Замоне ошиқи марде шудам, ки бе ӯ зиндагиро тасаввур карда наметавонистам.
Дӯстдоштаам роҳбари як корхонаи бонуфуз ва шахси шинохта аст. Вақте ба ӯ изҳори муҳаббат намудам, бароям фарқ надошт, ки маро дӯст медорад ё не.
Бо мурури вақт хатои худро дарк намудам. Зудтар аз ин ишқи беҳосил халос шудан мехостам, вале ошиқам сайди ба осонӣ ба домаш афтидаро ҳеҷ раҳо кардан намехост.
Кор ба ҷое расид, ки маро таҳдид мекардагӣ шуд. Бо азобе ҷонамро халос кардаму ишқашро батамом аз қалбам берун сохтам.
Ба худ қавл додам, ки дигар ҳеҷ гоҳ ба марде ошиқ намешавам, баъзе мардон садқаи дӯстдорӣ шаванд!
Хонандаи Oila.tj