Тахминан соати 4 - и субҳи имрӯз дар минтақаи ҳамсояи маҳаллаи Лангари Моҳиёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара сардори дидбонгоҳи «Кӯктош» - и Қӯшунҳои Сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон лейтенанти калон Шер Кабиров аз ҷониби шахси номаълум, ки аз силоҳи шикории тамғаи «ТОЗ - 8» истифода намудааст, захм бардоштааст.
Ҳамзамон 1 километр дуртар аз хати сарҳад шаҳрванди Тоҷикистон Ваҳҳобов Воҳид Абдулҳаевич, соли таваллудаш 1955, сокини маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, боғбони бригадаи №4 - уми ҳамин ҷамоат аз тарафи пояш аз ҷониби қирғизҳо захмӣ шуда, ҳалок гардид.
Бино ба иттилои дардастодошта мақомоти дахлдори ҳарду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, барои мушаххас намудани ҷузъиёти қазияи бамиёномада дар байни аҳолӣ корҳои тафтишотӣ ва фаҳмондадиҳӣ бурда истодаанд.
Ёдовар мешавем, ки муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон маротибаи аввал набуда, қирғизҳо аллакай чанд шаҳрванди Тоҷикистонро куштаву захмӣ карданд.
Қаблан, сомонаи “Оила” дар такя ба Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар иттилоъ дода буд, ки соатҳои тахминан 11:55-и рӯзи 27 майи соли 2020 шаҳрванди Қирғизистон Бахтибеков Соат, сокини ҷамоати Оқсой ба сӯйи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаропова Шукрона Зуҳурбоевна, соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, коргари бригадаи №14-уми тухмипарварии ҳамин маҳалла тир кушода, ӯро аз қисмати рости баданаш захмӣ кардааст.
Дар 3 шабонарӯзи ҳамон вақт ин дувумин ҳамла аз ҷониби қирғизҳо ба ҷониби сокинони кишвари мо буд. Субҳи 24 май низ дар натиҷаи тирпарронии байни марзбонони тоҷику қирғиз дар қисмати Ворухи Исфара сарбози қаториии тоҷик Зоиров Давлатёр (соли таваллудаш 2001) аз пояш захмӣ шуд.