Arzon march 2024
ИНТИХОБИ АЙНАКҲОИ АЗ ОФТОБ ҲИФЗКУНАНДА
2125


Нурҳои офтоб на танҳо ба пӯсти рӯю мӯйи сар, балки ба чашм ҳам зарар мерасонанд. Аксарияти бонувон гумон мекунанд, ки бо пӯшида гаштани айнак мушкилашон ҳал мешавад, ҳол он ки ҳамеша айнак мондан зарар дорад.

Одамоне, ки ҳатто бегоҳирӯзӣ айнак мепӯшанд, гирифтори бемории катаракта шуда метавонанд, илова бар ин, ҳангоми пушидани айнак гавҳараки чашм васеъ шуда, боиси баланд гаштани фишори дохили чашм мегардад.

Айнаки арзон нахаред!
Айнакҳои зиддиофтобие, ки тамоман бесифатанд, ба ҷойи муҳофизат намудан ба чашм зарар мерасонанд. Ин айнакҳои арзонак нурҳои офтобро нодуруст қабул карда, рост ба даруни чашм равона месозанд ва дар натиҷа чашм сухта хира мегардад. Танҳо айнаки босифат (аз офтоб ҳифзкунанда) ва линзаҳои махсус чашмро аз нури офтоб муҳофизат карда метавонанд.

Линзаи беҳтарин кадом аст?
Линзаҳои босифат дараҷаи 1-ум буда то 99% нурҳои офтобро рафъ карда метавонанд, вале мустақилона ёфтани чунин линзаҳо кори душвор аст. Беҳтараш линзаҳоро якҷоя бо духтури чашм ё корманди оптика интихоб намоед. Мутахассис тарзи дуруст истифода бурдани линзаро ба шумо нишон медиҳад.

Ба назди духтур равед!
Дар як сол як маротиба аз ташхиси духтури чашм гузаштанро фаромӯш накунед, то ки бемориҳои чашмро сари вақт табобат карда, бармаҳал аз нури чашм маҳрум нагардед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД