Бо Парвина якуним сол хамчун зану шавхар зиндаги карданд. Пули хонаи ичораро Парвина аз мехнаташ пардохт мекард, Хуршед бошад пулхояшро ба модараш мефиристоду Парвинаро фиреб карда мегуфт, ки «токат кун, акаамро зан дихам, баъд барои хардуямон пул захира мекунам». Парвина , ки уро сахт дуст медошт, ба хар як суханаш бовар мекард. Баъди якуним сол Хуршед гуфт, ки кори хубтар дар шањри Толяти ёфтааст, барои хамин у муддате ба он чо мераваду Парвина бошад ба ватан баргардаду уро мунтазир шавад. Парвинаи содалавх ба суханони у боз бовар карда, тухфаи зиёд барои модару хохараш харида ба ватан рахсипор гардид. Парвина баъди ба ватан расидан эхсос кард, ки дилаш бехузур шуда гоххо чашмонаш сиёхи мезананду бехолу бемадор аст. Токат накарда ба назди духтур рафт. Баъди ташхис муайян шуд, ки у як моха хомиладор мебошад. Аввал хурсанд шуд. Аммо баъд фикр кард, ки чаро дигар Хуршед ба у занг зада аз худ дарак намедињад. Аз зикии дилаш бухс мекард. Хуршед бошад уро фиреб карда ба ватан баргашта мошини нав харида кайфу сафо карда мегашт. Он руз дар боги истироњатии кули комсомол Хуршед тасодуфан бо хохари Парвина шинос шуда буд. Баъди дидани Замира у хушу хаёлашро гум кард.Ба раками мобилии Замира занг зада холу ахвол пурсиду уро барои яхмосхури ба кахвахонаи Мерве таклиф намуд. Замира бо чону дил рози шуду пинхони аз апааш ба мулокот рафт. Ин муносибатхои онхо як мох давом кард. Рузе Хуршед гуфт, ки зангир асту ба хонаи онхо хостгор мефиристад. Хурсандии Замираро хадду канор набуд. Парвина бошад барои кофтукоби хонаводаи Хуршед ба махаллаи Хаёти нав омад, аммо чунин чавонро аз ин чо пайдо накард. Хуршед уро фиреб карда нишонии аникашро нагуфта буд. Доимо пинхони бо падару модараш дар мухочират гап мезад. Парвина намедонист, ки Хуршедро аз кучо ёбад. Бо ин шиками дамидааш ба Русия рафта наметавонист. Баъди омадани хостгорхо модари Парвина зуд рози шуду аз пайи тараддуди туй шуданд. То рузи туй Парвина намедонист, ки язнаи ояндааш хамон Хуршеди бевафо аст.
Рузи тӯй хам фаро расид. Парвина дар дил гамгин буд, ки у тую тамошоро надиду ин лаззати нотакрор ба хохараш муяссар гардид. Аммо руирост ин хиссиёташро нишон надода, зурбазураки механдад. Вакте, ки домод бо чурахояш ба хавли тахти садои карнаю сурнай даромад, Парвина кариб , ки бехуш шавад, охир домод хамон шавхари бевафояш буд.
-Наход ин чавон Хуршед бошад?
Хуршед хам Парвинаро диду сонияе карахт шуд. Аммо худро ба даст гирифта, асрорашро нигох дошт. Домодро ёр-ёр гуён ба таги чодар дароварданд. Парвина мехост, ки рафта аз гиребони Хуршед гирифта, уро пеши хама шармандаву шармсор гардонад, аммо дилаш ба хохараш сухт. Чунки Замираи ороставу арус чунон хурсанд буд, ки инро аз чехрааш дидан мумкин буд. Парвина ба хотири бахти хохар чизе нагуфта ба ошхона даромад. Ашки чашмони уро холааш дида гумон кард, ки барои хохараш гамгин шудааст.
-Зик нашав, Парвиначон, ман хам вакте ки хохарам шавхар кард, гамгин шуда будам. Худо бахташро дихад. Ана, ба худат нигар, бо шуйи дар Русия кардагиат холат ба даст.
Парвина ашки чашмонашро пок карду ба таги чодар нону табаки гуштбирёнро бурд. Домод худро ношинос вонамуд карда аз чояш пеши апаи арусаш хест.Чурахои домод салом дода гуфтанд, ки «апачон, бехтарин инсон язнаат мешавад». Парвина аз сухани бад гуфтан худдори карду аз таги чодар баромад. Ин лахза дилаш месухт. Ин сузиши дилашро танхо тифли шикамаш хис мекарду халос. Дидани шавхари никохиаш осон набуд барояш. Хуршед намедонист, ки Замира хохари Парвина аст, аммо охир дар мухочират ваъда карда буд, ки у барояш ягона хохад буд.
-Афсус, ин хама афсона будааст. Дигар ба ягон марди дунё бовар намекунам.
Парвина аз туйхона баромада ба суйи дарё рафт. Дигар зиндаги барояш маъние надошт. Замираро бошад бо шукуху шахомат ба хонаи бахташ гусел карданд. Парвина дар лаби дарё нишаста гиря мекард. Ин дакикахо зиндаги барояш беъмани буд. Фикру зикраш ба Хуршед банд буд. Диле ки дуст медорад, хеч гох бад дида наметавонад. Аввал фикр кард, ки худашро ба об мепартояд. Аммо боз андеша намуд, ки худкуши рохи халоси нест. Бояд ки у бо хаёт мубориза барад. Парвина бегохи ба хона баргашт. Модараш таъна кард, ки хамаи хешу таборон ба хонаи домод рафтанду ту апаи ягонааш рашк карда аз хона рафти. Замира аз ту сахт хафа шуд.
-Э очачони ман, дардамро ба ту чи хел фахмонам, ки даво надорад.
-Чи шуд духтарам?
-Охир….у мехост сирашро фош созад, аммо боз чехраи шукуфони Замираро ба хотир оварду хомуш шуд.
Хуршед баъди туй ба Замира гуфт, ки танхо бо ичозати у ба хонаи модараш меравад. Замира гуфт, ки майлаш, чизе ки шумо гуед. Хуршед баъди дидани Парвинаи шикамдамида сару калобаашро гум карда хотирпарешон мегашт. Акнун дарк намуд, ки ишки шахри гариби дигар асту фаромуш карданаш гайриимкон. Ду дили танхову гариб, ду дили мехрчу бо якдигар вомехуранду бо хам одат мекунанд. Бо дидани Парвина вичдонаш уро азоб медод. Медонист, ки Парвина бовафо асту ин тифли шикамаш тааллук ба у дорад. Хуршед пинхони аз занаш ба Парвина занг зада хохиши мулокот кард.
Парвина рози шуда ба мулокот рафт. Хуршед ба ӯ гунахкорона салом дода гуфт:
-Бовар кун Парвина, ман намедони стам, ки Замира хохари ту аст.
-Пас, чаро маро дар мухочират партофта ба Ватан омади?
-Падару модарам гуфтанд, ки зани дар Русия гирифтагиат харгиз келини мо намешавад. Такдирро бин, ки хохари ту келини онхо шуд.
Давом дорад