Formula novemver 2024
Ишқ не, доми бало Қисми 2
1625

Рӯзи дигар Лайло қаҳр карда, ба хонаашон рафт, падарам низ дигар аз қафояш нарафт, акнун Гуландом ҳар шаб дар назди падарам буд. Баъди як ҳафта падарам маро ба хонаи худамон овард ва ман ҳамаи чизи дидаамро ба модарам нақл кардам. Модарам бо заҳрханда гуфт:- Накун ба хешат ояд ба пешат.

Намедонам аз ин воқеа чанд моҳ гузашт, ки шабе падарам бо Гуландому як марди дигар меҳмонамон шуд. Модарам аз таҳти дил онҳоро меҳмондорӣ карданд, чун ман ба ӯ гуфтам, ки ин зан Гуландом аст, ӯ аз меҳмон пурсид, ки бо шавҳари ман чӣ муносибат дорӣ? Гуландом бо ханда посух дод:

-Янгаҷон, ташвиш нашавед, ману Ҷаҳонгир дӯстони ҷонием, ӯро чун бародар медонам, ман шавҳару чор фарзанд, домоду келин ва ду набера дорам,- Гуландом инро гуфта, ангуштарини қимматбаҳоеро аз ангушташ бароварда, ба ангушти модарам андохт, модари қишлоқии ман ба вай бовар кард. Гуландом мувофиқи ваъда маро ба хонааш бурд, ман бо духтаронаш дугона шудам, вай дар ҳақиқат шавҳар дошт, вале ҳайрон мешудам, ки чӣ гуна зани шавҳардор дар ноҳия шабҳо бо падари ман мехобид?! Ду сол муносибатҳои падараму Гуландом пинҳонӣ давом карданд, ин зани палид ба шавҳараш мегуфтааст, ки барои нигаҳдории тиҷорати ман (ӯ чанд мағоза дошту аз хориҷа мол оварда мефурӯхт) «криша» даркор аст ва Ҷаҳонгир ҳақашро гирифта, маро муҳофизат мекунад…

Баъди чанде шавҳараш онҳоро дар бистари хоб дошта, Гуландомро аз хона пеш кард, фарзандонаш ҳам аз модарашон рӯй гардонданд. Чун Гуландом хонаи дигар низ доштааст ба осонӣ аз баҳри фарзанду набераҳояш баромада, бо падари ман зиндагии нав оғоз намуд. Ёд дорам, амакҳоям падарамро насиҳат мекарданд, ки аз ин фоҳиша худатро дур гир, ки оқибат ба бало мепечӣ, вале ӯ гӯш намекард. Падарам дар пойтахт кор мекарду зуд-зуд ҳамроҳи Гуландом ба хориҷа сафар мекард, моро дер-дер хабаргирӣ биёяд ҳам, пуламон мефиристод. Вале як рӯз писари амакам бо ранги канда аз дар даромада гуфт, ки акаамро зиндонӣ карданд….

Баъдтар фаҳмидем, ки аз дохили мошини шахсии падарам бист килограм маводи мухаддир пайдо кардаанд. Падарам дар зиндон буду мо дар оташи ғам месӯхтем, Гуландом ба хонаамон омада, аз модарам иҷозат гирифта, хонаи чор ҳуҷрагии дар пойтахт доштаамонро ба савдо гузошт. Ӯ ваъда дод, ки хонаи худашро низ фурӯхта, падарамро аз зиндон мебарорад. Амакҳоям низ тамоми пасандозашонро ба маблағи шаст ҳазор доллар бароварда, ба дасти ӯ доданд, вале падарамро ба муҳлати ҳабдаҳ сол равонаи зиндон карданду Гуландом бедарак шуд. Баъдҳо фаҳмидем, ки ӯ дар Маскав шавҳари аз худаш бист сол ҷавон карда, пулҳои моро хӯрда гаштааст. Падарам инро шунида, ба касали дил печид ва баъди чор соли дар зиндон будан, ин оламро падруд гуфт. Ҷасади падари ҷавонмаргамро ба деҳа оварданд, хурду калон дар азои ӯ ашк мерехтанд, як марди чорпаҳлӯи боақл, насиҳатгари садҳо кас, шахсе, ки гиреҳи даҳҳо ҷиноятро кушода буд, асири доми фоҳишае гашта, умрашро барбод дод. Имрӯз ҳамаи мо соҳиби хонаю дари обод ва зиндагии осоишта ҳастем, шукри модари аламкашидаамон, ки ҳамеша роҳбару раҳнамои мост, вале ҳар гоҳе ёди падар домангирам мешавад, диламро дарди сӯзоне панҷа мезанад. Гоҳо аз модарам домангир мешавам, ки натавонист шавҳарашро бо шаттоҳию ҷангу ҷанҷол аз доми фоҳишаҳо раҳо кунад, гоҳи дигар Гуландоми фоҳишаро, ки имрӯз дар ба дару хок бар сар аст, дуои бад мекунам. Аммо аз ин ҳама чӣ суд?

Падарамро хомии худаш зери хоки хунук бурд, сияҳному гумном намуд, шояд сарнавишти падари ман барои мардоне, ки доим думболи занони бегона гашта ба модари фарзандонашон хиёнат мекунанд, дарси зиндагӣ гардад?

                                             Маҳдия, вилояти Хатлон

                                                   Таснифи Нисо Холид

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД