Arzon march 2024
Исфандиёри Мирзо зан гирифт?
1658

 

Даричаи ошноӣ:
Ному насаб: Исфандиёри Мирзо.

Соли таваллуд: 17-06-1994.
Бурҷ: саратон.
Касб: ҳаҷвнигор ва сароянда.

Имиҷ: Суруди “Фарёди ишқ”.
Хӯроки дӯстдоштааш: манту.
Шиор: “Ё ҳама чиз ё ҳеҷ чиз”.

-Исфандиёр, то ҷое, ки мо огоҳӣ дорем, шумо ҳунари ҳаҷвнигорӣ ҳам доред. Мегуфтед, ки шумо худро дар роҳи сарояндагӣ бештар муваффақ меҳисобед ё дар ҳаҷв?

-Дар ҳаҷв гӯям, хато намешавад, чунки ман пештар дар театр-студияи “Хандоханд” фаъолият менамудам ва чандин барномаҳои ҳаҷвиро пешкаши мардум гардонида мухлисони зиёде доштам.

-Сароянда шудан барои як ҷавони ҳаҷвнигор магар душвор набуд?

-Мушкил бошад ҳам, оташи шавқу ҳаваси дилро хомӯш карда намешудааст. Аз рӯзе, ки ба сарояндагӣ рӯ овардам, ман худро комилан хушбахт эҳсос менамоям.

-Дар замони муосир бе сарпараст фаъолият намудан бисёр душвор аст. Шуморо аз ҷиҳати молиявӣ кӣ дастгирӣ мекунад?

-Ман ҳанӯз 9-сола будам, ки сарояндагӣ мекардам. Тӯли 14 сол аст, ки дар саҳна ҳастам. Шукрона аз он мекунам, ки падару модарам одамони санъатдӯст ҳастанд ва дар ҳама ҳолат маро дастгирӣ мекунанд. Суруди “Фарёди ишқ”-ро ман маҳз бо кӯмаки волидонам ва дӯсти наздикам Хуршеди Каримзод омода намуда, муваффақ гаштам. Ин тарона ба зудӣ дар байни мардум машҳур гашт ва маро мешинохтагӣ шуданд.

-Мегӯянд, ки фарёди ишқатон фарёдрас ёфтаву шумо хонадор шудаед?

-Бале, рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар тарабхнаи “Меҳр” тӯйи домодӣ доштам.

-Базми домодиатонро кӣ обод намуд?

-Тӯйи домодии ман ба базми аҳли ҳунар табдил ёфт. Ҳунармадони машҳури кишварамон устод Қобилҷони Зариф, Файзигул Юсупова, Эркинҷон Одинаев, Пенҷӣ Аннаев, Гулпарӣ Давлатова ва боз чандин сарояндагони дигар дар маҳфил иштирок доштанд ва як базми хотирмони шоҳона оростанд.

-Ба ҷавонмардони ҳунарманд духтарони зиёде занг мезананд. Барои он ки янга СМС-ҳои ошиқонаи ба шумо омадаро хонда, аз гиребонатон нагирад, аз ин пас ба телефонатон код мемондагистед?

-Арӯси ман духтари шаҳрӣ ва ботарбия аст, боварӣ дорам, ки баҳудаву беҳуда телефони маро кофтукоб карда, барои дупула гап ҷангу ҷанҷол намебардорад. Ӯ хуб медонад, ки шавҳараш санъаткор аст ва хоҳ-нохоҳ духтарҳои зиёде ба ӯ занг мезананд, менависанд ва соядаст мепурсанд. Ҳаёти орому осоишта хоҳад, бояд аз рӯзҳои аввали ба ин чизҳо одат кунад.

-Бароятон хушбахтӣ мехоҳем!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД