Formula novemver 2024
Интиқоми гург Қисми 2
09.09.2022
Дилошӯб
1988

Раҳмат ошиқу шефтаи Олмахони нозанину ҳунарманду хушрӯзгор буд ва Худоро зорӣ мекард, ки аз хазинаи ғайбаш ноумедаш насозад.

Як рӯз модараш ба ӯ гуфт, ки ҳамроҳи занаш ба духтур рафта, аз нав ташхис кунанду табобат гиранд, аммо Раҳмат розӣ нашуд, зеро духтурон кайҳо ба вай гуфта буданд, ки то аз занат ҷудо нашавӣ, соҳиби фарзанд нахоҳӣ шуд. Модараш аз якравии писараш қаҳраш омаду ӯро сарзаниш карда, зор-зор гирист, Раҳмат тоби гиряи модарро надошт ва берун баромад. Шоли хокистарии шом ба рӯйи деҳа соя меафканд, ҷавон ба мошинаш нишаста, назди Олмахон рафт. Дарвозаро тақ-тақ кард, онро касе накушод, дилаш сиёҳ шуду деви рашк риштаи хаёлашро ба даст гирифт. Ӯ аз хонаи ҳамсоя тариқи даричаи ҳавлии иҷораи онҳоро ба хонаашон пайваст мекарда вориди ҳавлияш гашт, чароғи хонаи хоб равшан буду Олмахон болои рахти хоб дароз кашида ва кампирак болои сараш. Раҳмат вориди ҳуҷра шуда, бо аломати савол ба ҳамсараш нигарист, кампираки меҳрубон, ки ҳамроҳи танҳогиҳои Олмахон буд, ба Раҳмат гуфт:

-Ин духтури мо худаш бемор шудаву намехоҳад духтур фарёд кунам, ҳушаш мераваду дилаш мешӯрад, қай мекунад, шояд фишораш паст шудааст…

Раҳмат ба неву нестони Олмахон нигоҳ накарда, ӯро ба духтур бурд, духтурзани шинос Раҳмату Олмахонро дидан замон гуфт:

-Ин ҳоло ҳам ҷуръат карда, ба ту ҳомиладорияшро нагуфтааст?!

Раҳмат каме хомӯш монду баъд Олмахонро рӯйи дастонаш бардошта, бӯсаборон кард. Чӣ қадар хурсанд буд мард, ӯ тавлиди фарзандашро ба ташнагӣ интизорӣ мекашид.

Пас аз гузаштани ҳомиладории вазнин Олмахон як шоҳписари нозанине таваллуд карда, сари шавҳарашро ба осмонҳо расонид. Раҳмат ҳамон рӯзи таваллуд шудани писараш ба вай номи падарашро гузошт- Асад. Зани Сафармад холаи Ойтилло чил рӯз бо духтархондаш буд ва Асадро калонакак карда, ба хонааш рафт.

Як бегоҳ Раҳмат ба занаш гуфт, ки дар меҳмонхона дастархон кушода, ягон хӯроки болаззат пазад, меҳмон меояд ва ҳамон бегоҳ Олмахону писарашро ба нею нестони модари хушбахт нигоҳ накарда, ба хонааш овард. Олмахон, ки баъди тавлиди писараш каме худашро пур карда зеботар шуда буд, дар тан куртаи шоҳии нафиси гулобии парпаргиребон, мӯйҳои дарозаш дуто бофта ба пушт партофта, парпечи писараш дар даст аз қафои шавҳараш меомад. Кампири Бибираҷаб ва занаш Баҳора аз дидани ин манзара ҳайрону зор буданд, Раҳмат бо овози баланд гуфт:

-Очаҷон, Баҳора, ин зани ман Олмахон ва писарам Асад, қабулашон кунед.

Кампири Бибираҷаб ба келинаш, ки рангаш мисли пахта сап-сафед канда буд,нигариста гуфт:

-Рав бачем, пойандоз биёр, ба тақдират тан бидеҳ, мо авлоди бақувватем,- Баҳора фармони холаашро иҷро карду пас хапу дам баромада, ба хонаашон рафт ва бо ҳамин барнагашт. Холааш аввалҳо бо онҳо ногап шуду баъдҳо боз омаду рафташро оғоз намуд, баъдтар Баҳора низ ба як марди занмурда расида, соҳиби фарзанд шуд.

Олмахони нозанин дар як муддати кӯтоҳ дили хушдоманро ёфту писари ягонаашонро ҳамроҳ ба воя расониданд. Мутаассифона, онҳо дигар фарзанддор нашуданд. Аммо Асади ягонаашонро хеле хуб ба воя расониданд. Асад донишгоҳи хоҷагии қишлоқро хатм намуда, дар хоҷагии ҷангали ноҳия ба кор оғоз намуд. Ӯ мисли падараш шикорчии моҳир буд, кампири Бибираҷаб тӯйи набераи ягонаашро дида, дар синни мубораки навад аз олам гузашт.

Асадро ба духтари дӯстдоштааш хонадор карданд ва ин ҷуфти зебо пайи ҳам соҳиби чор фарзанд ду духтару ду писар шуданд. Умри Асад дар кӯҳу пушта мегузашт, ӯ ҳайвонҳои ваҳширо дӯст медошту дар хонааш аз кабку бедона сар карда, то мурғи даштиву оҳуву харгӯш парвариш меёфтанд. Як рӯзи сарду барфбод Асад бо ду гургбача баргашт ва нақл кард, ки як гурги нари калонро куштему модагург захмӣ шуда гурехт ва бачаҳояшро бо худ овардам. Камтар калонтар шаванд, бурда ба кӯҳ раҳояшон мекунам, агар модари захминашон мурад, инҳо ҳам ҳалок мешуданд. Мӯйсафеди Раҳим аз ин кирдори писар хафа шуд ва гуфт, ки гург ҳайвони кинагир аст. Асад ба ин гуфтаи падараш даст афшонд….

Зимистон гузашту барфҳо об шуданд, аммо гургбачаҳо дар шароити хона мутобиқ нашуданду бемор шуда мурданд. Ҳама ин воқеаро фаромӯш карда буданд, аммо аёми гули зардолу писари калонии Асад Шерафкан як шаб аз ҷойгаҳаш гум шуд. Чӣ қадар кофтанд, вале на мурдаи кӯдакро меёфтанду на зиндаашро. Шерафкани шашсола ҷону ҷигари модару падар ва бибию бобо буд, тамоми сохторҳои қудратӣ ба кофтукоб саркарданд, аммо беҳуда. Танҳо баъи як моҳ, устухонҳои кӯдакро аз як ғори кӯҳна ёфтанд ва баъди ташхис махлум шуд, ки ӯро гӯрг хӯрдааст…

Интиқоми хунини гург Асадро чунон рӯҳафтода кард, ки ӯ аз шикор тавба карда, ба кори дигар гузашт. Баъди ин воқеа Худованд ба падару модари ҷигарсӯхта ду писари дигар эҳдо кард, вале ягон фарзанд ҷойи фарзанди дигарро мегирад? Албатта не…

                                                     

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД