arzon replenishment
Интихоби кардигани ба тан зебанда дар мавсими тирамоҳ
1103

Вақтҳои охир кардиганҳо дар байни занону духтарон мӯд шудаанд. Дар мағозаҳову бозорҳо кардиганҳои гуногуни аз риштаи ғафс бофташудаи дарози бе гиребон, тугмадор ва бе тугма зиёданд. Кардиган тарҳу дизайн ва рангҳои гуногун дорад. Он баданро хеле хуб гарм мекунад ва қариб бо тамоми намуди либос пӯшиданашон қулай аст.

Либоси ба мавсим мувофиқ пӯшед

Бо фарорасии тирамоҳ шахс мехоҳад либоси бароҳату зебанда ба бар намояд. Дар тирамоҳ ҳаво тағйирёбанда аст, сентябр ҳаво нисбатан гарм аст, моҳи октябр салқин ва ноябр баъзан вақт борону шамол мешавад. Барои он ки шумо дар мавсими тирамоҳ ба ҳама гуна боду ҳаво омода бошед, болопӯшҳои гуногун вуҷуд доранд, аз костюми сабук то кардигани пашмин.

Кардиганро бо чӣ мепӯшанд?

Кардиганро шумо метавонед бо шиму куртаҳои аврупоӣ, пойдоманҳои гуногун, куртаҳои тоҷикӣ ва дигар намуди либос пӯшида, худро аз сармо эмин нигоҳ доред ва бароҳат эҳсос намоед.

Ҳангоми интихоби кардиган чиро бояд ба назар гирифт?

Имрӯз дар байни бонувон либосҳои калонҳаҷму кушод, яъне оверсайз мӯд шудааст, вале ҳастанд хонумҳое, ки намехоҳанд либос дар танашон васеъ бошад. Аз ҳамин хотир ҳар як зан бояд услуби мувофиқро барои худ интихоб кунад. Кардигани дароз ба бонувоне, ки қаду қомати баланд ва зебо доранд, зебанда аст. Кардигани дарозро бо шим ва ё пойдоман ба бар намудан мумкин аст.

Кардиганҳои кӯтоҳро занони қадашон паст бо пойдоманҳои дароз, куртаҳои дароз, шими ҷинс ва дигар намуди либоси ба худ мувофиқ ба бар намуда метавонанд.

Мӯд ҳамонест, ки зебанда бошад

Шарти аз ҳама муҳим дар интихоби либос мувофиқ омадани он ба қаду қомат ва шахсияти инсон аст. Ҳар як зан бояд либоси гарму мувофиқро дар ҳама гуна мавсим бо завқи худ интихоб намояд. Фақат ба хотири дар мӯд будан либосеро, ки ба шумо намезебад, нахаред. Беҳтарин мӯд ҳамонест, ки либоси зан ба танаш зебанда бошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД