Arzon march 2024
ҚИРҒИЗҲО МУҲОҶИРОНИ ТОҶИКРО ОЗОР МЕДИҲАНД?
2709

Моҷарои мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳал шуда, тарафҳо ба мусолиҳа расида бошанд ҳам, осори он ҳанӯз ба пуррагӣ аз байн нарафтааст. Дар байни мардум ҳанӯз сару садоҳо дар бораи он ки гӯё тоҷиконро дар марзи Қирғизистон озор медиҳанд, хеле зиёданд.

"Островок фарханга" навори видеоеро пахш намудааст, ки дар он муҳоҷирони тоҷик аз мавриди озор қарор гирифтанашон дар шаҳри Ош шикоят мекунанд. Навор дар дохили мошин сабт шуда, чеҳраи муҳоҷирон аслан намоён нест, вале садои ду нафар ба гӯш мерасад, ки аз лату кӯб шудани худ дар Қирғизистон шиква мекунанд. Яке аз онҳо қисса мекунад, ки теъдоди 20 нафар муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз Русия бо воситаи Қирғизистон ба Ватан бармегаштанд, аммо дар фурудгоҳи шаҳри Ош бо баҳонаи он, ки вазъият дар марз ором нест ва тоҷиконро бояд бо муҳофизон-сопровождение гусел намоянд, онҳоро аз дигар мусофирон ҷудо карда, ба мошинҳо савор карданд.

Раҳораҳ ба гуфти ин муҳоҷир, ки чеҳрааш дар навор дида намешавад, қирғизҳо муҳоҷирони тоҷикро хеле озор дода, пулҳояшонро бо роҳи таҳдид ва зӯрӣ таҳдид кашида гирифтаанд ва билохира онҳоро дар марзи Узбекистон раҳо карда рафтаанд. Ҷавони дигар суханони рафиқашро тасдиқ намуда, мегӯяд, ронандаи мошин марди ӯзбек аст ва аз рӯйи раҳм онҳоро бе пул то марзи Тоҷикистон бурда истодааст. Дар охир ҷавонон аз муҳоҷирони тоҷик хоҳиш мекунанд, ки аз парвоз тариқи Қирғизистон худдорӣ намоянд, то ки мисли онҳо мавриди ранҷу озор қарор нагиранд...

Ҳамзамон як зани тоҷик бо исми Фароғат Раҷабова аз ҷабри қирғизҳо шикоят карда мегӯяд, писараш бояд аз шаҳри Питер тариқи Қирғизистон ба Ватан бармегашт, вале дар фурудгоҳ онҳоро ба мошин савор карда ба як саҳро бурдаанд ва пулу молашонро ғорат кардаву онҳоро лату кӯб намуда, баъдан бо як ҳоли зор партофта рафтаанд.

Ин зан ҳам аз мардуми ӯзбек миннатдорӣ мекунад, ки ба ҳоли фарзандаш раҳм намуда, ӯро ба Ватан гусел кардаанд.

Фароғат Раҷабова мегӯяд, писараш бар асари лату кӯби қирғизҳо хеле зарб хӯрдаасту онҳо барои гузаштан аз ташхис ба экспертиза омаданд.
Албатта мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муайян месозанд, ки ин шикоят ва сару садоҳо то куҷо асос доранд, вале мо аз тамоми муҳоҷирони меҳнатии тоҷик хоҳиш мекунем, ки ба хотири амнияти худ аз парвоз бо воситаи кишварҳои дигар муввақатан худдорӣ намоянд.

Шукри худо имрӯз байни Тоҷикистон ва Русия парвозҳои доимӣ амал мекунанд ва шумо метавонед бидуни хавфу хатар рост ба Ватан парвоз карда, аз дидори падару модар ва оилаву фарзандонатон лаззат баред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД