Манижа ном духтараки Фархориро замони донишҷӯияш дида, бо як нигоҳ ошиқи зораш гаштам. Ин паризод маро чунон волаю шайдои худ гардонд, ки дигар майли бо касе шинос шудан надоштам.
Манижа духтари меҳрубону боодоб аст. Пас аз хатми коллеҷ маҳбубаам ба зодгоҳаш Фархор рафту ман дар Душанбе мондам. Шабу рӯз бо ҳам телефонӣ суҳбат мекунем. Чанд бор бо баҳонаи хабаргирии хешу табор ба Фархор рафта, азизи диламро дида омадам, вале...
Ба дурии роҳ нигоҳ накарда бо умед бародарамро ба хонаашон хостгорӣ фиристодам, вале падари пулмасташ рад кард. Бародарам сахт ранҷида қасам хӯрд, ки дигар пою қадамашро ба дари онҳо намегузорад. Манижа ҳар дафъа занг зада мегӯяд, ки ягон илоҷ ёбам, вагарна волидонаш ӯро ба ягон каси дигар ба шавҳар медиҳанд, вале намехоҳад ҳамдигарро дӯст доштани мо ошкор шавад. Ман ҳайрони ин духтарам, охир аз гунҷишк тарсӣ, арзан накор гуфтаанд. Ин қадар, ки аз падараш метарсидааст, пас чаро дар дили ман оташи ишқро аланга дода, ба дарди бедавои муҳаббат гирифторам кард? Падару модар надорам, метарсам, ки боз ягон хешамро ба хостгорӣ фиристам ҳам, тарафи духтар “мо шуморо намедонему намешиносем” гуфта, розигӣ намедиҳанду хандахариши мардум мешавам.
Ба Манижа гуфтам, ки ақаллан ба модарат ҳамаашро фаҳмон, то падаратро ба гап дароварда розӣ кунонад, вале ин духтари якрав “фаҳманд, ки ман бо ту гап мезанам, маро мекушанд” гӯён, рад мекунад.
Бо умед ба шумо муроҷиат карда истодаам, то хонандагон роҳи ҳалли ин муамморо ба мани ҳайронмонда нишон диҳанд.
ИЛҲОМ, аз маҳаллаи Гипрозем