Гӯшвор яке аз маъмултарин ҷавоҳироти занона мебошад. Ҳар як бону гӯшворро мувофиқи шакли чеҳра, тарзи либоспӯшӣ, ранги чашм ва ҳатто табъи дили худ харидорӣ мекунад.
Айни замон моделҳои гуногуни гӯшворҳо вуҷуд доранд, ки ба гӯш овехтани онҳо ба ҳусни зан зебоии хоса зам мекунад. Гӯшворҳоро вобаста ба санг ва мавод метавон барои овехтани ҳаррӯза ва ё барои ороиши идона истифода бурд.
Имрӯз қариб ҳама занону духтарони тоҷик гӯшвор меовезанд. Пеш аз интихоб кардани ҳалқа, зан бояд ба шакли рӯй ва ранги пӯсти худ диққат диҳад.
Интихоби ҳалқа вобаста ба шакли рӯй
Ба рӯйи гирд чӣ гуна ҳалқа мезебад?
Шумо рӯйи гирд дошта бошед, аз ҳалқаҳои дароз истифода бурдан хуб аст. Ин гуна ҳалқаҳо ба рӯйи гирдшакл мувофиқанд.
Шакли рӯйи секунҷа
Коршиносон ба духтарони дорои ин шакли чеҳра маслиҳат медиҳанд, ки аз харидории ҳалқаҳои моделҳои дарозрӯя ва шаклҳои геометрии рангашон равшан худдорӣ намоянд. Ба ин гуна шакли рӯй гушворҳои хурд мувофиқтаранд.
Пешонӣ васеъ бошад...
Онҳое, ки пешонии васеъ доранд ё чеҳраи дилшакл, аз ҷавоҳироти дарози ранги дурахшон дошта истифода баранд, хуб аст.
Шакли рӯи мураббаъ
Ба ин гуна шакли рӯй гӯшворҳои дароз ё мудаввар мувофиқ меояд. Ҷавоҳироти тилоӣ ё нуқрагини ороиши зебо доштаро истифода бурдан хубтар аст.
Интихоби ҳалқа вобаста ба ранги чашм
Чашми кабуд
Коршиносони мӯд ба бонувоне, ки ранги чашмонашон кабуди осмонӣ аст, маслиҳат медиҳанд, ки аз гӯшворҳои сангҳои қимматбаҳо дошта истифода баранд.
Чашми сабз
Ранги нодиртарини чашм дар ҷаҳон сабз аст, ки бо ҷавоҳироти нуқрагини гулдор, бахусус ёқут мувофиқ аст.
Чашми хокистарранг
Бонувони ранги чашмонашон хокистарӣ метавонанд бо овехтани ҳалқаҳои сангҳои сафед дошта ба ҳусни худ ҳусни тоза зам кунанд, махсусан алмос ба ин тоифаи хонумҳомезебад.
Чашмони қаҳваранг
Духтарони чашмонашон қаҳваранг хушбахтанд, зеро ранги чашмони онҳо дурахшон ва бой ба назар мерасад. бо чунни чашмон ҳалқаҳои гуногун бо ҳама гуна металлҳо ва сангҳо мувофиқанд. Ба ёқут, сапфир ва зумуррад (рангашон набояд хеле торик бошад, вагарна эффекти дилхоҳро ба даст намеоред) бартарӣ диҳед, беҳтар аст.