Салом ба муштариёни сомонаи ОилаТЧ!
Росташро гӯям, ман пештар чандон ба ин сомона таваҷӯҳ надоштам, зеро фикр мекардам, ки навиштаҳояш сохтаву бофта ҳастанд, вале имрӯз, ки худам ба дарди ишқи гирифтор шуда, сару калобаамро гум кардаам, ба ҳақиқат доштани нигштаҳои шумо бовар кардам.
Имрӯзҳо дар барам шахси ғамхоре нест, ки роҳи дурусти зиндагиро ба мани ҷавон ва ҳанӯз дар зиндагӣ хом нишон диҳад, аз ҳамин хотир мехоҳам дарди диламро ба хонандагони сомонаи Оила. ТЧ гуфта, маслиҳат бипурсам, вале номамро уфта наметавонам, зеро метарсам, ки ҷӯраҳоям фаҳмида, маро мазоқу масхара мекунанд.
"Ман як ҷавони 24-сола ҳастам. Чанде моҳ қабл тавассути сомонаи Инстаграм бо нозанине шинос шудам ва аз дидани аксҳояш ақлу ҳушамро аз даст дода,ошиқи зораш гаштам."
Азбаски ҷавони зангир ҳастам, бо гумони он ки он зебосанами фариштарӯ духтари хона аст, чанд моҳ барои ба даст овардани дилаш давидам. Дар мулоқоти аввалин рӯирост гуфтам, ки дар зиндагӣ аз чизе танқисӣ надорам, шукри Худо хонаву ҷои кор дорам ва агар розӣ бошад, ӯро ба занӣ мегирам, вале дӯстдоштаам пешниҳоди маро рад карда, иқрор шуд, ки зани шавҳардида аст ва бо сабаби рост наомадани ситораҳояшон аз ҳамсараш ҷудо шудааст. Аз шунидани ин гап хеле ғамгин шуда, чанд рӯз ба худ ҷои нишаст наёфтам ва билохира, ба қароре омадам, ки аввал бо ягон духтар оиладор мешаваму баъд дӯстдоштаамро зани дуюм карда мегирам.
Вақте ки ин гапро ба дӯстдоштаам гуфтам, вай аз ман ранҷида гуфт, ки ба зани дуюм шудан ҳаргиз розӣ намешавад. Ростӣ, дар ҳоли хеле ногувор мондаам, охир чи хел ба падару модар ва наздиконам мегӯям, ки ба хонаи зани шавҳардида хостгорӣ раванд. Ман ӯро бо тамоми ҳастӣ дӯст медорам ва аз даст додан намехоҳам, вале зани якум карда наметавонам, дӯстдоштаам бошад, зани дуюм шудан намехоҳад.
Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед? Зани шавҳардидаро арӯс карда, ба хонаамон барам магар мардум ба ҳолам намеханданд?