Formula novemver 2024
Ишқи марди алкаш Қисми 1
1601
no-img


Муродҷон дарақ-дарақ ларзида истода падарашро интизорӣ мекашид ва худ ба худ пичиррос мезад: "Илоҳо ин дафъа бо пойи худашон оянд.

Илоҳо бо улфатҳои арақхӯрашон боз ба ягон майхона нарафта бошанд...” Малика-модари Муродҷон низ худо мегуфт, ки шавҳараш арақ нанӯшида биёяд, зеро ҳар гоҳ, ки марди хона масту аласт ояд, ҷангу ҷанҷол бархоста, шавҳараш ӯро зери мушту лагад мегирифт.
Малика бисёр мехост, ки мисли бонувони дигар шавҳарашро бо меҳр интизор шавад ва падари фарзандонаш монанди дигар мардон бо дасти пуру чеҳраи хандон аз дар дарояд, вале...

Овози саг баланд шуда, риштаи хаёлоти ҷавонзанро барканд. Азиз боз чун ҳар вақта масту аласт баргашта, бо муштҳояш гурс-гурс дарвозаро мекӯфт. Чизҳои қайкарлааш ба гиребони куртааш часпида, шиму куртааш пур аз хоку хун буд. Вай ба пяш рост истода наметавонист ва девонавр фарёд мезад: "Маликааааа. Кани ту...Аблаҳи ноодам. Дар куҷои мегӯям..."

Зан осемасар аз дар баромад ва “лаббай дадаш, ман ҳамин ҷо” гӯён, ба сӯйи дарвозха давид.
Малика бо дасту пойи ларзон ба пешвози шавҳараш баромада дарро кушод ва аз торсакии ногаҳонӣ рӯяш оташ гирифта, хаёл кард, ки ӯро барқ зада, аз чашмонаш шарора парид. Зан сахт дард ёфта бошад ҳам, ҳатто напурсид, ки чаро мезанед ва лаб зери дандон гиирфта, аз банди дасти шавҳари бадмасташ дошта, ӯро ба хона дароварданӣ шуд. “Дастатро гир аблаҳ” дод зад Азиз, вале ҷавнзанба гапҳои ӯ аҳамият надода, шавҳари ба хку хун олудаашро ба хона даровард.
Малика он рӯз беҳтарин хӯрокҳои дӯстдоштаи шавҳарашро омода карда, бо умед роҳи Азизро мепоид. Бечора занак ҳатто як луқма ҳам ба даҳон набурда буд, вале шавҳари бадмасташ дастурхонро бо қаҳр кашида, столро чаппа карду таҳдид намуд: “То саҳар ҳамаашро тоза кун! Фаҳмиди маро!? Агар заррае шишамайда ёфтам хунатро мехӯрам!”
Малика сарашро набардошта “майлаш дадаш, майлаш тза мекунам” гӯён, нигоҳашро аз чашмони чун чашми даррандаи ваҳшӣ хунгирифтаи ҳамсараш гурезонд ва бо шиками гурусна аз паси ҷамъ кардани хона шуд.
Маликаро гиря гулӯгир карда буд ва худ ба худ дар дил бо шавҳараш мунозира намуда мегуфт: “Агар ҳамин фарзанди маъюбам намебуд, ҳатто як лаҳза ҳам бо ту барин марди аблаҳ зиндагӣ намекардам, вале писарам пеши роҳамро медорад...” Акаҳояш борҳо ба ӯ гуфтанд, ки аз ин алкаш ҷудо шав, аммо Малика розӣ нашуд. Азиз дар ҳолати мастӣ занашр мурданивор мезаду баъди ҳушёр шудан аз Малика бахшиш пурсида, ваъда медод, ки дигар чунин номаъқулӣ намекунад, вале рӯзи дигар боз масту аласт баргашта, занашро дашному ҳақорат медод ва мурданивор лату кӯб мекард.
“Малика!!! Ккуҷо гум шудӣ мегӯям”-боз фиғон кашид Азиз. Ҷавонзан “мана ман дадаш” гӯён, назди шавҳараш рафту таги мушту лагад монд. Муродҷони маъюб ҳарчанд мекӯшид, ки модарашро аз чанголи падари бадмасту золимаш раҳо кунад, наметавонист. Малика бо як азоб аз дасти шавҳараш худро халос карда, ҷонҳавл ба кӯча гурехт, агар намегурехт, эҳтимол шавҳараш ӯро зада мекушт. Азиз корд дар даст аз паси занаш медавид ва таҳдидкунон дод мезад” Ист, ист мегӯям, агар ба дастам афти, туро зинда намемонам. Хунатро мехӯрам!” Ба бахти Малика як марди ҳамсоя, ки паҳлавону таҳамтан буд, аз пеши роҳашон баромад ва бо ду-се мушту лагад Азизро аз по афтонд. Крд аз дасти ин марди майзада парида ба даруни ҷӯй афтид ва худи Азиз ба рӯйи замина фтода аз ҳуш рафт...
(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД