Formula 2025 may
Интихоби коляска барои кӯдакон
271

Коляска на танҳо барои роҳати кӯдак, балки барои осонии ҳаракат ва амнияти ӯ низ нақши муҳим мебозад. Барои интихоби дурусти коляска бояд ба чанд нуқтаи калидӣ таваҷҷуҳ кард.

Намудҳои асосии коляскаҳо

Аз рӯи функсия ва сохтор коляскаҳо ба намудҳои зерин тақсим мешаванд:

Коляскаи классикӣ

Барои кӯдакони нав таваллудшуда то 6-моҳагӣ пешбинӣ шуда, чаҳорчӯбаи устувор ва ҷойгаҳи ҳамвор доранд.

Коляскаи табдилшаванда-трансформер

Ин намуди колсяка имконияти тағйир додани шаклро доро буда, ҷойи хоб ба курсии нишастании кӯдак табдил меёбад. Он барои солҳои аввали ҳаёти кӯдак муносиб аст.

Коляскаи сабук

Коляскаи сабук (lightweight/stroller umbrella) барои кӯдакони аз 6-моҳа пешбинӣ шуда, барои сафар хеле қулай мебошад.

Коляскаи спортӣ

Коляскаи спортӣ (jogging stroller) барои волидайне, ки дӯстдори варзишанд, интихоби беҳтарин аст. Чархи бузург ва сохтори устувори ин намуди коляскаҳо барои давидан ва роҳравии зуд мувофиқ аст.

Ҳангоми интихоби коляска ба чӣ бояд диққат дод?

Ҳангоми харидани коляска ба ҷузъиёти зерин диққат диҳед:

- Барои таъмини амнияти кӯдак коляска бояд бандҳои қавӣ, тормози боэътимод ва сохтори мустаҳкам дошта бошад.

- Барои он ки кӯдак худро бароҳат эҳсос намояд, ҷойи хоб дар коляска бояд нарм бошад ва матоъе, ки бо он рӯйи кӯдак пӯшонида мешавад, ҳаворо хуб гузаронад, то ки тифлак озодона нафас кашида тавонад.

- Барои бароҳатии волидон колсяка бояд дастаки танзимшаванда дошта бошад, кушодану ҷамъ краданаш осон ва сабук бошад.

- Пеш аз харид кардан коляскаро санҷед, яъне кушоед, бандед ва ҳаракат диҳед.

- Бубинед, ки оё ҷойи нигоҳдорӣ (сабад) барои ашёи кӯдак кифоя аст?

- Ба вазни умумӣ ва бардоштани он таваҷҷуҳ кунед, зеро минбаъд зарурати тез-тез бардоштани он ба миён меояд.

- Ҳаво ва шароити иқлимро дар минтақаи худ ба ҳисоб бигиред.

- Барои зимистон моделҳои бо сақф ва шамолпаноҳи коляска беҳтаранд.

- Коляскаро аз мағозаҳои бонуфуз ё сомонаҳои расмие харед, ки шаҳодатнома ва кафолати маҳсулотро пешниҳод мекунанд.

- Аз харидани коляскаҳои бе ҳуҷҷат ва ё номуайян худдорӣ намоед.

Хулоса, бо истифода аз тавсияҳои боло шумо метавонед коляскаеро интихоб кунед, ки ҳам барои кӯдак ва ҳам барои модару падар бароҳат, амн ва муносиб бошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД