Салом! Ман як духтари дилсӯхта мехоҳам қиссаи зиндагиамро ба шумо нақл кунам. Боварӣ дорам, ки саргузашти талхи маро шунида, гиребони ҳайрат медоред.
Замони дар донишгоҳ таҳсил карданам бо Умедҷон ном бачаи шаҳрӣ шинос шуда, риштаи ишқу муҳаббат бастем. Суҳбатҳои мо аз рӯйи ҳавову ҳавас не, балки ишқи ҳақиқӣ буд. Умедҷон ваъда дода буд, ки баъди хатми донишгоҳ падару модарашро ба хонаи мо хостгорӣ равон мекунад, вале...
Мани сода рози диламро ба хоҳарам гуфта, расмҳои Умедҷонро, ки бисёр ҷавони зебо ва аз як оилаи сарватманд буд, нишон додам. Ростӣ ҳатто ба гӯшаи хаёлам ҳам намерасид, ки хоҳарам метавонад ба бахти ман чашм ало кунад, вале рӯзе хоҳарам телефонашро назди тиреза монда, телефони маро гирифта, барои саршӯйӣ ба ҳамом даромад. Ҳамон рӯзи наҳс вай рақамҳои Умедҷонро аз телефони ман гирифта будааст. Пас аз ин ҳодиса оҳиста-оҳиста муносибати дӯстдоштаам бо ман тағйир ёфтан гирифт. Умедҷон бо ҳар баҳона худро аз ман дур мегирифт. Ҳайрон будам, ки чаро чунин мекунад, аммо билохира ҳақиқат рӯйи об баромад. Боре бемор шуда, чанд рӯз ба дарс рафта натавонистам. Дар яке аз ҳамон рӯзҳои бемориам рӯйи ҷогаҳ хобида будам, ки телефони хоҳарам пай дар пай занг задан гирифт. Азбаски хоҳарам дар хона набуд, маҷбур шудам, ки аз ҷоям хеста ҷавоб диҳам. Вақте ки ба экрани телефон чашм давондам, ҳайрон шудам, зеро занг аз рақамҳои Умедҷон меомад. Гӯширо бардоштам ва “асалҷон, чи хелӣ, ёдат кардам” гуфтани Умедҷонро шунида, хаёл кардам, ки аз сарам як сатил оби ҷӯшидагӣ рехтанд. Чизе нагуфта телефонро хомӯш кардам ва кунҷковона саҳифаи паёмакҳои телефонро кушодам. Маълум гашт, ки хоҳарам кайҳо боз ба дӯстдоштаи ман мегаштааст ва онҳо ба ҳамдигар паёмакҳои ошиқона мефиристодаанд. Хоҳарам ба хотири ба даст овардани дили Умедҷон маро дар назди он ҷавон сиёҳ карда, чунон туҳматҳое кардааст, ки душмани кас ҳам намекунад. Суханони хоҳарам миси корд аз устухонам гузаштанд, аммо сир бой надодам.
Хулоса, хоҳарам ба умед буд, ки арӯси он хонадони бою бадавлат мешавад, аммо Умедҷон на маро ба занӣ гирифту на ӯро, волидонаш аз як оилаи мисли худашон сарватманд арӯс ёфта, ӯро хонадор карданд.
Ишқи Умедҷонро кайҳо аз дилам пок карда бошам ҳам, то ҳол алами коре, ки хоҳарам бо ман кард, аз дилам намеравад...
Н. А, хонандаи Оила. ТЧ