Arzon march 2024
Ишқи шоҳдухтар ва ҳофизи машҳур
1091

 

 

Ҳафтаи гузашта яке аз чеҳраҳои намоёни санъату фарҳанги тоҷик, поягузор ва устоди ҳақиқии эстрадаи муосири мо Далер Назаров ҷашни милод дошт. Ин марди сар то ба по ҳунар ба синни мубораки 63-солагӣ расид, ки умри пайғамбарӣ маҳсуб меёбад.

Тамоми таронаҳои Далер Назаров бори маънӣ мекашанд ва ин эҷодкори асил бо эҷоди суруду оҳангҳои мондагор номи худро дар китоби таърихи фарҳангу санъати тоҷик абадан ҳаккокӣ намудааст. Албатта мо ҳуқуқии маънавии баҳо додан ба санъати ӯро надорем, вале мехоҳем бори дигар дафтари зиндагии ин марди ҳунарро варақгардон намуда, ба мухлисони асилаш дар бораи ҳаёт ва розу ниёзҳои Далер Назаров каме маълумот диҳем.

Писари вазир

Далер Назаров 8-уми сентябри соли 1959 дар шаҳри Сталинобод (Душанбе) дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Падараш Меҳрубон Назаров як умр дар вазифаҳои баланди давлатӣ кор кардаааст. Замоне, ки Далер ба дунё омад, қиблагоҳаш Меҳрубон Назаров муовини вазири фарҳанги Тоҷикистони Шӯравӣ буд, баъдтар ӯро раиси Кумитаи давлатии киноматография таъин намуданд. Ҳамин тавр, Меҳрубон Назаров зина ба зина дар мансаб боло рафта, то ба мақоми вазири фарҳанги Тоҷикистон расид, вале Далер Назаров писари вазир ва модараш ровии радиои Бадахшон бошад ҳам, мисли вазирзодагони муосир худпарасту мағрур ва эркаю ҳавобаланд набуд.

Шуғли аҷиби бачаи кенҷагӣ

Волидони Далер-Меҳрубон Назаров ва Нодирамо Қадамшоева соҳиби 4 фарзанд буданд. Писари калонии ин хонавода Назар роҳи илмро пеш гирифта, солиёни зиёде ба сифати дотсент дар Донишкадаи санъати Тоҷикистон кор кардааст. Апааш Меҳринигор устоди фанни таърих аст, апаи дигараш Азиза зиндагӣ ва кор дар Вашингтонро авло донистааст. Хислату хӯйи Далер Назаров ҳанӯз аз даврони кӯдакӣ аз бародару хоҳаронаш фарқ мекард ва ҳамин буд, ки роҳи санъатро пеш гирифт.
Бачаи мактабгурез, вале гули сари сабад

Далер мактабро чандон дӯст намедошт ва бачаи аълонхон ҳам набуд, вале ким-чӣ хел як кашиши аҷибе дошту одамонро мисли магнит ба худ ҷалб мекард. Сароғоз ӯ ба суруду мусиқӣ ҳам чандон майлу рағбат надошт ва баъди як соли таҳсил дар мактаби мусиқӣ сурудхониро як кори беҳуда ва бемаънӣ ҳисобида, аз баҳри санъат гузаштанӣ шуд, вале тасодуфан албоми гурӯҳи “БИТЛЗ” ба дасташ афтида, ошиқи ин гурӯҳ гашт. Далер дар симои аъзоёни ин дастаи мусиқӣ ҳамфикрони худро дарёфта, ҷиддан аз паси суруду мусиқӣ шуд.

Ситораи 12-сола

Муваффақияти аввалини худро дар олами мусиқӣ Далер Назаров ҳанӯз дар синни 12-солагӣ бо шарофати синамо ба даст овардааст. Коргардони маъруфи тоҷик Давлат Худойназаров дар филми машҳураш “Субҳи нахустини ҷавонӣ” оҳанги “Эй парӣ”-и Далер Назаровро истифода бурд ва ин филм шӯҳрати бузурге ба даст оварда, оҳангу таронааш низ вирди забони хурду калон гашт.

Ин комёбӣ дили Далери 12-соларо ба санъат гарм намуд ва чанд ҷавони дигари ошиқи суруду мусиқиро дар атрофаш ҷамъ кард. Бачаҳо пул партофта, асбобҳои мусиқӣ хариданд ва ҳамин тавр, дастаи ҳунарии Далер Назаров ташкил ёфт. Ядидя Илёев ва Иқболшо Завқибеков дар ин гурӯҳ флейтаю саксофон менавохтанд, Анваршо Ғуломҳайдаров ва Фирӯз Халилов таблакнавозу бас-гитарист ва Далеру Муборакшо сароянда буданд. Дертар ба ин даста Рустам Раҳимов ҳамроҳ шуд.

Ғурури бачаи шаҳрӣ

Падараш вазир ва модараш наттоқи радио бошад ҳам, Далер Назаров ба ҷодаи ҳунар мустақилона роҳ ёфтааст. Ӯ боре ҳам аз волидон ва хешу табори бообрӯяш барои корҳои ҳунариаш кӯмак нахостааст, зеро ба ҳунару маҳорати худ боварии комил дошт ва бидуни дастгирию тағобозӣ на танҳо дар ватани худ, балки берун аз ҷумҳурӣ низ рӯз то рӯз машҳуртар мегашт.

Далер Назаров на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар ҷумҳуриҳои СССР низ мухлисони бешуморе дошту аз серкорӣ вақти сархорӣ намеёфт, вале ба ҳама душвориҳои ҷодаи санъат нигоҳ накарда, ҳамзамон дар факултаи филологияи Донишкадаи омӯзгории пойтахт таҳсил менамуд ва дипломи омӯзгори фанни забон ва адабиёти русро ба даст овард. Сурудҳояш баландпарвоз буданд ва худи Далер низ мисли шоҳин баланд парвоз мекард, аммо...

Ишқи шоҳдухтар ва ҳофизи машҳур

Далер Назаров чунон машҳур буд, ки тамоми зеборухони шаҳр тайёр буданд дили худро зери қадамҳои ин ҷавони болобаланду булбуловоз пойандоз кунанд, вале гӯйи бахт насиби “шоҳдухтар”-и даврон гашта, Далер домоди аввалин президенти Тоҷикистон Раҳмон Набиев гашт.Раҳмон Набиев он солҳо шахси аввали ҷумҳурӣ-котиби якуми партияи коммунистии Тоҷикистон буд ва албатта ба ҳар як тори мӯйи духтараш як ҷавон овезон буда, харидорони зиёде дошт, вале аз байни тамоми талабгорон маҳз Далер Назаровро интихоб намуд.

Ниҳоли умри ин ду ҷавон, ки ҳар ду аз оилаҳои номдор, обрӯманд ва худ низ бомаърифату фарҳангӣ буданд, ба зудӣ бор оварда, Далер Назаров ва Мунаввара Набиева соҳиби як шоҳписари зебо бо номи Даврон гаштанд, вале...

Шикасти оила ва шикасти дили Далер

Раҳмон Набиев домоди ҳофизашро мисли фарзанди худаш, ҳамчун писараш дӯст медошт ва аз издивоҷи духтараш бо Далер Назаров бениҳоят шод буд. Падарарӯсаш аз Далер розӣ буда, ҳамеша дуогӯйи хушбахтии зану шавҳари ҷавон буд ва мехост соҳиби боз чанд набераи дигар гардад, вале орзуҳои ширинаш ҷомаи амал напӯшиданд.
Мунаввара ва Далер дар як мактаб таҳсил намуда, аз курсии мактабӣ ҳамдигарро хуб мешинохтанд, ҳурмату эҳтиром мекарданд ва гӯё дӯст ҳам медоштанду волидонашон дилпур буданд, ки оилаи онҳо усувору мустаҳкам аст, аммо ғайричашмдошт ҳамагӣ баъди 3 соли тӯй Мунаввара аз шавҳараш талоқ гирифт.

Одатан вақте оила вайрон мешавад, зан азоби рӯҳӣ кашида, рӯҳафтода мешавад, мард бошад, думболи ҳавасҳои нав меравад, вале талоқ барои ин марди ҳунар хеле гарон афтид. Шикасти зиндагиаш дили нозуки Далер Назаровро чунон шикаст, ки ҳатто муддате тарки саҳна намуд...
Бо ман гиря кун, гиторам!

Далер ғамҳои дилашро танҳо тариқи суруд мегуфту аламҳояшро болои оҳангҳои пурдардаш мерехт ва ҳамин тавр нимаи дуюми солҳои 1980 ин марди ҳунарманд аз нав ба саҳна баргашта, дубора саҳнаро ба қавле “тарконд”. Таронаҳои нави Далер Назаров «Чак-чаки борон» ва «Турки Шерозӣ» вирди забони хурду калон гашта буданд, махсусан таронаи дуюм, ки бо услуби рок-мусиқӣ суруда шуда буд, ҳамагонро қоил кард ва ин ду шоҳкорӣ дар санъати эстрадии тоҷик гаштанд.

Далер Назаровро соли 1988 синамогарон боз ба ҳамкории эҷодӣ даъват намуданд ва ин сарояндаи машҳур дар филми “Кумир” нақши ҳофиз-Хуршедро олиҷаноб бозида, шӯҳраташ даҳчанд зиёдтар гашт. Соли 1989 Далер Назаров дар фестивали баландпояи «Юрмала» сазовори ҷойи аввал ва Гран-при гашт, соли 1990 бошад, дар озмунҳои мусиқии “Иссиқ-кӯл” ва “Бухоро” ғолибият ба даст овард.

Соли 1991 ин сарояндаи овозадори тоҷик дар фестивали байналмиллалии “Садои Осиё” ғолиб дониста шуд, вале...

Сар шудани ҷанги хонумонсӯзи бародаркушӣ дар соли 1992 боис гашт, ки мисли садҳо инсонҳои дигари фарҳангӣ, ки тобу тоқати дидани ҷангу хунрезӣ ва қатлу куштору ғоратгариро надоранд, устоди эстрадаи тоҷик Далер Назаров низ тарки Ватан намуда, дар шаҳри Алма-Атои Қазоқистон зиндагӣ ихтиёр кунад...

Бахти дуюм

Далер Назаров оҳиста-оҳиста ба худ омада, дубора оила барпо намуд. Аз никоҳи дуюмаш ин ҳунарманди машҳур се фарзанд дошта, духтараш Рамо ва писаронаш Аброру Меҳрубон ном доранд. Писарони Далер Назаров бо роҳи падар рафта, сарояндагиро пеша намудаанд. Писари калониаш дар шаҳри Маскаву хурдӣ дар шаҳри Алма-Ато кору эҷод мекунанд.

Ситораи бе унвон

Далер Назаров писари вазир, домоди аввалин президенти Тоҷикистон устоду поягузори эстрадаи навини тоҷик бошад ҳам, унвон надорад, вале унвони ин ҳунарманди нотакрор эътирофи садҳо ҳазор мулисони ҳунараш мебошад, ки кайҳо дар дили худ ба ӯ унвони Артисти халқиро додаанд.

Мо устоди санъати эстрадии тоҷик Далер Назаровро бо умри пайғамбарӣ муборакбод гуфта, таманно мекунем, ки боз 63-солаҳои зиёд умр бинанд ва ҳамеша гули сари сабади маҳфилҳову азизи дили мардуми тоҷик бошанд!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД