arzon replenishment
Ишқи зани девона
09.12.2022
Дилошӯб
2632

 

Аз фавти фоҷиавии ҳамсарам ҳашт сол гузашту дубора хонадор шудам, дар бистсолагӣ танҳо мондаму дар бисту ҳашт баъди як вохӯрии тасодуфӣ ба шавҳар баромадам.

Дар деҳот субҳи ман аз об задану рӯфтани ҳавлӣ оғоз меёфт ва дар шаҳр ман субҳи барвақт дасту остин барзада, аз ошёнаи сеюм то поён роҳравҳоро мешӯстам.

Он вақтҳо подездҳо фаррош надоштанд, солҳои вазнини баъди ҷанги шаҳрвандӣ ҳама ҷо пур аз ифлосӣ буд. Ҳайрон мешудам, ки чаро ин занони олуфта болои партобҳо бо кафшҳои пошнабаланд туқ-туқ карда мегузаранд…

Шавҳарам, ки марди обрӯманд ва чеҳраи шинохта аст, аз ин кори ман қаҳраш меомад. Агар нигоҳҳои норозии ҳамсарам намебуд, шояд ҷорӯби калоне гирифта, саҳни бинои истиқоматиро низ мерӯфтам.

Ҳамсояҳо аз ёфтани фарроши бепул хурсанд, маро таъриф карда, ба осмон мебароварданд, ман намеарзад гӯён, ба корам идома медодам. Баъдҳо баъзе ба виҷдонҳояш гоҳ-гоҳе ба ман пайравӣ мекарданд, бо амаки Артур ман ҳангоми «фаррош»-иҳоям шинос шудам.

Зимистони барфбоде буду дастонам аз шидати сармо каб-кабуд роҳравҳоро мерӯфтам, ҳамин вақт марди сиёҳҷурдаи қоматбаланди тахминан шастсола дар дасташ халтаҳои пур аз сабзавот бо зинаҳо боло шуду ба ман салом дод. Ман канор истодам ва ба саволи ӯ ҷавоб додам.

-Шумо фаррош?-пурсид ӯ бо забони шикастаи тоҷикӣ.

-Не, ман дар ин бино зиндагӣ мекунам,- гуфтам дар ҷавоб ва баъди шиносоӣ бо ҳайрат гуфт:-О наход зани ҳамин гуна одами машҳур, масъули тозагии роҳравҳо бошад.

Сӯҳбатамон дар он рӯзи сард бо ин марди меҳрубон, ки ҳайкалтарош будааст, хеле гарм сурат гирифт. Чун анъанаи деҳотиён ӯро ба хона ба як пиёла чой даъват кардаму ӯ ваъда дод, ки меояд.

Баъдҳо ба кор баромадаму дигар дастам ба тозакунии роҳравҳо намерасид, фаррош гирифтем. Аммо дӯстии мо ба амаки Артур, ки арманӣ будааст, идома ёфт. Шавҳарам ҳамеша мегуфт, ки бечора Артурро тақдираш талх аст, вале ба чарои ман посух медод, ки худаш ягон рӯз худаш нақл мекунад…

Ростӣ, гумон мекардам, ки амаки Артур танҳо зиндагӣ мекунад ва ҳар гоҳ манту, самбӯса, ош, сиёҳалаф мепӯхтам, албатта ҳаққи ӯро мебурдам. Ин корам ба шавҳарам писанд буд, гоҳи дигар худаш ба хона меомад ва бо ҳамсарам сари як пиёла чой сӯҳбатҳои гарм мекарданд.

Амаки Артур маро духтарам мегуфт, вале тақдири талхи ӯро ба ман на худи Артур, балки хоҳари занаш нақл кард. Аз шунидани ин нақл бист сол гузаштаву намедонам амаки Артур зинда аст ё не, аммо қиссаи зиндагии ин инсони наҷиб достони мардонагист….

Артур бо Зарема дар як мактаб мехонданд, арманӣ буданд, лекин дар яке аз шаҳрҳои наздики Маскав умр ба сар мебурданд, зеро бобоёнашон аз Арманистон ба ҳамон ҷо кӯч баста буданд. Табиист, ки ҷавон бо духтари ҳамшаҳрии худаш майл дошт.

Падару модарони онҳо хешу табор набошанд ҳам, ба ҳам хеле меҳрубон буданд. Заремаи қоматбаланди нозанин ба Артур дил дод, вале ҳангоми дар синфи нӯҳум хондан, ба духтар маризии равонӣ ёр шуду ӯ на касеро мешинохту на ақли солим дошт.

Волидонаш баъди табобат нагузоштанд, ки дигар мактаб хонад, Зарема гоҳе ба худ буду гоҳи дигар бехуд, аммо Артур натавонист ишқи ӯро аз дил берун кунад.

Волидони ӯ ба вохӯрии ин ду чавон розӣ набуданд, куҷо монад издивоҷ, вале оё ҳазрати ишқ мегузорад, ки аз фармонаш берун кор кунӣ?

Артур ду бародари аз худаш калон дошт, ки соҳиби хонаву дари обод ва зиндагӣ буданд, Зарема бошад, як апа дошту халос. Артур истеъдоди ҳайкалтарошӣ дошт, аммо муҳандис шуд ва баъди хатми донишгоҳ худаш дасти Заремаро аз падару модараш пурсид.

Волидони духтар сиҳат набудани духтарашонро пеш оварда, хоҳиши ӯро рад карданд, вале оқибат якравию хирагӣ ё шояд ишқи Артур ғолиб омаду онҳо хонадор шуданд.

Бо амри тақдир Артур ба Тоҷикистон ба кор омад ва ин ҷо дар як корхонаи бонуфуз ба кор оғоз кард, ӯ ҳамроҳи ҳамсарашу писарчааш аввал дар хобгоҳ зиндагӣ кард.

Ба ӯ аз тарафи корхона хонаи панҷҳуҷрагӣ ҷудо карданду онҳо зиндагии шоистаро оғоз намуданд, Зарема баъди хонадоршавӣ хеле худро хуб ҳис мекард, Артур кӯшиш мекард барои ӯ тамоми шароитро фароҳам биёрад, аммо..

Баъди понздаҳ сол бемории ӯ боз хурӯҷ кард, ин дафъа ба шакли даҳшатангез. Зарема қасди худкушӣ кард, ба баданаш чанд корд низ зад. Артур ҳамсарашро гирифта, ба Русия рафт аммо табобатҳо бенатиҷа буданд.

Дар ин миён падару модари Зарема ва падари Артур аз олам гузаштанд. Апаи Зарема аз Артур хоҳиш кард, ки хоҳарашро ба беморхонаи бемориҳои равонӣ барад.

Бародарони Артур ҳар кадоме хонаи алоҳида доштанд, ҳавлии бошукӯҳи падариро дар як канори Маскав модараш ба Артуру писараш бахшид. Аҷмал, синфи нӯҳро хатм карда, ба омӯзишгоҳи ҳарбӣ дохил шуд, ҳангоми таътил бо бибии пираш мемонд.

Артур ба хабаргирии Зарема рафта, ӯро задаву сиёҳу кабуд дарёфт ва дилаш хун шуд. Мард дигар ба гапи ҳеҷ кас гӯш накарда, ӯро гирифта ба Тоҷикистон баргашт. Хонаашро фурӯхта, ҷойи дигар хонаи сеҳуҷрагӣ харид ва бо пули боқимонда ба тиҷорат оғоз кард, дӯкончае кушод ва аз сангҳои ҳархела ороишот, лавҳи гӯр месохт.

Вай пули хуб меёфт ва ҳамаашро сарфи доруҳои гаронарзиш барои Зарема мекард. Модари пираш норизо аз ӯ оламро тарк гуфт. Кампир ҳамеша барои писари ноосудааш ашк мерехт. Ҳар гоҳе Артур занг занад, аз ӯ хоҳиш мекард, ки ба назди онҳо баргардад, дар якҷоягӣ азоб намекашад. Дар ғарибию мусофират ҳолаш бад мешавад, аммо Артур дар ҷавоб мегуфт, ки “намехоҳам писарамро безобита кунам, бигузор вай ором хонда, зиндагияшро давом диҳад”.

Ҳамин тавр солҳо мегузаштанду марди ҳайкалсоз бо зани бемории равонӣ дошта зиндагӣ мекард. Ӯ то нисфи рӯз кор мекард ва баъд ба хона меомад, ҳангоми дар хона набуданаш Заремаро баста мемонд, то ягон фалокат сар назанад. Ҳамин тавр сӣ сол Артур Заремаро нигаҳбон будааст…

Зани бемор доштани амаки Артур ва фавтидани ӯро ман аз ҳамсояи рӯ ба рӯям Гулмираи тотор шунидам, зеро на худаш ва на ҳамсарам боре дар бораи зан доштанаш нагуфта буданд.

Рӯзи дигар вақте анбӯҳи ками одамон тобути ин зани аз зиндагӣ наосударо мебурданд, зани зебое ба мо нигариста гуфт:

-Бубахшед, агар хоҳари ман шуморо ҳарфи баде гуфта бошад.

Мо ҳама дар ҳайрат будем, зеро намедонистем дар дунё чӣ гап аст. Субҳи рӯзи дигар хӯрок пӯхтаму ҳамроҳи Нурия хонаи амаки Артур даромадем, хона чунон тозаву озодаву батартиб буд, ки намегуфтӣ сӣ сол ин ҷо зани бемор зиндагӣ кардааст ва достони зиндагии як марди аз оини ҷавонмардӣ бохабарро ман маҳз ҳамон рӯз аз забони апаи Зарема шунидам.

                                                                                       

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД