Sebiston new 2024 october
Ишқи фоҷиабори Азиза ва Одина Қисми 3
1422

Вақте ки замину оасон мегирист...

Мани ошиқи ноком ҷасади Азизаи меҳрубону вафодорамро рӯи даст гирифта, бехудона қадам мезадам. Оби чашмонам рӯямро мешуст. Хурду калон баробарам оби дида рехта, ҳам барои Азизаи нокому ҳам ба ҳоли ман гиря мекарданд... Эҳ, фалаки бераҳм, он рӯз чӣ рӯзи наҳсе буд, чӣ рӯзи сахте буд! Азизаи фариштарӯю вафодорам барои ман шуда, худашро нобуд кард ва маро ҳам як умр бадбахт гардонд. Ҳангоме ки часади ўро ба хоки хунук мемонданд, худамро ба гӯр партофтам. Девонавор "Маро ҳам бо Азиза гӯронед!” гӯён, дод мезадам, фиғон мекашидам ва чунон талху пуралам гиря мекардам, ки ҳатто дили санги хоро ҳам ба нола меомад... Дигар чи шуд, намедонам, маро беҳушу беёд ба хонаамон овардаанд.

Девонаи ҳот

Баъди сари Азиза шабу рӯз корам гиристан буд. Ба девонае монанд шуда будам, ки мудом ҳазён мегӯяд. Азиза ҳар шаб

ба хобам медаромад ва то саҳар бо рӯҳи ӯ суҳбат мекардам. Модари бечораам худашро ба сад дар зада, маро дар ба дари муллову фолбинҳо мегардонд...

Хулоса, расо се сол ман аз бистари ғам хеста натавонистам, баъд ба набудани Азиза тан додам, вале савганд ёд кардам, ки то охири умрам ба хотири он меҳрубоне, ки худашро барои ман шуда курбон кард, муҷаррад мемонам, зан намегирам.

Қавли мард якто!

 

Фируза Саттори, [04.12.2023 16:20]

Мӯйсафед лаб аз сухан барбаст, вале хомӯшиаш бо сад забон ҳоли зори дилашро мегуфт. Ҳолати гиряовар ва ғамфизое дошт чашмонаш. Сукути бобои Одина мисли сукути баҳр қабл аз туфон даҳшатангез менамуд.

-Бобои Одина, магар зиндагии муҷаррадона бароятон душвор набуд, охир инсон дорои ғариза ва нафс аст,-ниҳоят ин сукути сангинро шикаста пурсидам ман.

-Мушкил буд бачем, хеле мушкил,-лабони порсонгбастаашро аранге ҷунбонда гуфт мӯйсафед.

-Акнун, ки синнатон ба ҷое расидааст, пушаймон шудагистед, ки ин қадар сол беҳуда ба танҳоӣ умр ба сар бурдед,-кунҷковӣ кардам боз.

-Ман аз он ки ба Азизаи нокомам содиқ мондам, пушаймон нестам, вале аз он ки дар дунё аз худ нишоне намемонам, сахт пушаймонам, бачам. Писарам, марди бе зану фарзанд дарахти хушкеро мемонад, ки танҳо барои тамош кардану лаззат бурдани дигарон аст. Дунё бо вучуди зан зебост вазиндагӣ бо зану фарзанд маъно дорад. Зан натанҳо барои фарзанд таваллуд кардан, балки барон он офарида шудааст, ки ҳамдилу хамнафаси мард бошад. Ман хеле пушаймонам, ки бе ёру бе ҳамдилу бе кас рӯзгорам ба поён мерасад. Аммо дигар хел шуданаш ҳам ҳеҷ мумкин набуд...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД