Ҳамсафар
Чанд рўз баъди ин гуфтугў ҳамроҳи Баноз ба сафар баромадем, ў дар мусофирбар сарашро ба китфи ман монда, димоғи маро бо бўйи хушаш муаттар мекард. Чун ба шаҳр расидем, Баноз гуфт:
-Биёед аввал шумо бор гиред, ман пагоҳ мегирам. Ман аслан матоъ мефурўхтам, барои ҳамин зуд аз як ҷо онро харидорӣ карда ба мошине бор карда ҳамроҳи Баноз ба хонаи ман омадем. Ман гумон кардам, ки Баноз ба хонаи ман надаромада меравад, ў мегуфт, ки боргирӣ равад дар хонаи як хешашон мемонад. Аммо ў ҳамроҳи ман борҳоро ба хона дароварда ҷо ба ҷо карду гуфт:-Акнун шумо рафта ягон чизи хўрданӣ биёред, ман хонаҳоро тамиз мекунам. Ман бо сари хам аз пайи фармоиши ў шудам, шарм доштам, пурсамаш, ки ту ҳамин ҷо мемонӣ? Дар ним соати набудани ман ў хонаи хобро руфтаю шўста тозакарда буд, баъди тановули кабобу оби овардаи ман, мисли он ки кайҳо дар ин хона зиндагӣ дорад бо нози ба худаш хост хоҳиш кард:-Акнун шумо ба хонаи хоб даромада дам гиред. Ман боқимондаи кормамро мекунам…
Ман ба ҳамом даромада шустушў кардаму ба хонаи хоб даромадам, вақте бедор шудам соат яки шаб буд.Баошхона гузаштам, болои миз мурғбирён, чойю конфет ва кулчақандҳои гуногуну мева меистод, маьлум, ки духтари бечора бозорӣ низ кардааст аз дил гузаронидам ман…Ҳамому ҳоҷатхона, ошхонаву роҳрав аз тозагӣ ялаққос мезаданд. Банози тозатабиат ҳатто ҷуробу куртаи дар ҳаммом партофтаи маро низ шўста буд…
Аз неъматҳои рўйи миз кам-камак тановул карда боз ба хонаи хоб даромаданӣ будам, ки аз меҳмонхона садои телевизион баланд шуд. Ман гумон кардам, ки Банозро хоб бурдаасту даромадам то телевизорро кушам, ҳамин вақт Банози нимурён аз қафо маро ба оғўш кашид…
Хиёнаткор
Мо ду рўзи дигар дар шаҳр мондем, ман гумон мекардам, ки Баноз духтари хона аст, вале баъдтар фаҳмидам ў ҳамагӣ як моҳ бо шавҳараш зиндагӣ кардаасту халос. Ў нашъаманд буд ва маро азоб медод, баъди вай аз ҷинси мард ҳазар доштам, вале туро дидаму…
Баноз бо гиря мегуфт, ки маро зиёд дўст медораду ғайри висол чизе тамаъ надорад, ман низ дар ин ду шаб волаю шайдои ў гашта будаму хиёнатамро бо ҳамсари поку ҳалолам то даме давом додам, ки…
Акнун мо ҳар моҳ барои бор омада як ҳафта дар шаҳр мемондем, дар ин миён баъзан шабона баҳонае карда ба хонаи модари Баноз рафта аз ў ком меситондам. Модараш ин ҳамаро медонисту хомўш буд. Оҳиста-оҳиста Шамсия низ аз чизе огаҳ будагӣ барин ба ман нигоҳи шубҳаомез афканда мегуфт:-мардак нашаваду ба ман хиёнат кунӣ?! Қисмат ба ман он қадар ҷабру ҷафоро лоиқ дид, ки…. Фақат ишқи ту ва фарзандонам, маро ба по рост медорад, дилам ким чӣ хел аз ту пур не… Ман худро ҷиддӣ гирифта бо асабоният мегуфтам, занак писарамон алаккай дар синфи ҳашт мехонад, чанд сол пас зан мегирад, акнун рашк мекунӣ?!
Ба ҳамсарам нигоҳ мекардам, дасти ғам сарашро ранги сафед задаю рўйи як вақтҳо чун лолаҳои субҳи баҳорон ботароваташро ожанг зер карда буд. Сиёҳу лоғар… Баноз бошад тамоман аз гили дигар буд, як буйи мушкини гесувонаш мардро девона мекард, бадани сафеду нармаш, бўсаҳои гарму меҳрубониҳои аҷибаш маро безанҷир баста мемонд…
Боре баъди сафари якҳафтаина баргаштанам занам дуру дароз ба ман менигаристу мегуфт, аввалҳо дар як рўз бор гирифта мегаштӣ ҳоло бошад. Як ҳафтаи дароз Амирҷони бечораам аз дарс монда дар мағозаи ту саргардон аст, баъд чаро дар як ҳафтаи набудани ту Баноз низ гум мешавад? Аз ин саволи занам дасту поям беҷон шуда бошанд ҳам худамро ба даст гирифта гуфтам, ман аз куҷо донам, ман қаровули ҳамон пишаки ошолуд мӣ?! Шамсия мад кашида ҳоло як духтари зебо барои ту пишаки ошолуд-мӣ- гуфту хомўш монд… Ман аз хомўшии занам истифода бурда рўзномаеро ба даст гирифта чунон вонамуд кардам, ки чизи ҷиддиеро мехонам.
Ману Баноз
Ба хотири дур кардани шубҳаи занам, дигар ману Баноз як ҷо шаҳр намерафтем. Баноз худашро аз ман дур гирифта маро девона мекард, зориҳои маро барои ба хонаи модараш рафтан рад мекард. Мани ба оғўши гарми ў омўхта дарун дарун месўхтаму дилам хун мешуд. Дигар илоҷе наёфта худамро бемор вонамуд кардаму ба Шамсия гуфтам, ки ин даъфаи бор оварданам дар шаҳр ду-се рўз мемонам, зеро ҳам бор харид мекунаму ҳам сарамро ба духтур нишон медиҳам. Чанд вақт боз сарам сахт дард мекунад… Шамсия, ки аз бемор шудани ман сахт хавотир мешуд, бо меҳрубонии хоса сарамро ба оғўшаш гирифта гуфт:-Бечора мардакам, кор гуфта ба худат аҳмият намедиҳӣ. Албатта духтур рав, бало ба паси ҳамон бор-пор… Дар ҳамин ду-се рўз Амирҷон овора шуда ба мағоза наравад, моли хуб ҳам нест, гумон аст, ки савдо шавад-гуфтам оҳиста, Шамсия низ майлаш гўён аз паси кори худ шуд. Рўзи дигар ҳамроҳи Баноз субҳи барвақт ба сафар баромадем, рост ба хона рафтем, маслиҳат кардем, ки рўзи охирини сафарамон бор гирифта якбора ноҳия меравем. Баноз аз рўйи одат аввал хонаҳоро хости дили худ тамиз кард, баъд оши палави бомаззае пухт, ҳарду бехабар аз ғами ҷаҳон ба таври худ истироҳат мекардем, аз ҳам коми дил бардошта, телевизор медидем, шухӣ мекардем, механдидем. Рўзи дигар низ аз хона набаромада дар оғўши ҳам будем, моҳи ноябр буду борон меборид аз айвон ба кўчаҳои боронии шаҳр нигариста аз сўҳбати ҳамдигар серӣ надоштем…
Давом дорад