arzon replenishment
Ишқи пирӣ Қисми 2
11.08.2022
ОИЛА
2199

Аз як тараф гиря ва аз тарафи дигар гармии ҳуҷра Судобаро беҳол карданд.

Инро дарк карда, муаллим гуфт:

-Палтоятонро бароред. Як баҳо будааст, ҳал мекунем. Худатонро ба даст гиред. Беҳтараш як пиёла чойи хунуки кабуд нӯшед, – гуфта, аз чойник ба шогирдаш чойи хунук дароз кард.

Судоба палтояшро баровард. Гардани сап-сафеди зебо, пайкари наҳифу пештанаи барҷастаи ӯ аз зери жемпери танг намудор шуданд. Самадов худро аз даст дод. Дар дилаш як эҳсоси ба худаш бегона пайдо шуд. Дилаш таҳ кашида, меларзид. Дар тахтапушташ мурғак давидаву мӯйи баданаш хест, дар ронҳояш ларзише пайдо шуданду ба ҷояш нишаст. Ӯ худашро гум карда буд.

 

Сарнавишти талхи Судоба

Судоба дар курсӣ баҳазур нишастани устод ва бодиққат ба ӯ нигоҳ карданашро дилсӯзӣ гумон карда, қиссаи талхи рӯзгорашро гуфт:

-Падарам маро ба писари як рафиқаш маҷбурӣ ба шавҳар дод. Шавҳарам ронандаи таксӣ буд. Аз аввал муносибаташ бо ман сард. Баъдан маълум шуд, ки маро дӯст намедоштаасту маҷбурӣ оиладор шудааст. Бо вуҷуди ин ман сабр кардам. Шабҳо бо баҳонаи кор ва хона намеомад. Дар як ҳафта ё даҳ рӯз як маротиба дар хона хоб мекард. Ман дар он хона хизматгор будам...

Ҳақу ҳамсоя хешу табор “фарзанддор шудед?” гуфта, маро саволборон мекарданд. Чун шабона “Масрур, маро ҳама мепурсанд, ки фарзанддор шудед ё не?”-гуфта, гапро сар кунам асабӣ мешуд. “Ба ту бева мардак мефорад, рӯйрост гап зан” гуфта, маро зери мушту лагад мегирифт...

Ҳамин тавр, зиндагии мо гӯё идома дошт.

Чун муддате гузашт, шавҳарам хислатҳои бад пайдо кард. Маро ба ҳар баҳона зери мушту лагад мегирифт. Зиёд азоб кашидам. Бо сар шудани дарсҳо аҳволам бадтар шуд. Як-ду рӯз дарс омадам. Баҳона карда, дар вақти дарс занг мезад, телефонро ҷавоб надиҳам, рӯзам сиёҳ...

Ҳамин тавр, тоқатам тоқ шуд. 9 моҳи зиндагии якҷояро пушти сар гузоштаму ба хонаи падар рафтам. Худам тасмими ҷудо шуданро гирифтам.

Судоба ба мулллим дарди дил мекарду мегирист.

Муаллим Самадов чунин ранг гирифтани корро интизор набуд. Аз як таараф гиряҳои ин духтар дилашро об мекард. Аз тарафи дигар, аз тамошои ӯ сер намешуд.

 

Изҳори ишқ

Муаллим билохира ба худ омад. Ва аз чойник як пиёлаи дигар чойи сард рехта, ба шогирд гуфт:

-Ором шавед. Наход шумо барин бонуи зебо гирифтори бемеҳрӣ шавед. Шумо арзандаи беҳтарин ҳадяҳо. Ҳар як тори мӯйи шумо баҳои ҳазор мардро медиҳад.

Судоба ин ҳарфҳоро шунида, хориаш меомад.

-Гиря накунед. Ин салфеткаро гирифта, ашкатонро пок кунед, - гуфта, Самадов ба шогирдаш салфетка дароз кард. Вале Судоба таваҷҷуҳе накард.

Дар дилаш чӣ фикре пайдо шуду худаш оби чашми ӯро пок карданӣ шуда, салфеткаро ба чашму рӯйи Судоба молид. Духтар ҳам чизе нагуфт. Ангуштони сарди Самадов ба рӯйи гарми Судоба мерасиду ҳар ду дар дил эҳсоси гуворо доштанд. Бинобар ин, ҳарфе намегуфтанд.

-Шумо ниҳоят бонуи зебо. Дар умрам кам касеро чун шумо зебо дидаам. Бовар кунед. Мардон бояд фидои шумо шаванд, қурбони шумо...

Судоба ҳам чизе намегуфт.

-Судоба ман дар умрам шумо барин бонуи зеборо надида будам. Аз бозе нади ман даромадед, дилам беқарор аст. Дар умрам чунин эҳсос надоштам. Шуморо дӯст доштам... – гуфт Самадов.

Вале Судоба ҳамоно сокит буд. Сокит мегирист.

Шояд ба он хотир, ки ҳеҷ гоҳ чунин ҳарфи муҳаббат нашунида буд. Шояд ба он хотир ки солҳо меҳрубонӣ надида буд... Бинобар ин сокит буд ва хушгӯйиҳои ин марди аз худаш калонро гӯш мекард. Меҳрубонӣ барояш хушоянд буд. Ба дардаш малҳам буд.

Он рӯз дар ин ҳуҷра Самадов ба шогирдаш изҳори муҳаббат карда, дарк намекард, ки ин ишқ дарди сараш мешавад. Фикр намекард, ки чӣ душвориҳои ӯро интизор аст.

Идома дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД