Ромиз бо ҳамсараш Фарзона дар муҳоҷирати меҳнатӣ буданд. Ҳарду дар як завод кор мекарданд. Гоҳо бастҳои шабона, рӯзонаи корӣ иваз мешуд.
Он рӯзи ваҳшат Ромиз дар сменаи шабона буду ҳамсари ҷавонаш дар хонаи иҷораашон. Дар ин хонаи иҷораи баракӣ ду оила ва ду ҷавони муҳоҷири дигар алоҳида-алоҳида зиндагӣ мекарданд. Он шаб он зану шавҳари дигар ҳуҷра ба куҷое меҳмонӣ рафта буданд. Ҷавонҳои ҳуҷраи рӯ ба рӯ зиндагӣ мекардагӣ шабона дар хона буданд. Ҳамсари Ромиз ҷавону зебо буд. Ҷавонҳои гумроҳ побанди шароб он шаб якбора ба ҳуҷраи Фарзона “янга намак доред?” гӯён даромаданд ва ӯро бо як мушт ба замин афтонда, таҷовуз карданд ва боз гӯё чизе нашуда бошад, баромада рафтанд. Тарсиданд, ки Ромиз меояду кормандони полисро фарёд мекунад. Худи ҳамон шаб ба хонаи як ҷӯраашон рафтанд.
Фарзона қарибиҳои субҳидам ба ҳуш омад. Лабу даҳонаш вараму пури хун буд. Рафта гирён дар ташноб оббозӣ карду дар сараш фақат фикри худкушӣ буд. Ӯ якбора 28 дона ҳаби доруҳои ҳархеларо фурӯ бурд. Дар хаёлаш фақат фикри худкушӣ чарх мезад.
Вақте шавҳараш аз сменаи шабона омад, занаш беҳушу беёд рӯйи роҳрави ҳуҷра мехобид. Давида додгӯён сари ӯро бардошт. Ӯ ҳарорати баланд дошт. Ромиз зуд ба мошини ёрии таъҷилӣ занг зад. Духтурон меъдаи ӯро зуд тоза карда, аз марг наҷоташ доданд. Аммо Фарзона фақат дод мегуфт:
- Ман мурдан мехоҳам!
- Ба ту чӣ шуд, ҷонам?
- Ман мурдан мехоҳам!
Фарзона зор-зор мегирист, аммо ба ҳақиқати талх иқрор намешуд. Дар беморхона ду ҳафта табобат гирифт, аммо ҳолати рӯҳиаш бадтар мешуду хубтар не. Оқибат Ромиз маҷбур шуд, ки ӯро барои дуохонӣ ба ватан фиристад.
Вақти хайрухуш ӯро Фарзона бо ҳасрат ба оғӯш кашида, гуфт:
- Мардак, ман шуморо дӯст медорам. Пиҳилам кунед.
- Чаро чунин гапҳои бемаврид мегӯӣ? Зиндагии мо нав ду сол шуд. Ҳамаи хушиҳо дар пеш.
- Мардак, орзуҳои ман сӯхт.
- Дигар ин гапатро нафаҳмам.
Ромиз фикр кард, ки шояд ду сол аст ҳанӯз фарзанддор нашудаанд ва барои ҳамин занаш зиқ аст.
Гуфт:
- Занак, зиқ нашав. Иншоаллоҳ табобатро бигир, ман камтар пул ҷамъ кунам, меоям.
- Марди ягонаи ман, дидор дар қиёмат.
Дили Фарзона пур аз ногуфтаҳо буд. Аммо наметавонист рӯирост ба шавҳараш чизе бигӯяд. Шарми тоҷикона намегузошт, ки аз номардии он худобехабарон шиква кунад.
Ӯ бо ашки талх ба ҳавопаймо савор шуд.
Фарзона дар ватан табобати ҷиддӣ гирифт. Аммо ҳеч саломатиаш рӯҳан хуб намешуд. Пеши назараш фақат симои манфури он ду касофат буд.
Баъди се моҳ ҷавонзан якбора аз по монд. Ғамбода ӯро шикаст. Аз фикру гиря коҳид. Ҳис мекард, ки рӯзе мисли шамъ мемирад. Боз ӯро ба беморхона бурданд.
Ӯ шабе ба телефони ҳамсараш овоз фиристода, тамоми воқеаи оншабаро бо гиря нақл карду дар охир гуфт:
- Марди ягонаи ман, аз ту хоҳиш, баъди марги ман ин ду касофатро ҷазо бидеҳ, илтимос. Барои ҳаёти сӯхтаи ман қасд бигир. Қасд ба қиёмат намонад.
Он шаб Ромиз дар хоб буд. Қарибии саҳар хусураш занг зада, гуфт, ки писарам, Фарзонаро аз даст додем, ӯ пеши Худо рафт.
Ромиз дод гуфт. Охирин паёмакҳои дардноки ҳамсарашро гӯш кард. Якбора девона шуд.
Ин ҳангом он номардакҳо дар кор буданд. Онҳо дар бозор сабзавот мефурӯхтанд.
Ромиз ба дил гуфт, ки “ҳоло истед, ман ба ватан рафта занамро гӯронам, омада ҳардуи шуморо ахта мекунам. Интиқом дар пеш аст”.
Ӯ зуд чиптаи рафту бозгашти онлайнӣ хариду ба зодгоҳ парвоз кард.
Баъди гӯручӯби ҳамсари азизаш ба Русия баргашт.
Ромиз як дӯсти криминали сиган бо исми Арагай дошт. Пеши ӯ рафта, кумак пурсид. Ӯ гуфт:
- Бемалол, ройгон барои қатли ин ҳаромакҳо кумак мекунам.
Аммо Ромиз гуфт:
- Онҳоро аввал азоб дода, баъд ахта кардан даркор. Фаҳмидӣ?
(Давом дорад)
Шаҳлои НАҶМИДДИН