Formula novemver 2024
Ишқи духтари бадрў (ҚИСМИ 3)
2137

Гўширо гузоштам. Ҳамин вақт Нозбў занг зад ва ҳолати маро фаҳмида, як соат пас ҳамроҳи бибияш хўрдании зиёде бардошта омад.

Саврӣ-хола модарвор аз пешонии ман мебўсиду пойи гаҷбастаамро сила мекард. Дилам танг шуду ўро ба оғўш кашида гиристам, аз оғўши ин зан бўйи ошноеро эҳсос кардам, ки солҳо боз меҷўстамаш ва ҳамон рўз Саврӣ-холаро ба худам модар хондам. Нозбў шаш моҳ маро ба дарсу ба кор ҳамроҳӣ мекард, Саврӣ- хола ҳамеша бо мошинаш моро бурда меовард. Акнун ман барои ин оила одами худӣ шудам. Ҳарчанд онҳо дар хонаашон ду хизматгор доштанд, вале ман кушиш мекардам то дар кору бори ҳавлии калонашон ба онҳо ёрӣ расонам.

«Ғамхорӣ»-и падар

Мо дар курси панҷум мехондему ҳамроҳи Нозбў ба имтиҳони давлатӣ тайёрӣ медидем. Як шом дар ҳавлии онҳо ғарқи дарстайёркунӣ будем, ки мошини бадвоҳимае пушти дар қарор гирифт, аз он як зану як мард ва ҷавони ҳамсоли мо поин шуда, ба хона омаданд. Нозбў онҳоро хуб пешвоз гирифта, рўйи кат гузаронду модаркалонашро ҷеғ зад, то омадани Саврӣ-хола ў маро бо меҳмонон шинос кард:

- Ин кас Ҷовид, ҳамсабақи ман, Ҷовид ин мард падари ман Ҳаким Одилович ва ҳамсарашон Майсарабону…

- Ин ҷавон амакбачаат Сарвархоҷа,- гапи Нозбўро бурид падараш ҷониби ман нигоҳи баде карда. Хидматгорзан дар як дам пеши меҳмонон дастархони пурнозу неъмат орост ва суҳбат шурўъ шуд, ман ғайриихтиёри худам шоҳиди ин баҳси хонаводагӣ шудам. Падари Нозбў амромез гуфт:

- Апа, раҳмат ба шумо, ки дар ин солҳо дар тарбияи духтари ман саҳм доштед ва гирифтани ҳама гуна ёрдампулиро аз ман рад кардед, ҳарчанд шумо хуб медонед ман марди доро ҳастам. Акнун Нозбў донишгоҳро хатм мекунад, шумо низ пир шудаед, ман мехоҳам ўро ба писари додарам хонадор кунам, то хотирам аз ояндаи ў ҷамъ бошад. Сарвархоҷа ба шумо низ писарвор хизмат мекунад… Саврӣ- хола бо як тамкини хос гапи домоди собиқашро гўш карда гуфт:

- Ҳакимбой, аввал ин ки ман пир нашудаам, баъд ба писариву дастгирии касе муҳтоҷ нестам, дар бораи хонадорӣ бошад, фикри ҷавононро пурсидан лозим меояд.

Нозбў ба падараш нигоҳ карда гуфт:

- Ман ҳоло шавҳар карданӣ нестам…

Ҳамин вақт падари Нозбў бо овози баланд фарёд зад:

- Шавҳар карданӣ набошӣ, чаро ин буққая (маро ишора карда) аз пасат гирифта мегардӣ?! Ё гумон кардӣ, ки ҳамин ҷавони қоматбаланди зебо ба хотири пойи шалу чашмони кўрат аз пасат соя барин мегардад?! Сарвархоҷа писари амакат, ҷону ҷигарат, туро хор шудан намемонад…

Нозбў бо чашмони ашкбор ба падараш нигариста гуфт:

- Ту ҳақ надорӣ маро таҳқир кунӣ, ту падари ман набудӣ ва ҳеҷ гоҳ нестӣ, падари ман ҳамроҳи модарам мурд…

Саврӣ- хола аз ин хел ранг гирифтани ҳодиса асабӣ шуда, меҳмононро аз хона ронд, баъдтар мо фаҳмидем, ки падари Нозбў аз паси духтараш одам монда будаасту гумон доштааст, ки ман ба хотири чизу чора ва ҳавлию хонаҳои қаторашон бо Нозбў дўстӣ мекунам…

Пас аз ин «ғамхор»-ии падар, Нозбў ду моҳ ба худ наомад, вале ташвишу изтироби имтиҳоноту дипломгирӣ моро аз ин хархаша каме дур кард…

ҶОВИД

Таснифи Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД