Хонавайронӣ
Он рӯз хонаи профессор Самадовро, ки ҳамеша намуна ва рашки ҳазорон нафар буд, яку якбора абри тира фаро гирифт. Малика ҳамсари муаллим, ки ҳар шом шавҳарашро бо нозу неъмат пешвоз мегирифт, он рӯз шавҳарро пешвоз нагирифт. Чун Самадов вориди утоқи хоб шуд, ҳамсарашро рӯйи диван гирён дарёфт.
-Малика, ба ту чӣ шуд?
-Инро аз Судоба ном маъшуқаат пурс, – бо овози баланд гуфт, Малика.
Самадов дарк кард, ки ҳамсараш аз ишқи ӯву Судоба бохабар шудааст. Дар ҷояш шах шуд.
-Ӯ қиссаи ишқу муҳаббататонро тариқи Вотсапп ба ман навишт, ба наздикӣ никоҳ доштанатонро ҳам. Рав, чаро ба хона омадӣ, - мӯю рӯ меканд, Малика.
-Худатро ба даст гир, ин ҳарфҳо асос надоранд. Тӯҳмат ҳастанд,-гуфта муаллим ӯро ором карданӣ шуд.
Вале Малика ором намешуд. Мегиристу рӯву рӯ меканд.
Ин ҳолат дар хонаи муллим чанд рӯз идома кард. Зиндагии ӯ ба якборагӣ тираву тор шуд.
Аз як тараф обу адо шудани ҳамсараш Малика аз ҷониби дигар телефонҳову таҳдидҳои пайдарҳами Судоба ӯро хеле беҳол карда буданд. Ӯ дар миёни обу оташ монда буду коре карда наметавонист.
“Ту чӣ кор кардӣ?”- мегуфт ба худ ва мушт ба сар мекӯфт.
Интихоби душвор
Чанд рӯз аст, ки муаллим Самадов гирифтори ғаму андӯҳ аст. Пояш намекашад, ки ҷониби хона равад, зеро хонааш ғамхона аст. Ҷониби коргоҳ пояш намекашад, зеро дар он ҷо мавриди масхараву ханда аст. Судоба ишқашро бо ӯ дар донишгоҳ овоза кардаву ҳама дар бораи онҳо ҳарф мезаданд, бинобар ин, профессор Самадов дар он чо ҳам оромӣ надорад. Ӯ бояд ба як қарор меомад: Малика ё Судоба...
Телефонашро равшан мекарду паёмакҳои Судобаро мехонд. Худашро бо ҳузури ӯ ҷавон эҳсос мекард, илова бар ин, дар байни ҳар танаффус Судоба ба ҳуҷраи вай даромада, як бӯса ситонида мерафт.
Малика бошад, аз ӯ дилхунук шуда буд. Аз рӯзе, ки гапи муносибати ӯву Судоба ошкор шуд, Малика ҷойгаҳи хобашро ӯ ҷудо кард. Рӯйи ӯро дидан намехост.
Муаллим ғарқи андешаҳо буд, ки Судоба омад. Чун ҳамеша як бӯса ситониду ҷиддӣ рӯ ба рӯйи муаллим нишаст:
-Рӯзи панҷшанбе бегоҳи ҷумъа никоҳ мекунем. Ман як муллои шинос ёфтам.
Самадов гапи ӯро бурида гуфт:
-Ягон хел никоҳ намешавад. Байни ману ту чизе буда наметавонад. Ман марди оиладор ва соҳиби фарзандони баркамол ҳастам.
-Вале ишқи мо чӣ мешавад?
-Ин як дилхӯшӣ буд,-бепарво ҷавоб дод, муаллим.
-Ту латтаи фиребгар, - гуфта Судоба ҳуҷраро тарк кард.
Оғӯши хона
Муаллим аз дари хона даромадан замон бӯйи палов ба димоғаш зад. Рост ба ошхона рафт, ки ҳамсараш ош мепазад.
-Малика, ту ош мекунӣ? Пазмони ошат шудем.
-Ин ош барои фарзандонам, - гуфт ҳамсараш.
-Ман иштибоҳ кардам, Малика. Ба рӯйи туву фарзандонам пой гузоштам. Нодуруст кардам, маро бубахш...
Малика чизе нагуфт. Ошашро дам партофту дасташро шуст ва ба шавҳараш нигоҳ карда гуфт:
-Дастатонро шӯед, ош хунук мешавад.
Муаллим дарк кард, ки ҳамсараш ӯро бахшидааст ва ҷониби ҳаммом давид. Оби сард ба сару гарданаш мерехт. Хотироти гузаштаро ҳам гӯё тоза мекард.