Хоб дар Каъба
Тайёра дар хоки Арабистон нишаст. Гулнур ҳамроҳи писараш аз он поин шуд. Бегоҳ буд. Як ба шаҳри чароғон назар афканду дилаш моломоли хушнудии ҳузнолуда гашт. Охир ӯ ин рӯзҳоро чӣ қадар интизор буд. Ҳамеша дар замираш армони зиёрати қадамҷои пайғамбарон ва Хонаи Худоро мекард. Чун онҳо ба меҳмонхона рафтанд ӯ зуд таҳорат карду рӯйи ҷонамоз нишаст. Намедонад чанд ракат намоз хонд, болои ҷонамоз қариб хобаш мебурд. Дигар ҳавсалаи ба рахти хоб даромаданро накарду ҷойнамозашро чорқат карда зери сараш гузошт ва нимаи шаб аз дидани хоби даҳштборе бедор шуд…
Дар хобаш як марди сиёҳпӯш ӯро зарбу сиёсат мекард: “Ин ҷо ҷойи ту нест, чаро омадӣ?! Гумон дорӣ Хонаи Худоро зиёрат карда бегуноҳ меравӣ?!”. Гулнур аз тарс дир-дир меларзид ва ба он марди зиштрӯй чизе гуфта наметавонист. Хайрият бедор шуд, вагарна сактаи қалб шуда мемурд. Гулнур дар обу арақ тар, аз тук-туки дилаш бедор шуду гирист, бо алам гирист, зиндагии гузаштааш чун навори кино пеши назараш мегузашту талх мегирист…
Оташи ҷанг
Гулнур дар оилаи марди сарватманде ба дунё омадаву ба воя расида буд. Падараш як умр дар корҳои роҳбарӣ кор мекард. Давлаташон аз ҳисоби мансаби падараш не, балки аз ҳисоби боғпарвариву чорводорӣ буд. Дар хонаашон чор панҷ нафар кор мекарданд ва падараш ба онҳо маоши хуб медод. Хонаводаи онҳо ба дуконҳои ноҳия ва ноҳияҳои атроф ширу чакка, тухму гушт мебароварданд ва зиндагии шоистае доштанд. Дар оилаашон ду духтару ду писар буданд, ки падарашон онҳоро ҳеҷ гоҳ эрка намекард. Хоса додаронаш шабу рӯз меҷунбиданд ӯ ва хоҳараш низ дар корҳои хона ба модараш ёрӣ мерасонанданд. Дар миёни хешу табори онҳо хондани духтар анъана набуд, аз ин рӯ Гулнурро баъди хатми мактаб зуд ба шавҳар доданд.
Хонаводаи шавҳараш низ хеле бонуфуз буд ва бо падараш дӯстӣ доштанд. Шавҳараш Искандар Гулнури нозанинро аз ҷонаш зиёдтар дӯст медошту хусуру хушдоманш низ. Гулнур пайи ҳам соҳиби ду писари нозанин шуд. Хоҳараш низ шавҳар кард. Зиндагиашон хеле ширин ҷараён дошт, аммо ҷанги шаҳрвандӣ сар заду айши ҳамаро талх кард. Хонаводаи шавҳараш гуреза шуда рафтанд, аммо падари Гулнур ман чӣ гуноҳ дорам, ки мегурезам гӯён аз хонааш наҷунбид. Гулнур ба хонаашон омад, Искандар ман бо зану фарзандонам мемонам гӯён бо хешу табораш нарафт, кош мерафт…
Беҳуда нагуфтаанд, ки чун оташ ба ҷангал афтод тару хушкро якҷоя месӯзонад…
Ду доғи рӯйи ҳам
Падари Гулнур ҳамеша байни ҷангиҳо гашта онҳоро ба сулҳу салоҳ мехонд. Чун додаракони Гулнур хурд буданд, Искандар хусурашро як лаҳза танҳо намемонд. Як рӯз домоду хусур аз хона баромада рафтанду дигар барнагаштанд ва баъди як ҳафта ҷасади ҳардуро аз наҳри канори ноҳия ёфта оварда ба хок супориданд…
Авҳоли Гулнурро худаш медонаду Худо. Ҷавонзан ба дипрессияи шадиде гирифтор гашт. Модараш дид, ки духтараш ба девонагӣ расидаасту ӯро ҳам аз даст доданаш мумкин аст, ба табобати ӯ пардохт. Доруи духтуру дуохониву чӣ корҳое, ки накард модари зор ва Гулнур оҳиста-оҳиста ба худ омад. Ӯ дид, ки бояд риштаи тақдири худашу ду тифлаки ноболиғ ва додарканоашро бояд ба дасти худ гирад. Вазъ ҳам тинҷ шуда буд. Ҷавонзан мехост даст ба тиҷорат занад, вале модараш нагузошт. Ӯ ба духтараш гуфт, ки ту бояд маълумоти олӣ бигирӣ боқӣ дар ихтиёри ман. Ҳамин хел Гулнур ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи ғоибони донишгоҳ супорида дар ҳукумати ноҳия ба кор даромад. Додарҳояш низ донишҷӯ шуданд, модари бечорааш бори тиҷорати оилавиро ба души худ мекашид, боз фарзандони духтарашро тарбия мекард.
(Давом дорад)
Нисо ХОЛИД