toyota motors
Интиқоли маблағ байни аъзои оила ва дӯстон андозбандӣ намешавад
148

Тавассути ҳамёнҳои электронӣ интиқол додани маблағ байни аъзои оила, дӯстон, наздикон ва дигар шаҳрвандони одӣ мавриди андозбандӣ қарор намегирад.

Бино ба иттилои Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадафи лоиҳаи санҷишӣ назорати раванди интиқоли маблағ тариқи ҳамёнҳои электронӣ ва барномаҳои мобилӣ, таъмини низоми шаффофи фаъолияти соҳибкорӣ, дастгирии соҳибкории хурд ва рушди иқтисоди рақамӣ мебошад.

Лоиҳа танҳо ба ҳолатҳое дахл дорад, ки шахс ба фаъолияти доимии соҳибкорӣ машғул буда, расман ҳамчун соҳибкор ба қайд гирифта нашудааст.

Дар доираи лоиҳаи озмоишӣ якчанд имконияту сабукиҳои нав барои соҳибкорон пешбинӣ гардидаанд, ки ба беҳтар шудани муҳити соҳибкорӣ мусоидат менамоянд. Аз ҷумла:

- меъёри андоз барои соҳибкорони инфиродӣ аз 6% то 3% коҳиш дода мешавад;

- ҳисоб ва пардохти андоз ба таври худкор анҷом дода мешавад;

- ҳисоботи андозӣ ба шакли автоматикӣ омода мегарданд;

- шумораи санҷишҳо ва расмиёти зиёдатӣ кам карда мешавад;

- бақайдгирии соҳибкорӣ сода ва дастрас мегардад;

- истифодаи хизматрасониҳои рақамӣ ва пардохтҳои ғайринақдӣ васеъ карда мешавад.

Яке аз бартариҳои муҳими лоиҳа ҷорӣ намудани низоми «кешбэк андоз» мебошад. Дар ҳолати анҷом додани пардохтҳои ғайринақдӣ ба харидор 1 фоиз маблағ дар шакли кешбэк баргардонида мешавад.

Тадбири мазкур барои шаҳрвандон манфиатовар буда, ҳамзамон ба рушди иқтисоди шаффоф ва муосир мусоидат менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД