Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ як гурӯҳ рафиқони шавҳарам нохост ба хона омада, маро, ки келини хонадон будаму дар ошхона нон мепухтам, даҳонамро баста, дар як мошин бо худ бурданд.
Мошин ба як макони хилвату ваҳмангез омад. Ман доду фарёд мезадам, аммо он 5 нафар маро кашолакунон аз мошин фароварданд. Вақте ки онҳо даҳонамро кушоданд, ман ба зориву илтиҷо даромадам.
Ба гуфти якеаш, шавҳарам аз онҳо қарздор будааст. Азбаски шавҳарам дар Русия буд, гуфтам, ки ӯро ёфта, пулашонро гиранд, вале мардони ҳайвонсират исрор доштанд, ки бояд қарзи шавҳаратро ту пардохт кунӣ, вале на бо пулу мол...
Хулоса, маро субҳ бо номуси поймолшудаву либосҳои дарида, дили гирёну чашмони варамида ба паси дари хонаи шавҳарам оварда, партофтанд. Хушдоману хусурам дар наздам нишаста, зорӣ карданд, ки ҳодисаро нақл кунам, вале ман фақат мегиристам, зеро аз асли воқеаро нақл кардан метарсидам. Медонистам, ки ҳеҷ гоҳ ба ман бовар намекунанд ва баръакс шояд боз туҳматам кунанд. Мехостам худкушӣ кунам, зеро зиндагӣ бароям дигар рангу маънӣ надошт, он лаҳзаҳо ҳатто тифли батнамро ҳам ба ёд овардан намехостам. Шавҳари номардамро, ки гурехта ба Русия рафта буд, дар дил дашном мекардам, зеро интиқоми шавҳарамро аз ман ситонида, номусамро зери по карданд.
Ҳарчанд ман ба ҳеҷ куҷо шикоят накардам, вале худи он авбошон ҳангоми қиморбозӣ дар бораи кирдори номардонаашон ба дӯсту рафиқонашон гап задаанду дар ин бора овозаҳои зиёде дар деҳа паҳн гардид. Ҳар кас ҳар хел ин ҳодисаро маънидод мекарданд.
Дигар дар хонаи ҳама сокинони деҳа мавзӯи суҳбат ман будам. Қисме маро гунаҳкор карда, гуфтаанд, ки гӯё дар набудани шавҳарам бо мардони бегона мегаштаам, қисми дигар, ки аз қарздориву ҷӯрабозии шавҳарам огоҳӣ доштанд, дилашон ба ман месӯхт.
Ҳамин тавр хоҳаршӯям бо як курта маро аз хонаашон пеш кард ва гирёну нолон ба хонаи падарам баргаштам. Худ ба худ гап зада рафтани маро дида, ҳамдеҳаҳо гумон кардаанд, ки аз ақл бегона шудаам.
Хоҳараконам аз нодориву гушнагӣ хору залил буданд. Барои дарди сари падару модарам нашудан дар мактаб ҳамчун фаррош кор ёфтам. Интизор будам, ки шавҳарам аз Русия меояду боз якҷоя мешавем, вале ӯ баъди ду моҳи ин ҳодиса ба деҳа омаду боре суроғам накард. Омадани ӯро шунида хурсанд шудам. Хаёл кардам, ки омада бахшиш мепурсад, аммо хаёлам хом баромада, шавҳарам дар тараддуди зангирӣ шуд. Косаи сабрам лабрез гашт ва худам рӯзе наздаш рафта, бо оби дида рози диламро гуфтам. Гумон кардам, ки тасаллоям дода, бахшиш мепурсад, вале вай бегонавор “насибу тақдират будаасту се талоқат кардам” гуфт.
Баъди ин номардии дубораи тақдир тамоми қувватамро ҷамъ карда, аз пайи идома додани зиндагӣ ба хотири фарзандам шудам, зеро ман аз ӯ соҳиби духтарчаи дӯстрӯяке гашта будам. Имрӯз зани мустақилам ва дар зиндагӣ роҳи худро ёфтаам, аммо захмҳои дилам аз он давра то ба имрӯз шифо наёфтаанд.
СОБИРА, хонандаи сомона