Arzon march 2024
Ишқи нокоми Райҳона
21.05.2023
ОИЛА
1755

 

Боз хостгорони навбатӣ аз дари хонаи мо ноумед рафтанд, боз нигоҳи таънаомези зани додарам ба дилам чун нештар халид, боз модарам ашк рехт, боз додарам як ҳафта ҳамроҳам ногап мешавад, аммо касе дарди дили зори маро намепурсад. Ман наметавонам ёди азизеро, ки гум кардаам, аз дил бадар кунам, шояд беморам, шояд ақламро гум кардаам, аммо наметавонам…

Бо Насим дар як синф мехондем, муаллимаамон, ки ба мо чун модар меҳрубон ва хеле оқилаю босавод буданд, аз рўзи аввали ба остонаи мактаб по ниҳодан моро паҳлуи ҳам шинонд.

- Насим дар бари Райҳон мешинад, зеро бўи хуши зулфакони райҳонро танҳо насим ба атроф паҳн мекунад,- бо ханда гуфт муаллима.

Он вақт хеле хурд будаму аз ин гуфтаҳо чизеро намефаҳмидам. Аммо ин суханони шоиронаи муаллима ҳамоно дар саҳифоти хотирам сабт шудаанд, танҳо бо гузашти солҳо фаҳмидам, ки муаллима суханбозӣ карданду халос. Ману Насим зуд ба ҳам унс гирифтем, ман аз оилаи камбағал ва ў аз оилаи доро буд, ҳар рўз дар сумкааш бароям қандҳои коғазҳояшон зарҳалини бамазза меоварду маро зиёфат медод, ин меҳри Насим ҳаваси муаллима ва рашки кўдаконаи дугонаҳоямро меовард.

Чун анъана дар 23-юми феврал ман барояш тўҳфа мекардам, тўҳфаҳоям оддию арзонбаҳо буданд, модари Насим бошад, барои ман албатта матои қимматбаҳо ва сарсўзанҳои зебое меовард. Дар синфамон бойдухтаре мехонд, дар як ид ў хост тўҳфаашро ба Насим диҳад, вале ў рад карда, бо шодӣ тўҳфаи маро гирифт. Ҳамин вақт Саодати катача гуфт:

- Намурдӣ ту барои ҳамон атри бадбўи Райҳонаки ҷандапўш, падарам соати саддолара харида буданд.

Ман гиря кардам ва Насим адаби Саодатро дод. Пас аз ин моҷаро модари бечораам охирин пулҳои доштаашро ҷамъ карда, барои Насим тўҳфаи қимматбаҳо мехарид ва ман бо сари баланд онро ба вай месупоридам. Оҳиста- оҳиста мо қад мекашидему дўстии кўдаконаамон ба муҳаббат табдил меёфт, пас аз хатми синфи нуҳ падараш хост Насимро аз мактаби оддӣ ба литсей барад, вале ў ба хотири ман нарафт.

Дар мактаб ҳама моро бо шӯхӣ Лайлӣ ва Маҷнун мегуфтанд, то синфи 11 пушти як парта нишаста, бо ҳам хеле меҳрубон будем. Пас аз дарс ў маро албатта то хонаамон гусел мекард, вале ҳеҷ гоҳ рафтор ё кӯшиши беҷое намекард. Духтарони ҳамсинфам ба қавли худашон “кавалер” доштанду ҳамеша аз меҳрубониҳои онҳо қисса мекарданд, боре Саодати мағрур, ки ошиқаш Шаҳбоз ном бойбачаи дигар буд, бо ҳавас бар бораи бӯсобӯсиҳояшон нақл кард. Ман гиребони ҳайрат гирифтам ва ў бо тамасхур гуфт:

- Насим туро дўст намедорад, агар дўст дорад, дар ҳамин қадар сол як бор бўсаат намекунад? Ту камбағалӣ ва дилаш ба ҳолат месўзад…. Ҳамон рўз бо Насим гап назадам, ў то пушти дарамон аз қафоям рафта сабаб мепурсид, ман бошам хомўш оби дида мерехтам. Хомўшии ман Насимро асабӣ карду пеши поям ба зону нишаста илтиҷо кард:

- Райҳонҷон, ман чӣ гуноҳ кардам?, - ба чашмони зебояш нигариста таънаи Саодатро гуфтам.

Ӯ аз ҷояш ба як чолокӣ хеста, бори аввал аз лабонам бўсид ва гуфт,- фардо ба Саодат гўй, ки Насим пеши ман ба зону зад… Азизам, ман туро ба занӣ мегирам, ҷавони нияти нек дошта ҳеҷ гоҳ ҳамсари ояндаашро сари кўчаю тангкўча ба оғўш гирифта, бадном намекунад.

Солҳои мактабӣ ба охир расиданду ману Насим дигар имкони ҳар рўз дидани якдигарро надоштем, ман бо дониши худам ба Донишгоҳи омўзгорӣ дохил шудам, ўро волидонаш зӯран ба яке аз донишгоҳҳои Маскав дохил намуданд. Ў пеш аз сафараш ба Маскав ба хонаамон омад, ростӣ аз ин амалаш назди падару модар ва додарам шарм доштам.

Падарам солҳои зиёд фалаҷ буду дар бистари беморӣ мехобид, модари фаррошам бо музди ночизи ёфтааш зиндагии моро пеш мебурд, аз хонаи бетаъмиру дастархони камбағалонаамон пеши Насим шарм доштам. Ў бозавқ ҳамроҳи додарам шавла мехўрду бо падарам сўҳбат мекард. Падарам аз шӯхиҳои ў завқ карда механдид. Пас аз чанд лаҳзаи сўҳбат Насим чун тарошаи аз бом афтидагӣ аз волидонам дасти маро хост:

- Амакҷон, холаҷон ман Райҳонро дўст медорам ва аз шумо хоҳиш мекунам, ки ўро ба шавҳар надиҳед, ҳамин ки донишгоҳро хатм карда баргаштам, бо ў хонадор мешавам…

Падари беморам хомўш буд, вале модарам бо ранги парида гуфт:

- Насимҷон, писарам ту аз оилаи сарватманду баобрў, авҳоли мо бошад, ба худат маълум, баъд волидонат ҳеҷ гоҳ розӣ намешаванд, ки ту камбағалдухтарро ба занӣ гирӣ, барои ҳамин ҳам аз ин умеди ботилат даст кашида, бо хотири ҷамъ ба хондан рав…

Ҳамин вақт падарам гапи модарамро бурида, канда-канда ба сухан гуфтан оғоз намуд:

- Писарам Райҳон ҳам хонданӣ, ту ба ман маъқул шудӣ, хонда буд кунед, баъд сари ин масъала меоем.

Вақти рафтани Насим ман аз шарм берун набаромадам, вале субҳи дигар телефонӣ ба ў сафари бехатар хостам. Мо ҳар ду донишҷў шудем, ҳар шаб дар тамос бошем ҳам, дурӣ аз Насим қалбамро пора мекард. Ба хотири каме ҳам бошад фаромўш кардани дарди ҳиҷрон ба кор даромадам, то нисфирўз мехондам, баъди дарс бошад, дар мактаби хатмкардаи худам дарс медодам. Ним сол сипарӣ шуду Насим ба таътили зимистона омад, рўзи омаданашро ба волидонаш нагуфт, зеро мехост дар фурудгоҳ ман пешвозаш гирам.

Дилам аз қафаси сина баромадан мехост ва мо то дер якдигарро аз оғўши ҳам раҳо накардем, ба қаҳвахонаи назикии фурудгоҳ даромада, то дер сўҳбат кардем, баъд мошинеро киро карда, маро ба назди хонаамон расонду худаш рафт. Дар борхалтаи ба дастам дода тўҳфаҳои зебое оварда буд, костюми зебо, пойафзол ва шириниҳо, барои волидонам низ тўҳфа оварда буд.

Ў ҳамагӣ як моҳ дар Ватан буд ва мо ҳар рўз дидор медидем, фараҳи оғӯшу нашъаи бўсаҳои аввалини ошиқонаро низ дар ҳамин як моҳ чашидам ва Насими ман боз ба Маскав баргашт. Кош доманашро аз дастам раҳо намекардаму пеши пояш фитода, зор-зор мегиристаму роҳи сафарашро мебастам, агар медонистам….

Тобистонро ба бесабрӣ интизор будам, зеро Насим метавонист зиёдтар дар Ватан бо ман бошад, аммо ў занг заду гуфт:

- Райҳонҷон, ман ин ҷо кори хуб ёфтам, агар корамон омад кунад, Худо хоҳад, туро низ баъди тўй ба Маскав меорам, ҳамин сол тўй мекунем. Аммо баъди як ҳафта хабари шуми дар дарё ғарқ шудани Насим паҳн гашт. Авҳоламро худам медонаму Худои болои сар. Бо шунидани ин хабари шум бо ҳамроҳии ҳамсинфонам ба хонаи волидони Насим рафтам, ҳарчанд занони зиёде бо чеҳраи маҳзун он ҷо менишастанд, вале модараш ба марги писараш бовар надошт. Ман низ ба марги азизи дилам бовар надорам, вале ин ҳақиқати талхи зиндагист, имрўз бо ёди ў зиндагӣ дорам, хостгорони зиёдеро танҳо ба хотири ишқи Насими номуродам ноумед гардондаам, аммо ў нест.

Падарам аз олам гузашт, додарам зан гирифт, зиндагиямон осуда шуд, вале даҳ сол мешавад, ки наметавонам оиладор шавам. Акнун номи пирдухтарро гирифтааму бароям танҳо мардони зандида, баъзан зандор хостгорӣ меоянд. Имрўз ҳам як муаллими занмурда, ки соҳиби хонаву дари алоҳида ва як духтарча буд, аз остонаи мо ноумед шуда рафт. Худо рўзи маро ба сари душмани кас наорад.

Райҳон

Таснифи Нисо Холид

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД