Касофати зино
Борон беист меборид, гуфтам, ки дилам моҳибирён мекашад, ба торикшавии ҳаво нигоҳ накарда Баноз аз хона бадар рафт ва гуфт, ки ҷойи моҳибирёни беҳтаринро медонад ва дар ним соат хостаамро муҳайё мекунад ва ҳамин тавр ҳам шуд. Баноз зери борон шип-шилта тар шуда буд, аз ин рў либосашро кашида хилъати сачоқии хонапўшии маро ба бар намуду мо сари дастурхон нишастем. Бо таъби болида моҳибирёни лазизро нуши ҷон намудему ба меҳмонхона гузашта дар оғўши якдигар ба тамошои телевизор машғул шудем. Ба хандаю бозӣ ва бўсобусии худ овора яке дидам, ки болои сарамон Шамсия бо чеҳраи аз ғояти ғазаб сап-сафед рост истодааст… Ў ба Баноз нигариста фарёд зад:-Хез-фоҳишаи рўсиёҳ, даъф шав аз хонаи ман!!! Баноз хилъати маро ба танаш кашида тир барин аз ҷояш ҷаста аз хона берун шуд. Баъд Шамсия ба рўйи ман ду шаппотӣ зада беҳолона пичиррос зад:- Худозадаи зинокор, касофти ту ба духтараки бечораам зад. Дилором имрўз аз болохона афтид, дасту пояш шикастанд, ўро бо як азоб аз ноҳия ба ин ҷо овардам беҳушу беёд дар беморхона аст. Ман рафтам назди духтарам ту ҳамроҳи фоҳишаат даъф шав, ки рўятро набинам, хонаи маро холӣ кун! Шамсия инро гуфту калавида калвида берун баромад. Ман либосҳояро пўшида аз қафояш баромадам, ҳоло аз бинои истиқоматӣ берун нашуда садои баланди тормози мошинро шунидам….
Борон беист меборид, ронандае бо овози баланд фарёд мезад ёрӣ диҳед, ин занаки девона худашро зери мошинам патофт…
Бо ёрии ман ва чанд ронандаи дигар Шамсияро ба мошин бор карда ба беморхона бурдем, ў дар рўйи мизи ҷарроҳӣ ҷони худро ба ҷонофарин супорид. Дилором низ баъди чил рўзи марги фоҷиавии модараш ин дунёро тарк гуфт, зеро ба болои санге афтода ҳам ҷигараш зарби сахте дида буду ҳам сутунмўҳрааш шикаста будааст. Амирҷон дар ҳама кор ёвару мададгорам буд, ҳарчанд дили худаш аз марги хоҳараку модараш хун мегирист боз маро тасалло медод. Баноз низ мегиристу худро ба марги ҳамсари ман гунаҳгор меҳисобид ва ман оҳиста-оҳиста боз бо ў хў гирифтам….
Бахти ғамолуда
Баъди додани сари соли ҳамсарам бо Амирҷону апаҳоям маслиҳат карда Банозро ба хона овардам, бе ягон тўю сур. Банози чаққону қобил, писарамро пештар мешинохт ва дар як муддати кўтоҳ дили ўро ёфт. Онҳо аз ҳамдигар даҳ сол фарқ дошта бошанд ҳам, Амирҷон баъди се моҳи хонадориямон Банозро оча мегуфтагӣ шуд…
Аммо хушбахтии ман дер давом накард, Баноз ҳар шаб аз хобаш тарсида мехесту то як поси шаб мегирист. Мегуфт, ки зани маро дар хоб дидааст. Шамсия ҳар шаб маро дар хобам буғӣ мекунад, метарсам мардакҷон чашмонаш пури хун, куртаҳояш даридаву мўйҳояш парешон, гоҳе танҳост, гоҳи дигар ҳамроҳи Дилором. Ҳамин қадар мегурезам боз маро дошта буғӣ мекунад Ҳиқ-ҳиқ зада мегуфт Баноз… Ба хотири хотирҷамъии авроҳи занам говеро кушта хомталош кардам, ба чанд хонаи бенаво садақа кардам, муллоеро оварда Банозро хонондам, аммо бефоида…
Занам акнун рўзона ҳам шикоят мекард, ки касе аз қафояш шип-шип роҳ мегардад. Шабона бошад Шамсия ба хобаш медаромад, занам рўҳан бемор шуда буд. Бо Амирҷон маслиҳат карда Банозро ба хонаи модараш бурдем, хушдоманам маслиҳат дод, ки ягон ҳафта худамонро аз Баноз дур гирем. Ман як занро ёфтам аловгардонаш мекунад, шояд беҳтар шавад… Ман розӣ шуда ба хона баргаштам ва баъди се рўз хабари марги занамро шунидам, ў дар шохи чинори ҳавлияшон худашро овехта буд. Духтурон муайян карданд, ки марги Баноз соати се шаб ба вуқуъ пайвастааст. Ҳама ҳайрон буданд, ки чӣ гуна як зан шабона ба шохаи баландтарини чанор баромада бандро гиреҳ карда худро овехтааст. Барои ин пари парвоз доштан лозим буд…
Баъди марги Баноз зиндагӣ бароям маънияшро гум кард, дигар дасту дилам ба кор намерафт…
Қасоси арвоҳ
Дар ин миён Амирҷон мактабро хатм карду кори савдоро пурра ба души худ гирифт, ман бошам аламамро аз кори хона мегирифтам.Мисли занон хона меруфтаму гов медушидам, дар полез кор мекардам… Апаҳоям ба хабаргириям омада ин авҳоли маро дида аз сари нав маро зан доданӣ шуданд, вале куҷое хостгорӣ мерафтан, модари Баноз рафта корро вайрон мекард.Ў ба ҳама мегуфт, ки духтари маро арвоҳи зани домодам кушт худатонро ба доми бало наандозед… Апаҳоям маҷбур шуданд барои ман аз ноҳияи ҳамсоя зан ёбанд, ин зан аз шавҳараш бо иллати бефарзандӣ ҷудо шуда будааст. Апаҳоям барои арўс каме тўҳфа гирифтанду мо якҷоя баои овардани ў рафтем. Ман дар бари ронанда менишастаму апаам дар қафо, хостам аз апаам чизе пурсам ба қафо нигариста дар бари ў Шамсияро дидам, аз тарс фарёд заданамро медонаму халос…Чун ба ҳуш омадам дар беморхона будаму дасту пойи тарафи ростам умуман намеҷунбиданд. Чун ба апаам воқеаро нақл кардамдар ҳайрат монд ва ба хотири мани бемор духтарашро бо як коса об никоҳ карда ба Амирҷон дод.
Чор сол боз рўйи бистарам, тиҷорати писарам хеле васеъ шудаасту зиндагиямон рўз аз рўз беҳтар мегардад. Соҳиби ду набераи дўстрўяк низ ҳастам, келинам маро маро аз кўдаконаш зиёдтар парасторӣ мекунад. Амирҷон ба хотири осон шудани кори занаш, хизматгор гирифтааст, ҳурмату эҳтиромамро ба дараҷаи олӣ ба ҷо меорад, аммо…
Ман хуб медонам, ки бо касофти ҳаромию зинокорӣ ва хиёнати ман зиндагии ободам вайрон шуд. Сари Банозро низ ман хўрдам, зеро арвоҳи Шамсия ба хотири ҳамин хиёнат аз мо қасос гирифт. Ҳоло ман дар синни камолоти мардӣ, рўйи бистар мунтазири маргаму Баноз бозад зери хоки сияҳ…
Хонандаи азиз, фоҷиаи умри маро хонда, шояд гумон мекунӣ, ки аз фарти беморӣ рўҳам хароб шудааст? Шояд… Аммо ман ба як ҳикмати мардумӣ бовар дорам, ки чунин аст:-«Худозада бошу арвоҳзада не»…
Бо эҳтиром хонандаи доимии шумо
Таснифи Рухсора Саид