arzon replenishment
Ишқи пирӣ Қисми 1
10.08.2022
ОИЛА
2265

 

“Ишқи пирӣ гар расад, охир ба расвоӣ кашад”- мегӯяд, халқ. Воқеан, ишқи пириро сару савдо зиёд будааст. Ташвишаш ҳам. Профессор Самадов инро ин шабу рӯзҳо бештар дарк мекунад. Махсусан, дар ҳамин ҳафтаи барояш сарнавиштсоз.

“О ман пир не ку. 55 барои мард чӣ умр аст?”-мегӯяд ба худ ва ба оинаи барқади ҳуҷраи кориаш аз сар то пояшро тамошо мекунад. Қаду қомати баланд, шиму костюми зебанда ва мӯйи шоназадаашро дида, дар чашмонаш хушнудӣ ҳувайдо мешавад, ки таровати ҷавониро нигоҳ доштааст, вале чизе ба ёдаш мерасаду зуд маъюс мегардад...

 Профессор Самадов

Самадов профессори машҳури яке аз донишгоҳҳои бонуфузи кишвар аст. Дар 23- солагӣ номзад ва дар 32- солагӣ доктори илми таърих шуда, карераи хуби корӣ сохт. Мудири кафедра, декани факултет, ҷонишини ректор, сардори раёсати донишгоҳ ва дигар вазифаҳоро гузашт. Вале барои худаш беҳтарин пешаро омӯзгорӣ медонад. Дар аудиторияи калон дарс гуфтан барояш хушоянд аст. Ба ӯ нерӯ мебахшад. Бинобар ин, бештари вақташро ба дарс гуфтан сипарӣ мекунад.

Самадов одами ҷиддӣ, босалобат ва принсипнок аст. Бинобар ин, ҳамкорону ҳамкасбон ва донишҷӯён ӯро ҳурмат мекунанд. Дар ҳузураш гапи пасту баланд намегӯянд, зеро бисёр бо назокат карда, ҳарфи хаторо ба даҳони гӯяндааш мезанад.

Ӯ шахси машҳур ҳам ҳаст. Дар телевизион пайваста дар бораи таърих ва шахсони таърихӣ суҳбатҳо мекунад. Хонандаи “Оила” ту ҳам ӯро хуб мешиносӣ, ҳамеша дар экран мебинӣ (аз ҳамин сабаб насаби ӯро тағйир додем) ва шояд бовар накунӣ, ки ин марди босалобат ва босавод ба гирдобе ғӯта мезанад...

Ишқе, ки дарди сар шуд

Аслан Самадов эҳтиёткор аст. Махсусан, дар муносибат ба занҳо. Вай дар назди занҳо ҳарфҳои пасту баланд гуфтан ё ба онҳо дурушту беадабона ҳарф заданро ба шаъни худ мувофиқ намедонад. Бо донишҷӯдухтарон хеле боэҳтиёт ҳарф мезананд. Ба чашми бад нигоҳ намекунад. Фосилаи байни устоду шогирдро риоя мекунад. Тайи фаъолияти 30- солаи омӯзгорӣ боре ҳам ба ягон донишҷӯдухтар бо чашми бад нигоҳ накардааст ва рафтори нодуруст ҳам накардааст.

Вале дар ин марҳилаи умр чӣ иттифоқе афтоду ба гирдоб зад.

Ишқи ӯ ба шогирдаш Судоба аз аввал пуршӯру ширин ва дар охир дарди сараш шуд.

Айни замон, дар назди ӯ интихоб истодааст: ё оила ё Судоба...

 

Асири зулфи шогирд

Он рӯзи зимистонӣ ба ёди Самадов хуб нақш бастааст. Дар ҳуҷраи корӣ машғули пур кардани ҳуҷҷатҳо буд, ки дар тақ-тақ шуд. Духтараке “устод мумкин” гуфта иҷозаи ворид шудан пурсид. Самадов “дароед шинед” гуфта, пешниҳоди нишастан кард. Чун корҳояшро анҷом дода, сарашро бардошт ҳуш аз сараш парид. Духтар не, парӣ дар рӯ ба рӯяш менишаст. Ҳаво сард ҳам бошад, сару гардани ӯ арақ карда мӯйҳояш дар пушти гӯшу гарданаш часпида буданд. Тез-тез нафас мегирифт. Маълум ки давидааст.

-Гӯш мекунам... – гуфт ӯ.

-Муаллим, мебахшед ман аз имтиҳони шумо дер кардам.

Ӯ ҳайрон шуд, зеро қаблан ин духтари зеборо ёд надошт.

-Ман шуморо надидаам, пеш аз ин...

Духтар каме озурда шуда, сарашро хам кард. Чашмони мешиаш ғарқи об шуданд. Қатраҳои ашк аз нӯги мижаҳояш кашол шуд. Гуфт:

-Бубахшед, ман ҳамагӣ як бор дар дарси шумо ширкат кардам... – ва каме худашро ба даст гирифта идома дод – лекин таърихро хуб медонам. Ҳар саволе, ки доред, диҳед.

-Чаро ба дарсҳо намеомадед?

-Рӯзгори ман душвор буд. Шавҳарам бо ман ҳамеша ҷангиву қаҳрӣ. Монеи хонданам буд. Билохира ҷудо шудем, ҳамин саҳар суд моро ҷудо кард. Аз ҳамин сабаб ба имтиҳон расида натавонистам.

-Шумо хонавайрон шудед? Афсӯс... – гуфт, Самадов.

Духтар инони гиряро сар дод.

-Ором шавед, ором шавед, - гуфта, муаллим ӯро ором карданӣ буд. Вале...

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД