданашро нишон дод.

Асабам сахт вайрон шуду сохтмони сангини Русия ба хотирам омада, ӯро сарзаниш кардам. Занам қаҳр карда, ба хонаи модараш рафт. Ду ҳафта интизор шудам, вале наомад. Кӯдаконамро пазмон шудаму роҳи хонаи хушдоманамро пеш гирифтам. Ҳамсарам бо қошу қавоқ маро пешвоз гирифта гуфт:
-Ту барои пулҳои равон кардаат зихнагӣ кардӣ, ман бо ту зиндагӣ кардан намехоҳам!

Қаҳрам омаду аз хонаашон баромада, дарҳол чипта харидаму ба Русия омадам. Баъди ду рӯзи ба муҳоҷират омадан, ба занам занг задам. Гӯширо бардошта, гӯё чизе нашуда бошад, салому алейк карду гуфт, ки зудтар пул фиристам, барои кӯдакон либос харидан лозим аст. Чизе нагуфта, аз паси кори сангини сохтмон шудам. Бояд иқрор шавам, ки корам хеле вазнин аст. Саломатиам бад шуда бошад ҳам, ҳушу ёдам ба кӯдаконам аст, ки кор кунаму барои онҳо қадре пул фиристам. Моҳи якум пул фиристода, занамро таъкид кардам, ки барои кӯдакон либос харад. Моҳи дуввум занам телефон карда гуфт, ки барояш бисёртар пул фиристам, барои тӯйи хоҳараш як мебели ҷойи хоб ва барои худаш як гӯшвораи тиллоӣ мехаридааст. Пурсидам, ки ҳамаги чӣ қадар пул даркор аст, гуфт, ки тақрибан ду ҳазор доллар. Бовар кунед, ҳушам канд. Ман худам базӯр дар ин сардиҳо бо заҳмати ҷонсӯз 25000 рубл маош мегираму занам бошад, маро ғорат карда истодааст. Ҳаргиз андеша намекунад, ки дар ин ҷо чӣ қадар азоб кашида, пул меёбам. Ҳамсарам ин чизро умуман фаҳмидан намехоҳад.

Ман ӯро дӯст медорам ва ҳаргиз нияти ҷудошавӣ надорам. Аммо ҳамсарамро ҳушу ёдаш ба тиллову куртаворӣ банд аст. Ба мисли ман дар ин ҷо мардони тоҷике ҳастанд, ки аҳволи маро доранду мегӯянд, ки бо меҳнати ҳалолу обилаи даст пул ба даст оварда, ба Ватан роӣ мекунанд, вале дар он ҷо ҳамсарон ба ҷойи захира кардан, пулро барои харидорӣ намудани гӯшвораву ангуштарини тиллоӣ сарф мекунанд. Ё ин ки дар телефон ба ҷойи меҳрубонӣ кардан, таъна мекунанд, ки «ту дар Русия бевабозӣ дорӣ».

Занҳои муҳтарам, каме ақли солими худро кор фармоед, ин ҷо дарахти пул нарӯидааст, ки муҳоҷирон аз он қабза-қабза чида, барои шумо фиристанд. Ба зани худам гуфтан мехоҳам, ки “Занак, ин қадар маро озор надеҳ, вагарна дар ҳақиқат ин ҷо зан мегираму дигар ҳеҷ гоҳ ба Ватан намеравам!”

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД