Arzon march 2024
Ишқи давраи карантин (ҚИСМИ 1)
4094

 

Вақте дар синфи 8-ум таҳсил мекардам, бо писарони аз худам калонтар нишастанро дӯст медоштам, зеро аксаран аз ошиқиҳои худ нақлҳои аҷиб мекарданд. Ман ҳам ҳавас мекардам, ки кай ошиқ мешуда бошам, хеле мехостам ишқу муҳаббати асилро дар рагу пайванди худ эҳсос намоям. Мутаассифона, он замон намедонистам, ки оқибати ишқ ранҷу азоб аст.

Фасли баҳорон буд. Дар деҳаи мо ҳама бо тантана иди Наврӯзро ҷашн мегирифтанд. Ҳамсояи мо низ деги суманак гузошта буд. Бегоҳӣ барои ҳавои тоза гирифтан аз ҳавлиамон берун шудам. Ногаҳ чашмам ба духтари зебову хушқомате афтод, ки ӯро бори аввал медидам. Дар ҳамин лаҳзаҳо ба маънии ибораи «Ишқ аз нигоҳи аввал» сарфаҳм рафтам. Духтар хеле писандам омад. Рӯзи дигар ба мағоза барои харидкунӣ рафтам. Аз куҷое боз ҳамон духтар пайдо шуд ва маро бори дигар мафтуни худ кард. Ман акнун бо тамоми ҳастӣ ошиқ шуда будам. Рӯзи дигар аз писарчаи ҳамсояамон дар бораи духтари ношинос пурсон шудам. Писарча гуфт: ”Духтари холаам аст, Савсан ном дорад. Дар синфи 7-ум мехонад”. Пас аз чанд рӯз мо дар майдончаи варзишии назди мактабамон иди Наврӯзро ҷашн гирифтем. Ман дар он ҷо суруд мехондаму Савсан бошад, бо чанд духтар, ки аъзои гурӯҳи рақсии мактабамон буданд, мерақсид. Дар ҳамин маҳфил бо Савсан аз наздик шинос шуда, бо ҳам аҳду паймони ошиқӣ бастем. Минбаъд ҳафтае 3-4 маротиба вомехӯрдем ва аксаран дар бораи хонадор шудани ҳардуямон сухан мекардем. Ҳатто ба фарзандонамон ном интихоб карда будем. Ҳар боре, ки вомехӯрдем, ба ӯ мегуфтам: “Савсан, туро дӯст медорам ва хушбахттарин зани ҷаҳон мекунам”. Мутаассифона, пас аз 3 соли бо ҳам будани мо ҷаҳонро бемории COVID-19 фаро гирифт. Тамоми мардумро тарс гирифта буд. Дар кишварамон 2 моҳ карантин эълон карданд. Дар ин шабу рӯзҳо касе аз хона берун намебаромад. Ману дӯстдоштаам низ дигар натавонистем дар ин давра бо ҳам вохӯрем. Вақте ки карантин ба охир мерасид, бо корҳои оилавӣ муддати як моҳ ба шаҳри Хуҷанд рафтам. Пас аз бозгашт номае аз Савсан ба ман расид, ки муҳтавояш чунин буд: “Бегоҳ туро соати 17:00 дар ҷои ҳарвақта интизор ҳастам”. Мани ошиқ беқаророна  мунтазири соати дидор будам ва билохира, соат низ ба 17:00 наздик шуд. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД