arzon replenishment
Интиқоми парӣ қисми 1
25.11.2022
ҲИЛОЛА
2201

            

                       Тиллодухтар

Ман дар хонадонамон фарзанди деринтизор будаам, зеро волидонам баъди ишқу муҳаббати ҷӯшон хонадор шуда, ҳафт сол фарзанд наёфтаанд.

Бибии падариям мехостааст, ки падарамро зани дигар диҳад, вале Худо раҳми ду дилдодаро хӯрда, маро ба онҳо ҳадя намудааст. Пас аз ман модарам ду писару як духтари дигар ба дунё оварда бошад ҳам, хуб медонистам, ки маро бештар дӯст медоранд.

Ман аслан Шоҳписанд ном дошта бошам ҳам, падарам тиллодухтар ном мебурд, ҳамин тавр барои атрофиён Тилло шуда мондам. Меҳри зиёди волидонам маро худписанду эрка накард, зеро модари азизам ҳамеша гӯшзадам мекард, ки духтар бояд бошарму ҳаё бошаду тамоми ҳунарҳои занонаро омӯзад.

Аз рӯи маслиҳатҳои модарам амал карда, ба қавли атрофиён духтари ҳунарманде ба воя расидам. Пас аз хатми мактаб назди зани амакам, ки дӯзандаи чирадасте буд, шогирд истода, нозукиҳои санъати дӯзандагиро омӯхтам, мизоҷони зиёде доштам ва маблағи хубе низ кор мекардам.

Дар сояи меҳри волидон чӣ будани ғами дунёро нафаҳмида зиндагӣ мекардам. Хостгоронам зиёд буданду ва аз Худо хоҳиш мекардам, ки бароям ҷавонмарди баномусу қоматбаланди зебоеро ҳамчун рафиқи ҳаётӣ бифиристад…

             Хушдомани меҳрубон

Аз байни хостгорони зиёд, падарам хоҳиши як хеши дурашро, ки дар маркази вилоят зиндагӣ мекард пазируфт.

Падари домодшаванда набераи аммаи падарам буду дар тӯю маъракаҳоямон иштирок мекард, ман ин мард ва занашро мешинохтам, вале писарашро надида будам.

Модари шавҳаршавандаам рӯзи овардани сарупо маро наздаш хонда, дар гарданам нози гардани қимматбаҳое баста гуфт:

Ман аз дори дунё ду писараки талбидагӣ дорам, ҳар ду писарони боақл, хондагӣ ва соҳибмаълумотанд. Эмомиддин, писари калониям зану ду фарзанд дораду дар Хитой кору зиндагӣ мекунад, дар шаҳр ҳавлии бошукӯҳ дорад. Аминҷонам бошад, ҳамроҳи мост ва хонаю дару чизу чораамро ба вай мебахшам, ин писарам ҳам ҳамроҳи падараш ба тиҷорат сару кор доранду дар зиндагӣ танқисие надорем, Худованд туро келини ба пою қадам кунад.

Ин зани меҳрубони зебо маро ба оғӯш кашида, ин суханҳоро мегуфт, вале ман аз ларзиши овозу тағйирёбии ранги рӯяш ҳис кардам, ки ӯ дарде дорад. Чун инро ба модарам гуфтам, ӯ бепарво даст афшонд:

-Албатта овозаш меларзад, аз куҷо медонад, ки ту чӣ хел характер дорӣ, дар ин замон келини хуб ёфтан давлати калон аст. Барои ҳамин ҳам келини қобилаку гапдаро шав!

Ман хиҷолат кашидам, вале дар дил ният кардам, ки барои ин зани меҳрубон келини хубе хоҳам шуд. Гапи модарам ҳам рост буд, аммо дар дилам ким-чӣ гуна ҳузне аз ларзиши овози хушдоманшавандаам лона кард.

               Ҷашни висолу хоби даҳшат

Ҳама маъракаҳои пеш аз тӯй ба анҷом расиданду рӯзи ҷашни висол барпо гашт, чун домод зери садои карнаю сурнай маро аз хонаамон мебаровард, аз зери тӯри ҳарир ба чеҳрааш нигаристам.

Аминҷон, шавҳаршавандаам, ҷавони сабзинаи болобаланди зебое буд, вале аз чӣ бошад, авзояш хеле парешон менамуд.

Дар ҳавлии бошукӯҳи падари домод тӯйи бошукӯҳе барпо гашт, ҳофизи шӯҳратманде базмро гарм мекард, вале аз чӣ бошад, моро пеши тахт набароварданд.

Тӯй бе домоду арӯс мегузашт ва домод аслан наменамуд. Яке аз дугонаҳоям аз янгаи домод пурсидааст, ки чаро арӯсу домодро пеши тахт намебароранд, ӯ посух додааст, ки дар мо инро айб мекунанд.

“Тавба, наход ҳамин хел одамони замонавӣ назди тахт баровардани домоду арӯсро айб ҳисобанд?” китф дарҳам кашид дугонаам, аммо ман парво надоштам.Барои ман муҳим набуд, ки маро назди одамон мебароранд ё не?

Зеро аз нигоҳи аввал ба шавҳарм дил бохтам, ман ки ба нигоҳи пурҳаваси ҷавонон бефарқ менигаристам, Аминҷонро дӯст доштам. Шаби аввалини дар хонаи домод будан дар ҳалқаи хешу табор, дар паҳлӯи дугонаам хобида бошам ҳам, худамро ким чӣ хел бад эҳсос мекардам. Нав ғанабам бурда буд, ки дар хобам духтараки жулидамӯй бо куртаҳои даридаю пора-пора чунон гулӯямро фишурд, ки додзанон аз ҷоям хестам.

Зани амакам даррав соҳибхонаҳоро, ки аз садои чирроси ман бедор шуда буданд, даъват карда, маро испандуд карданд, дигар то субҳ хобам набурд. Симои даҳшатноки духтараки дар хоб дидаам аз пеши назарам дур намешуд, саге беист меҷакид, гумон мекардам, ки болои бом касе роҳ мегардад. Хулоса, то рӯз мижжа таҳ накардам…

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД