Азиза “Одина!”-гӯён худро ба оғӯши ман партофт. Аз шодӣ худро гум кардам.
Ҳамон шаб аввалин бор аз лабони шакаринаш бӯсидам. Ва… ин бӯсаи аввалину охирини ман дар тамоми ҳаётам буд! Ман ба садоқат ва вафодории зан ҳамон шаб тан додам, агар зан дӯст медоштааст, аз ҳеҷ чиз наметарсидааст.
“Одина, ман бе ту зиндагӣ карда наметавонам, бе ту марг авлотар аст” ҳамвора такрор мекард Азиза, вале ман чун гунг лол монда будаму чӣ гуфтанамро намедонистам.
Ниҳоят худро ба лдаст гирфтам ва “Азизаҷон, парво накун, худи пагоҳ, назди падарат рафта, ҳамаашро мефаҳмонам”гуфтам, вале дилбарам оҳи сарде кашида гуфт: “Беҳуда меравӣ, ман ҳазор бор фаҳмондам, гиря кардам, нола кардам, аммо бефоида. Беҳтараш ман аз ин ҷо, аз ин хона ҳеҷ ҷо намеравам!”
Ба шунидани ин суханони Азиза, ки хеле қатъӣ садо доданд, ҳуш аз сарам парид ва чи қиёмате барпо шуданашро пеши назар оварда бо аломати рад сар ҷунбонида гуфтам: “Беандешагӣ накун Азиза, ягон роҳашро меёбем. Падарат одами чоркас мешинохтагӣ, обрӯ дорад, ном дорад...”
Духтар бо чашмони оташбор ба ман нигарист ва гиряомез “тарсончак, аз дастат ҳеҷ чиз намеояд” гӯён, сарашро бо кафи дастонаш дошт.
Ҳамин тавр то субҳ мо бо ҳам рози дил гуфтем ва қарибиҳои саҳар ман ўро гусел кардам, вале...
Номаи вопасин
Пагоҳии дигар боз аскарбинҳои зиёде омаданду ман ба хонаи онҳо рафта натавонистам. Қарибиҳои чошт буд, ки духтарчаи пахмоқмӯе аз дарвоза даромад ва дар шоҳидии меҳмонҳо як пора коғазро ба ман дароз карду зуд дур шуд. Ин номаи азизи дилам-Азиза буд, ки дар он танҳо як сатр навишта шуда буд: “Одина, дар он дунё вомехурем!"
Муӯсифед кисаашро кофта аз ҳамёни чармине коғази зарди бо мурури замон мисли худаш фартутгаштаеро баровард ва бо дастони ларзон ба ман дароз кард. Дар он фақат як сатр мавчуд буд, ки дар ҳазор ҷилд китоб намегунчид. “Одина, дар он дунё вомехӯрем! Азизаи нокоми ту!”
Мӯйсафед оби дидагони заҳирашро бо бари саллаш пок кард ва бо садои ҳазин ба нақлаш идома дода, гуфт:
-Ман чӣ маънӣ доштани ин навиштаро он вақт нафаҳмидам, вале вақте ки хабари ғайб задани Азиза паҳн шуд, мақсади ӯро пай бурда, девона шудам, аммо аллакай дер шуда буд, хеле дер!
Бобои Одина инони ихтиёр аз даст дода, мисли кӯдак зор-зор гиря кард. Китфони мӯйсафед аз шиддати ҳаяҷон дир-дир меларзиданд.
Дарёи одамхӯр
Пас аз каме дилашро холӣ кардан ӯ боз ба гап даромада, нақли пурдардашро идома дод:
-Пагоҳии он рӯз деҳа ба по хест, аз ҳафтсола то ҳафтодсола Азизаро мечустанд. Он рӯз лаб-лаби дарё гӯё замин кафида одам баромада буд. Ман девонавор худро ба дарё партофта, ўро меҷустам. Баъди кофтуковҳои зиёде пурмашаққат ниҳоят қарибҳои намози шом ҷасади варамкардаи Азизаро ёфтем.
Давом дорад