Акрам Абӯбакр, асири фаластинӣ, ки ба ҳабси абад маҳкум шуда буд, боз бо ҳамсари вафодораш аҳди зиндагӣ баст. 23 сол пеш ӯ бо дили пур аз дард ҳамсарашро талоқ дод, то зиндагии ӯро дар интизори озодии худ маҳдуд насозад.
Аммо муҳаббати воқеӣ сабр ва вафодорӣ мехоҳад. Ҳамсараш солҳои зиёд бо сабр ва умед лаҳзаи озодии ӯро интизор шуд ва аввалин касе буд, ки дар Қоҳира ба истиқболи ӯ баромад.
Ва ҳоло, пас аз беш аз ду даҳсола ҷудоӣ, достони ин ду ошиқ бо издивоҷе дубора самар дод - рамзе аз вафодорӣ, умед ва қудрати бепоёни ишқ.
Абӯбакр аз ҷониби додгоҳи Исроил ба ҳукми абад маҳкум шуда буд, аммо ҷанги ахир ва тавофуқҳои он сабаби озодияш гашт.