Ана, баҳори нозанин ҳам фаро расид. Бо фарорасии ин фасли гулпӯш одамон либосҳои ғафси зимистонаро бо либоси сабук иваз мекунанд, вале баҳор инҷиқиҳои худро дорад ва болопӯшҳои сабуки баҳорӣ барои эмин мондан аз боду борон ҳам барои мардон ва ҳам барои занон хеле заруранд. Имрӯз мо ба шумо - бонувони азиз дар боби интихоби болопӯшҳои сабуки баҳорӣ маълумот медиҳем.
Болопӯшҳои занона аз кадом навъи матоъҳо дӯхта мешаванд?
Болопӯшҳои занона аз матоъҳои гуногун тайёр карда мешаванд ва вобаста ба сифат, тарзи дӯхт ва моделашон нархашон аз ҳамдигар фарқ мекунад. Ҳангоми харидани болопӯши сабуки баҳорӣ ҳатман нозукиҳои ҳар як матоъ ва моделро ба назар гирифтан лозим аст.
Бамбук
Болопӯшҳои аз матоъи табиии бамбук тайёршуда барои фасли баҳор комилан мувофиқанд. Онҳо сабук буда, ҳаворо хуб мегузаронанд ва ба пӯсти инсон имконияти нафаскашӣ дода, ҳамзамон гармии баданро нигоҳ намедоранд.
Лайкра ё спандекс (Lycra/Spandex)
Болопӯшҳои аз ин навъи матоъ тайёршуда ҳаракати бароҳати шуморо таъмин менамоянд. Ин либос бисёр бароҳат буда, барои машқҳои гуногуни ҷисмонӣ ва фаъолиятҳои рӯзона монеа эҷод намекунад.
Шифон (Chiffon)
Материали хеле сабук ва ба қавле “ҳавоӣ” буда, ба кас эҳсоси шодӣ мебахшад, табъи инсонро болида нигоҳ медорад, вале дар рӯзҳои сарду боронӣ пӯшидани болопӯши шифониро ба хонумҳо тавсия намедиҳем, зеро он танҳо як ҷузъи ороиш буда, шуморо аз таъсири сармо ва намӣ эмин дошта наметавонад.
Лаванда (Linen)
Матоъи лаванда ҳам барои ҳавои гарм ва ҳам намӣ мувофиқ буда, дар фасли баҳор пӯшидани чунин болопӯш айни муддаост.
Моделҳои болопӯшҳои занона
Тавре дар оғоз гуфтем, натанҳо матоъ, балки тарзи дӯхт ва моделҳои болопӯшҳои сабуки занона низ аз ҳамдигар фарқ доранд.
Ҷомаи рангин
Баҳор фасли рангҳост ва дар рӯзҳои наврӯзӣ хонумҳо метавонанд ба ҷойи болопӯшҳои аврупоӣ болопӯшҳои миллиро ба бар намоянд. Баҳорон махсусан ҷомаи рангини миллӣ ба занону духтарони тоҷик зебанда аст. Агар шумо болопӯшҳои миллиро танҳо дар рӯзҳои ид мепӯшида бошед, метавонед дар рӯзҳои маъмулӣ болопӯшҳои замонавии рангашон равшан ва шодибахшро ба бар намоед, ки имсол мӯд шудаанд.
Ранги болопӯшҳо
Ҳаво гарм бошад, туникаҳои аз шифон ё аз матои слайк тайёршудаи рангашон ширчойиро (пастелние тона) ба хонумҳо тавсия медиҳем, зеро ин намуди болопӯшҳо мӯд буда, одатан бо завқу салиқаи баланд дӯхта мешаванд. Аммо бояд таъкид намуд, ки болопӯши сабуки занонаро бо дарназардошти ранги пӯсти рӯй, мӯйи сар ва ранги чашмон интихоб кардан лозим аст. Ба хонумҳои сафедпӯст, ки мӯйи малла ё зард ва чашмони кабуд ё сабз доранд, пӯшидани болопӯш ва либосҳои рангашон тира, масалан сиёҳ, хокистарӣ ё кабуди баланд тавсия дода мешавад, бонувони сабзина бошанд, метавонанд либос ва болопӯши рангаш равшан - сафед, зард ё сабзчатобро интихоб кунанд, зеро ин рангҳо пӯсти рӯйро равшантар ҷилва дода, ба ҳусни зан ҳусни тоза зам мекунанд.
Хулоса, баҳор ва зан тавъаманд.
Болопӯши сабуки ба синну солатон мувофиқро интихоб намуда, бо ҳусну ҷамоли зебои худ ба зиндагӣ ҳусни дигар ато намоед, бонувони азиз!