Arzon Banner
ИНСУЛТ ДАВО ДОРАД?
788

Салом! Ин телефони “Оила” аст?

-Бале, шумо ба идораи “Оила” занг задед. Ягон хоҳиш доред?

-Ман Аслибегим Бахтибекова, аз ноҳияи Рӯшони Бадахшонӣ куҳӣ ба шумо занг зада истодаам. Ду сол пеш инсулт шуда будам. Аз ҳамон вақт инҷониб як дасту як поям аз кор мондааст. Аз ҳамин сабаб бисёр асабонӣ мешавам. Мегӯянд, ки баъзе гулу гиёҳҳои куҳӣ ба дарди ман даво шуда метавонанд. Аз Садридиншоҳ Насриддиншоев пурсиданӣ будам, ки ман бояд чӣ гуна давоҳоро бихӯрам. Илтимос, ҳамин саволи маро ба табиб расонед. Ҷавобашро бесаброна интизор ҳастам.

Посухи табиб

Ба касоне, ки инсултро аз сар гузаронидаанд ё дар сарҳади сактаи мағзи сар қарор доранд, асабӣ шудан қатъиян манъ аст. Ба шумо хоби ором, ғизои солим ва ҳавои тоза мисли обу ҳаво зарур аст. Фишори хунатонро доим назорат карда истед, то боло наравад. Дар Русия барои муолиҷаи сактаи мағзи сар ба беморон мумиёро тавсия медиҳанд. Тарзи истифодааш чунин аст:

Нусха

10 грамм мумиёро дар каме оби ширгарм ҳал намуда ба зарфи пластикӣ андозед ва то гардани бутилка ба он об резед. Ҳар саҳар баробари аз хоб бедор шудан як қошуқ аз ин об нӯшидан лозим аст. Дар ҳолати эҳсос намудани вазнинӣ метавонед пеш аз хоб низ як қошуқ оби мумиёдор бинӯшед. Давраи муолиҷа бо мумиё 30 рӯз аст. Пас аз ин 10-15 рӯз танаффус намуда, баъдан даври дуюми табобатро сар мекунанд.

Нусхаи дигар

Ҳамарӯза истеъмол намудани 30 гр чормағз, 20 гр кишмиш ва 20 гр панир дар якҷоягӣ асабҳоро ором карда, мушакҳои дилро пурқувват месозад ва хастагиро рафъ менамояд.

Нусхаи сеюм

Сафора ном дарахте ҳаст, ки 10-15 метр баланд шуда, самари лӯбиёшакл дорад. Гулу самари ин дарахт дар муолиҷаи сактаи мағзи сар таъсири хуб расонда метавонад. 15 гр гули дарахти сафораро дар зарфе андохта аз болояш 200 гр оби ҷӯш резед ва даҳони зарфро маҳкам карда, монед як соат истад, сипас онро соф карда, рӯзе 3 маротиба ним соат пеш аз ғизохӯрӣ 50 граммӣ бинӯшед. Ин обро ҳамчунин метавонед ба дасту пойи карахтшудаатон бимолед. Шабона докаи чорқабатаро дар ин об тар карда ба пушти саратон компресс намуда хобед, то саҳар осуда хоб меравед ва ҳолатон рӯз то рӯз рӯ ба беҳбудӣ мениҳад.

Решаи қоқу ва кокутӣ талхадонро шифо мебахшад

Раҷаб ҳастам, марди 58- сола, аз Панҷакенти бостонӣ. Чанд вақт шуд, ки дарди талхадон азобам медиҳад. Духтурҳо мегӯянд, ки талхадонам санг дорад. Табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Насриддиншоев ба ман чӣ тавсия медода бошанд.

Посухи табиб

Вақте талхадон санг дорад, илтиҳоб низ дар ин узв дида мешавад. Маъмулан, дарди кунди талхадонро маҳз илтиҳоби ин узв ба вуҷуд меорад, бинобар ин, пеш аз ҳама бояд аз пайи табобати илтиҳоб шуд. Ман ба шумо чанд давоеро тавсия медиҳам, ки ба зудӣ шуморо аз дард наҷот дода, ҳолатонро беҳтар карда метавонанд.

Нусхаи аввал

Решаи қоқу, гулу барги кокутӣ, пудинаи боғӣ, талхявшон, чойкаҳак, сумбул-ат-тиб (валериана) ва зираи сиёҳ. Дар зарфе 15 граммӣ аз зираи сиёҳ ва решаи қоқу андохта аз болояш 600 об резед ва муддате биҷӯшонед, сипас ба он аз гиёҳҳои дигари номбаршуда 15 граммӣ андохта оташро хомӯш намоед ва даҳони зарфро пӯшонед. Барои пурра тайёр шудан гиёҳоб бояд 1-2 соат истад. Пас аз ин даворо соф карда, рӯзе 3-4 маротиба ним пиёлагӣ ним соат пеш аз хӯрок нӯшидан лозим аст.

Нусхаи дигар

Доруҳои алохол, холензим ва фламин низ аз давоҳои табиӣ аз қабили зардаи ҳайвонот ва гулу гиёҳҳо тайёр карда мешаванд. Метавонед бе ягон хавф ин доруҳоро истифода баред. Барои илоҷи санги талхадонро ёфтан бошад, андоза ва шакли онро муайян кардан лозим аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Шарипов м 2020-11-08, 14:21
Барои касали диск грежа Кадом низзя дору манбошад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Шарипов м 2020-11-08, 14:21
Барои касали диск грежа Кадом низзя дору манбошад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД