Sebiston new 2024 october
ИШҚИ МУҲОҶИРИ ТОҶИК ВА МИЛЛИОНЕРЗАНИ РУС қисми 1
1801

Ирина чун ҳарвақта субҳи барвақт ба қавли модари кампираш пеш аз офтоб бедор шуду дасту рӯй шӯст, баъд каме машқ кард. Аз рӯйи одати дерин қаҳва тайёр намуда, онро назди тиреза кам-камак нӯшид. Бону хеле дӯст медошт, ки атри рӯзи ҳанӯз зиндагӣ надидаро бишамад дар танҳоӣ.

Хонаи ӯ дар маркази Маскав дар қабати шашуми бинои бисёрқабата аст, Ирина сарвари ширкати тиҷоратии бузургест, ки ба истеҳсоли дару тирезаҳо машғул аст. Ин ширкат ба ӯ аз падараш мерос мондааст, модараш ҳамеша ба ӯ мегӯяд, ки падарат бо ин меросаш туро бадбахт кард. Ту ба як зани оҳанин табдил ёфтаиву ғайр аз пул кор кардан, дигар ягон ҳунар надорӣ!

-О ин беҳтарин ҳунар аст, очаҷон,- механдад Иринаи нозанин ва илова мекунад,- ҳоло ҳама чизро бо пул харида мешавад, азизам. Ӯ ин гапҳоро ба модараш мегӯяд, аммо медонад, ки ҳақ нест, зеро бахти оилавиро бо ягон пул харида намешавад. Ирина ҳама чизро дорад, се хона дар биноҳои қимматтарини маркази Маскав, ҳавлии бошукӯҳ дар Рублёвкаи машҳур, бӯстонсарои нозанин дар канори шаҳр, вале бахт надорад. Умраш ба сиву панҷ расидааст, хеле зебост, ошиқонаш аз мӯйи сараш зиёдтаранд, аммо ба онҳо на зебоӣ, донишу ахлоқу ботини зебояш, балки пулдорияш маъқул мешавад. Баъди чанд шикаст дар ишқ дигар дари дил ба рӯйи мардҳо басту аз пайи зиндагии худ шуд. Хонум як қабати тирезаро кушоду шамолаки нарме зулфони кӯтоҳи тиллорангашро бозӣ кард. Баҳор мерасад, аз дил гузаронид Ирина ва дар гӯшаш овози модараш садо дод:

-Бӯстонсароро ба ифоқа биёр, ман аз хонаи холаат, ки багаштам, ба он ҷо меравам, дилам дар хонаҳои шаҳр танг мешавад. Модараш баъди марги падар ҳамроҳи духтури ягонааш мезист, зимистонҳо ба Питер назди хоҳари ягонааш мерафт, акнун хоҳарон ният доштанд баҳору тобистонро дар канори Маскав гузаронанд. Ирина ҳар рӯз бо модару холааш дурудароз ҳарф занад ҳам, пазмони модар, карамшӯрбою самбӯсаҳои болазаташ гашта буд. Ӯ қарор дод, ки ҳамин рӯз мардикори таърифнамудаи дугонааш Вераро меёбаду ҳамроҳаш ба бӯстонсаро мебарад. Вера мақсади дугонаашро дар бораи обод кардани атрофи бӯстонсарояш шунида, дар бораи як тоҷике гуфт, ки чанд сол боз боғи ҳавлии онҳоро ба ифоқа меорад. Рӯзи дигар бо кӯмаки шавҳари дугонааш мардикори тоҷикро ёфту ӯро ба мошинаш шинонида, ба сӯи бӯстонсарояш раҳсипор шуд. Мардикор ҳеҷ ба ҳамтоёнаш монанд набуд, ӯ костюми шик, галстук сумкаи зебои чармин ва як сумкаи сафарии калон дошт. Қоматбаланд, абрӯсиёҳ, хушқавора ва ниҳоят ҷиддӣ буд. Онҳо дар роҳ хеле ҳарф заданд, Раҳмон бо забони русӣ тоза ҳарф мезаду хеле босавод менамуд. Чун фаҳмид, ки модари Ирина профессори суханшинос аст, хеле шод шуд. Мард аз таъриху адабиёти рус ва ҷаҳон он қадар огаҳӣ дошт, ки Ирина дар ҳайрат афтид. Сӯҳбаташон нимкола онҳо ба бӯстонсаро расиданд.

-Вазифаи шумо аз кабудизоркунии атроф иборат аст, ана ин калид, метавонед ҳамин ҷо зиндагӣ кунед, калид аз хоначаи канор аст, даруни хона тозаву тамиз аст, онро гоҳ-гоҳ фирмаеро киро мекунам, омада тоза мекунад,- Ирина инро гуфту осемасар ба шаҳр баргашт, Раҳмон бошад, он бегоҳ истироҳат карда, рӯзи дигар ба кор оғоз намуд…

Раҳмон писари ягонаи кампири Осия ва амаки Амон чил сол дошт, мактабро бо медали тилло, донишгоҳро бошад, бо дипломи сурх хатм намуда, дар мактаби деҳаашон аввал муаллим, баъд директор шуд, вале чор писараш пайи ҳам калон шуданду ӯ тарки кори камузди муаллимӣ намуда, рӯ ба мардикорӣ овард. Ӯ покизакору тозарӯзгор, ки буд, кораш омад кард, як сарватманд кору ахлоқи ӯро хуб баҳогузорӣ карду ҳамин тавр, ба ошноёнашон муаррифӣ намуд. Ӯ боғдори хуб буд ва асосан дар бӯстонсароҳои сарватмандон кор мекард.

Ҳоло ду писараш донишҷӯ ҳастанд ва ду писари дигараш дар мактаб мехонанд ва падар бо меҳнати ҳалоли мардикорӣ барои онҳо шароити хуберо муҳайё намудааст. Ҳамсараш Гулнигор, ҳамсабақу ҳампешаи Раҳмон аст ва дар мактаб муаллимӣ мекунад, ӯ зани зебову меҳнатӣ ва хеле сарфакор аст, пулҳои бо меҳнати ҳалол ёфтаи шавҳарро боэҳтиёт сарф мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД