Мусибат
Пас аз додани маросими соли падараш Аҳмад-оғо ба бемории сахте печид, Асҳоб ҳамроҳи Парӣ ва кӯдакон ба хабаргирии хусураш рафтанд. Генерали пир дами марг мехобид, аз ин рӯ Парӣ аз Асҳоб хоҳиш кард то иҷозаташ бидиҳад чанд рӯз бо падараш монад. Асҳоб корҳои нотамоми зиёд дошт, аз ин рӯ худаш ба Амрико баргашта зану фарзандашро дар хонаи хусураш монд.
Аҳмад-оғо баъди се рӯзи дидор бо духтараш аз олам гузашта, Парӣ баъди додани маросимҳои мотамӣ ба хонааш баргашт. Ҳарчанд Асҳоб телефонӣ аз ӯ хоҳиш кард, ки як ҳафтаи дигар таҳаммул кунад ӯ рафта таъзия баён мекунаду баъд ҳамроҳ бар мегарданд, аммо Парӣ кай вақт ёфтӣ барои таъзия меравӣ, ман ба хона бар мегардам гӯён чиптаи тайёра харид ва…
Тайёрае, ки дар он Парӣ бо фарзандонаш ба Амрико парвоз мекард ба садама дучор шуд ва мусибати бузурге ба сари Асҳоб омад. Модараш бо шунидани ин мусибат ба сактаи мағзи сар мубтало гашта дар чилрӯзагии фавти фарзандонаш оламро падруд гуфт. Акнун Асҳоб худро танҳою хору залил медид, зор-зор мегирист, сари гури модару манзили охирати рамзии паҳлӯи қабри модар барои Парӣ ва фарзандонаш сохтааш рафта бо онҳо дарди дил мекард. Дар ин лаҳзаҳо ягона дастгиру мададгори ӯ писари амакаш Нодир буд, ӯ ҳамроҳи ҳамсараш тамоми кору бори бародарашро назорат карда, ширкатро аз муфлисшавӣ нигаҳ дошт…
Табиби ҳозиқ
Беҳуда нагуфтаанд, ки вақт табиби ҳама гуна дард аст. Оҳиста- оҳиста захмҳои дили Асҳоб рӯ гирифта бошан ҳам, вале хотираҳо хоҳам нохоҳам онҳоро хуншор месохтанд. Нодир бо додараш Наҷиб, ки дар Тоҷикистон кору фаъолият мекард, маслиҳат намуда Асҳобро розӣ кунонданд то сафар кунад… Ва инак мард аз ҳавопаймо фаромада вориди ин кишвар гашт аз лаҳзаҳои аввали дар фурӯдгоҳ шунидани забони ширини модарӣ ба ин мулк дил баст. Наҷиб бародарашро хуб пешвоз гирифта ба хонааш бурд, баъди як ҳафтаи меҳмондориҳо ва сайру гашт, Асҳоб ҳавлии зебоеро дар маркази шаҳр ба иҷора гирифт. Акнун ӯ зери хурмои пири саҳни ҳавлӣ соатҳо менишасту чой менушид, хизматгораш зани миёнсолу меҳрубони тоҷик барояш хӯрокҳои хушлазати тоҷикӣ тайёр менамуд ва аз меҳрубонию меҳмоннавозии тоҷикона марди мусофирро баҳраманд мегардонд. Асҳоб ҳамеша Товус-холаро бо модараш монанд мекарду байни ин ду зани меҳрубон як пайвастагие дар меёфт. Боре инро бо хизматгорзан гуфту ӯ Асҳоби ба қавли худаш «ғарибаку муҳоҷир»-ро писар хонд. Шояд пайвастагии қавии хунию забонӣ буд, ки Асҳоб дар як муддати кӯтоҳ дар Тоҷикистон худро одами худӣ эҳсос намуда, намояндагии ширкаташро ин ҷо кушод. Ҳарчанд ёди Парии меҳрубон ва писаракони зебояш дар дилаш доғи нозудудание гузошта бошанд ҳам, Асҳоб ба хотири шодии рӯҳу арвоҳи эшон зиндагияшро идома медод…
Борон дар биёбон
Асҳоб марди саховатманде буд ва дар арафаи иди Наврӯз ба хотири шодии дили тифлакони ятим савғою шириниҳои зиёде харида ҳамроҳи Наҷибу ҳамсараш ба яке аз ятимхонаҳои пойтахт рафт ва он ҷо…
Сарвари хонаи бачагон марди бомаърифати хушсухан ба онҳо миннатдорӣ баён намуда ба яке аз коргаронаш амр кард, ки зуд Нозанин Аҳмадовнаро ҷеғ зан то меҳмононро назди кӯдакон барад Пас аз чанд лаҳза бонуе вориди ҳуҷраи кории сарвари коргоҳ гардид, ки аз диданаш Асҳоб чанд лаҳза шах шуд. Ин зани 35- 40 солаи мавзунқомату зебо нусхаи Парии ӯ буд. Ҳамон ханда, ҳамон абрувон, ҳамон чашмони фаттони зебо, ҳамон пӯсти бирешимвор сафеду рухсаораҳои арғувонӣ. Азбаски Наҷибу ҳамсараш Париро танҳо дар суратҳо дида буданд, ба ин он қадар аҳмият надоданд, аммо сари Асҳоб чарх зад ӯ калавид, қариб буд афтад…
Аммо оби даҳонашро ба зур фурӯ бурда аз қафои зан раон шуданд, онҳо чӣ гуна бо кӯдакон сӯҳбат карданду ба онҳо тӯҳфаҳо супориданд дар ёд надорад. Танҳо баъди ба хона омаданаш тавонист ҳушашро як ҷо ҷамъ орад, вале саволҳои бешуморе сарашро ба хонаи занбур табдил дода буданд. “Он зан кист?”, “Шавҳар дорад ё не?”, “Чаро ба Парии ӯ ин қадар монанд аст?”, “Ҳатто овозу тарзи роҳ гаштанаш…” Ин вохӯрӣ ба марзи аз ғам биёбонгаштаи дилаш борони умед мерехт.
(Давом дорад)
Нисо ХОЛИД