Ишқи марди нашъаманд (ҚИСМИ 3)
11.01.2026
Oila.tj
581

Наркомани занбоз

Болои ин ҳама, Салим бо духтаре робита пайдо кард.

- Ман туро мекушаму зани дигар мегирам, ин дафъа зане мегирам, ки кор кунад. Ту тайёрхӯр, дар ягон ҷо кор намекунӣ, ба ғайр аз ин, фақат духтар таваллуд мекунӣ. Ба ман чунин зани муфтхӯри духтарзой даркор нест,- мегуфт наркомани бешарм.

Ношукрӣ Салимро зад ё худованд маргро барои фарзандони Насиба аз зиндагӣ дар ин зиндонхона афзалтар донист, ки дар байни ҳафт моҳ ҳарду духтарчааш аз дунё гузаштанд. Насиба аз як тараф барои фарзандони гул барин зебою аз шири модар носер, аз тарафи дигар барои зиндагии талхаш хун мегирист. Дигар бо Салим зиндагӣ карданаш маънӣ надошт, зеро то ин дам вай танҳо ба хотири зиндаятим накардани фарзандонаш бо ин наркоман мезист.

Як саҳар Салим аз хоб бархоста, гуфт:

- Насиба, гиряву нолаат ба ҷонам зад! Ман имрӯз ба хона арӯс меорам. Арӯсе, ки дар оянда бароям писар мезояд. Хоҳӣ, ҳамин ҷо мон, нахоҳӣ, чор тарафат қибла!

Насибаи кайҳо аз ҷабри ин наркомани худозада ба ҷон омада дар ҷавоб чизе нагуфта, хомӯшона либосҳояшро дар як тугунча баст ва хонаи шавҳари золимашро тарк намуд. Вай ҳатто роҳкиро надошт, вале заррае ғам намехӯрд, ки чӣ тавр ба хонаи падараш мерасад, зеро хуб медонист, ки одамони нек дар дунё бисёранду албатта ба вай кумак мерасонанд.

Насиба як буғча дар даст ба назди милисаи дар сари роҳи калон истода рафту гуфт: «Акаҷон, илтиҷо мекунам, ба ман кумак кунед, то ба хонаи падарам равам. Роҳкирое надорам».

Ҷавони милиса Насибаро ҳолу аҳволпурсӣ намуд. Ҷавонзан саргузашти талхашро нақл карда, гирист.

«Хоҳарам, агар дилат ба шавҳарат ягон зарра гарм бошад, ман бо ӯ суҳбат мекунам, зарур шавад, нисбаташ албатта чора меандешем»,- маслиҳат дод милиса, вале Насиба рад намуда, гуфт, ки дигар бо Салим зистан намехоҳад.

- Ман аз ӯ шикоят надорам. Бо ман хушбахт нашуд, шояд бо оилаи дуюмаш хушбахт шавад. Ба Салим нарасед, роҳаташ гузоред. Ман ба ӯ кор надорам. Ягона хоҳишам ҳамин аст, ки маро ба хонаи падарам расонед,- таъкид кард Насиба.

- Ғам нахӯр, туро дар байни роҳ намегузорем,- гӯён, нозир автобуси равонро нигоҳ дошта, Насибаро ба он савор кард ва ба ронанда роҳкирои ӯро дода, таъкид намуд, ки ҳамин хоҳарро сиҳату саломат бурда расонад.

Поёни шаби сиёҳ

Насиба баъди ду соли аз шавҳари бангиаш Салим ҷудо шудан ба як марди ба нохуни фарзанд зор ба шавҳар баромад. Бахт ба рӯяш хандиду ин дафъа марди меҳрубоне насибаш гашт. Ҳоло Насибаю Нуралӣ соҳиби ду писарчаи дӯстрӯяк ҳастанд. Насиба афсӯс мехӯрад, ки чанд соли умрашро бо Салими наркоман гузаронида, худро беҳуда хору зор кард. Нуралӣ замин гирифта, хонаи алоҳида сохт. Насиба акнун зиндагии обод дорад ва шукронаи онро мекунад, ки баъди чандин солҳои сахту душвор бахти ҳақиқиро пайдо намуд…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД