Қадаме ба зиндагии нав
Ҳамин ки субҳ дамид, либосҳои зебоямро пӯшида, хеста ба онҳое, ки дастархон меоварданд, салом додам.
Пас аз наҳорӣ маро сари суфрабаророн карданду янгаҳои аз қафоям омада ба хонаҳояшон баргаштанд. Пас аз рафтани онҳо ҳамроҳи авсунам сандуқҳоямро ҷо ба ҷо гузошта, кӯрпаҳоямро тал задам.
Хонаҳоямро ҷорӯб зада, хонаи хобамро дуруст кардам, болои дивани қимматбаҳои хоб болину бистари пари қӯ партофта, ба берун барои ёрӣ баромадем.
Хизматгорзанон аллакай ҳама ҷоро ба тартиб оварда буданд, авсунам Бону, ки ҷавонзани соҳибҷамолу меҳрубоне буд, бароям ҳоҷатхонаю ҳаммом, матбаху дигар ҷойҳои ин ҳавлии калонро нишон дод.
Аммо домод наменамуд, ӯ ҳатто боре ҳам наздам надаромад ва аз ҳолам напурсид. Шом фаро расиду ман ҳамроҳи авсунам каме хӯроки шом тановул намуда, табақу косаро ҷо ба ҷо карда, ба хонаи хобам рафтам.
Авсунам маро ҳамроҳӣ мекард, дар назарам ҳама аҳли хонавода аз чизе дар ташвишанд, дар изтиробанд, интизори воқеае ҳастанд. Ягон нафари онҳо ба чашмонам рост нигоҳ намекарданд, гӯё пеши ман гунаҳгор бошанд. Ростӣ, аз ин ҳолат дар ҳайрат задам.
Домоди бедил
Авсунам бо меҳрубонии хоҳарона ба ман баъзе чизҳои заруриро гуфт, ҳамин вақт ба гӯшамон овози гиряолуди хушдоманам расид, ки дар хонаи шафат Аминҷонро зорӣ мекард, ки назди ман дарояд.
-Э бача, ҷигарамаро хун кардӣ, гул барин духтарро бароят арӯс карда овардам, чаро назадаш намедароӣ?
-Ман шуморо зорӣ накарда будам, ки барои ман арӯс биёред, чаро шумо маро намефаҳмед, агар ман ба назди ӯ дароям ё маро мекушанд ё ӯро!-фарёд мезад домод, ман аз тарс дар ҷоям шах шудам, кӣ маро мекуштааст?! Бону авзои маро дида, китфонашро ба ҳам кашида гуфт:
-Арӯсҷон, зиқ нашав, ин ҳевари ман ҳамин хел эрка, ҳар гап мебофад. Шаб аз нима гузашт, баъд домодро дилу бедилон назди ман дароварданд…
Домод аз дар даромаду бӯи баде хонаро фаро гирифт, ман беихтиёр бо лаби рӯймолам биниямро маҳкам кардам. Аммо хушдоману зани ҳеварам гӯё чизе нашуда бошад, аз хона баромада рафтанд.
Ману Аминҷон дар хона танҳо мондем, домод пеши дар рӯи қолин дароз кашид, ман ҳам аз мондагӣ ва бехобии шабона зиёд монда шуда будам ва болиштеро зери сар монда, пеши рахти хобам дароз кашидам.
Нисфи шаб боз ҳамон духтар ба хобам даромад, ин дафъа ӯ назди дар пеши Аминҷон меистоду сарашро сила мекард, нигоҳи хашминашро бошад, аз ман намеканд.
Қариб як ҳафта авҳол ҳамин буд, рахти қиматбаҳои бо сад умед харидаи падарам бесоҳиб буду мо ду нафар рӯи замин мехобидем, духтараки жулидамӯй бошад, байни ҳардуямон «сарҳадбон».
Аминҷон бо ман умуман гап намезад, гӯё ман барояш вуҷуд надоштам. Ман аз бемеҳрии домоду хобҳои якхелаи ҳаррӯзаам, маъние набардошта, гумон мекардам, ки Аминҷон духтари дигарро дӯст медораду маро маҷбуран ба ӯ додаанд.
Нимкосаи зери коса
Пас аз гузаштани як ҳафта авсунам, ки ба хонаи модараш рафта буд, баргашт, то бо мо хайру хуш карда, ҳамроҳи шавҳараш ба Хитой равад. Чун ӯ аз ман авҳол пурсид, ман ноилоҷ хобҳои дидаам ва бедилии Аминҷонро барояш нақл кардам, ҳамон шаб хушдоманам маро наздаш хонду асрори париошиқ будани писарашро наздам кушод.
Хушдоманам зор-зор мегирист ва муллоеро, ки онҳоро ба зан додани Аминҷон талқин карда буд, дуои бад менамуд. Аминҷони дамдузд дар як мағозаи падараш қисмҳои эҳтиётии автомошина мефурӯхт, бинанда ҳеҷ гумон намекард, ки ӯ бемор аст, вале….
Хушдоманам боз назди муллои дигар рафт ва ин домулло ману Аминҷонро якҷоя дуо мехонд, рӯзи сеюми дуохонии домулло аҳволи Аминҷон бад шудан гирифт, гӯё касе вайро буғӣ мекарда бошад, лабҳояш каб-кабуд шуданд.
Домулло дуохониро бас карду Аминҷонро об пошида, ба худ оварданд. Домулло рафт ва гуфт, ки се-чор рӯз пас аз беҳтар шудани авзои Аминҷон худаш ба дуохонӣ меояд.
Шавҳарам пас аз ба худ омадан бо гиряву зорӣ аз модараш хоҳиш кард, ки маро ба хонаамон баранд. Бечора хушдоманам бо дили пурхун кулчаю талқон карда, маро ҳафта бурд, падару модарам аз ин омадани мо ҳайрон шуданд, зеро маро наталбида буданд.
-Келин зиқ шудааст, барои ҳамин талбидани шуморо нигоҳ накарда, ҳафтааш овардам,- ғамашро дар сандуқи дил зиндонӣ карда, дурӯғ гуфт, хушдоманам. Модарам норозиёна ба ман нигарист, хушдоманам наомадани писарашро аз серкорӣ шарҳ дод.
Фоҷиаи париошиқ
Пас аз рафтани хушдоманам модарам маро наздаш шинонида гуфт:
-Ту айба намедонӣ, ки зиқ шуданатро ба хушдоманат нишон додӣ?! Духтари ахмақ, наход одам дар хонаи худаш зиқ шавад? Агар як бори дигар ҳамин номаъқулиятро кунӣ, мӯйҳои саратро якта-якта канда мепартоям.
Хушдоманам маро таъкид карда буд, ки дар бораи бемории муаммомонанди шавҳрам ба касе лаб накушоям, аз ин рӯ, хомӯш сарзаниши модарамро гӯш кардам ва ҳамон шаб аввалин бор пас аз шавҳар карданам баҳузур хоб рафтам, хоб ҳам надидам.
Рӯзи дигар аз субҳ каме ба корҳои модарам ёрӣ додам, сарам вазнин буду хоб мехостам, ба пештоқи хона даромада, дароз кашидам ва нимхобу нимбедор, боз ҳамон духтаракро дидам, шоду масрур буд, бо либосҳои зебо гоҳ механдиду гоҳ мерақсид.
Тарсида аз ҷоям хестам, пас аз ду соат мошине назди хонаамон қарор гирифт, ронанда ба модарам чизе гуфт, модарам дар дами дар нишасту дастонашро ба рӯяш бурда, ҳунгос зада гирист…
Давида ба берун баромадам, модарам аз ҷояш хесту гапро дароз накарда, маро ба мошин шинонд, дилам аз ҳодисаи нохуше гувоҳӣ медод. Чун мошин ба роҳ даромад, модарам гуфт, шавҳарат аз баландие афтидаасту дар беморхона назди ӯ меравем.
Чун ба назди дарвозаамон расидем, модарам аз бағалаш рӯймоли сафедеро бароварда, ба сарам партофт, ман фаҳмидам, ки бо Аминҷон фоҷиа рӯй додааст.
Дар хонаи дирӯзакак тӯйхонаамон қиёмат қоим буд, хушдоманам рӯи ҷасади беҷони писараш рӯю мӯй меканд, омадани маро пайхас ҳам накард.
Баъд аз гӯру чӯб кардани шавҳарам аз забони авсунам шунидам, ки хушдоманам мехоҳад, ки боз домуллоро барои дуохонӣ даъват кунад, вале Аминҷон бо модараш ҷанг карда баромада меравад ва баъди ду соат ҷасадашро аз назди бинои нӯҳошёна меёбанд. Ӯ худкушӣ карда буд…
Инак, аз марги Аминҷони ноком ду сол мегузарад, хостгорони ман зиёданд, мани бокира номи бевагиро гирифта мегардам, вале аз издивоҷ метарсам…