Салом! Ман як зани аламзада, мехоҳам сарнавишти талхамро ба хонандагони азизи сомона нақл кунам.
Ману шавҳарам зиндагии тинҷу ором ва ширину осуда доштем, то он даме, ки духтарам Саида ба ҷавоне риштаи ишқу муҳаббат баст. Азбаски ману шавҳарам ҳарду кор мекардем, ҳар бегоҳ хаставу лакот ба хона баргашта, ягон дами гарм мехӯрдему сар ба болин мемондем. Шояд ҳамин серкориамон боис гашт, ки аз моҷарои ишқи фарзанди худ бехабар бимонем. Духтарам оҳиста-оҳиста аз хӯрду хӯрок монд. Чашмони маъюсу варамидаашро дида, дилам таҳ кашид ва сабаби парешонҳолиашро пурсидам. “Чизе нашудааст” гуфта, ба хонаи хоби худаш гузашт. Гумон кардам, ки духтарам нотоб шудаасту ба зудӣ ҳолаш беҳ мешавад, вале чеҳраи Саидаам рӯз торӯз хазон мегашт.
Рӯзе тасодуфан телефонаш ба дастам афтод ва ҳисси кунҷковиам боло гирифта, хостам фаҳмам, ки бо киҳо суҳбат мекунад. Паёмакҳояшро дида, ҳуш аз сарам парид. “Саида, маро бахш, ки туро якумра аз худ карда наметонам, мамашка ба чени оилаи худмон духтари як муллора ёфтай, пагоҳ хостгорӣ мерава” навишта буд Солеҳ ном ҷавоне ба духтарам. Саидаро ҷеғ зада пурсидам, ки ин бача кист ва чаро ба
вай чунин СМС фиристодааст? Ба ҷойи ба саволам ҷавоб додан вай ҷанҷол бардошт, ки чаро бе иҷозат телефонашро кофтам.
Адабашро доданӣ шуда, духтарамро дар хона маҳкам кардам ва падарашро аз ин моҷарои ошиқона огоҳ намудам. Шавҳарам дар сари қаҳру ғазаб духтарамро латукӯб кард ва ба ин ҳам қонеъ нагашта, фармуд, ки он бачаро ёбам. Худам ба Солеҳ занг зада, ӯро ба
вохӯрӣ даъват намудам. Ҷавон ба зудӣ расида омад, вале номардона ҳама айбу гуноҳро ба гардани Саида бор карда, “ман духтари шумоя фиреб накардам, худаш ҳар рӯз мада занг мезад. Қасам мехӯрам, ки ягон бор ҳатто дасти духтаратонро надоштаам. Ваъда дода будам, ки ӯро ба занӣ мегирам, лекин падару модарам розӣ нашуданд. Бе
дуои неки падару модар одам хушбахт намешавад, барои ҳамин ман духтари ёфтагии модарамро ба занӣ мегирам” гуфту баромада рафт.
Ҳамин тавр ошиқи бевафои духтарам рафту моро ба гирдоби ғам гирифтор кард. Шавҳарам “ту ва духтарат маро шарманда кардед” гуфта, сарашро гирифта, аз хона баромада рафт. Чанд моҳ боз дар Русия аст, на пул мефиристад ва на ҳолу аҳволамонро мепурсад.
Хусуру хушдоман ва додаршӯю хоҳаршӯйҳоям аз ман домангиранд, ки духтарамро дуруст тарбият карда натавонистам ва аз рӯйи ману духтарам шуда, писарашон овораи мулки мардум гаштааст.
Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам, ки шавҳарам ба хона баргардад ва аз ғурбати хешу табораш халос шавам?
И. Л.