Манижа Сангин, ки бо суруди "Зани рус" аз номи Русия дар “Eurovision 2021” ҳунарнамоӣ мекунад, бори дигар нишон дод, ки нафрату бадгӯии душманонаш иродаи ӯро шикаста наметавонад. Овозхон дар саҳифаи шахсиаш дар Инстаграм ва Ютуб як видеои пур аз танзу кинояро нашр кардааст. Дар навор лаҳзаҳои даҳшатангези ҳаводиси солҳои гузашта, аз ҷумла пандемияи коронавирус, буҳронҳо, ҳамоишу эътирозҳо, ғасби Кохи Сафед намоиш дода шуда, ровӣ бо садои ҳаяҷономез мегӯяд, инсоният гумон кард, ки бадтарин ҳаводис паси сар шуданд, аммо ӯ пайдо шуд. Дар идома пас аз таваққуфи кӯтоҳ аз забони сиёсатмадорон, блогерҳо, ровиёни ахбор танҳо як ном – «Манижа» садо медиҳад.
Дар саҳифаи Ютуб Манижа навори дарозтареро нашр кардааст, ки дар он сароянда нацши ровии барномаи “Ваша представительница” мебозад. Вай бо днишманди сохаи анатомияи макроскопӣ сухбат мекунад ва олим скелети Манижаро аз хонааш дуздида санчиш мегузаронад. Дар нитиыаи ин тадцицт маълум мешавад, ки дар асл Манижа хатто одам набуда, «НАМАК» аст!!
Зохиран ин навор танхо як хазл менамояд, вале агар тамошобин ба умки он сарфахм равад, маънии фалсафии ин видеоро дарк хохад кард. Манижа ба душманонаш гуфтанист, ки ҳарчанд дар назари шумо ман мисли намак шӯр намоям ҳам, барои санъат зарур ҳастам..
Зулайхо Маҳмадшоева овозхони 28-солаи тоҷик, субҳи 16-уми март пас аз гузоштани як видеои кӯтоҳ аз лаҳзаи дарси донишгоҳ дар саҳифаи инстаграми худ хабар дод, ки ӯ дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дар курси дуввум таҳсил мекунад. Ин видеои Зулайхо дар шабакаҳои иҷтимоӣ сербаҳс шуд. Баъзеҳо аз он дар ҳайратанд, ки чи тавр Зулайхо яку якбора донишҷуи соли дуюми факулати ҳуқуқшиносӣ шудааст, зеро Зулайхо тамоми рӯйдодҳои ҳаёташро расонаӣ карда бошад ҳам, то имрӯз дар бораи ба ягон донишгоҳ дохил шуданаш иттилоъ надода буд.
Чанд руз қабл Радиои Озодӣ бо такя ба манбаҳои худ аз бистари шудани Сурайё Қосимова, примадоннаи эстрадаи тоҷик, модари овозхонҳои шинохта Шабнам Сурайё ва Фарзона Хуршед, дар шуъбаи бемориҳои ҷигару меъда хабар дод. Пизишкон вазъи саломатии овозхонро хуб арзёбӣ намуда, қайд кардаанд ки рӯзҳои наздик рухсат мешавад. Аммо Фарзонаи Хуршед, духтари бону Сурайё дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки модараш дар хона аз бемории фишорбаландӣ табобат мегирад ва гоҳ-гоҳ ба беморхона меравад, шаби гузашта бошад, Шабнам Сураё дар пахши мустақим дар инстаграм ҳунарнамоии модарашро даряк тӯй намоиш дод, то ба овозаву ҳангмаҳо хотима гузорад.
Фарзона Хуршед бо либосхои гайри оддиаш аз дигар сарояндахои тоҷик фарк мекунад Маълум шуд, ки Фарзона а либоспушии чанд тан аз овозхонхои хоричи таклид мекардааст. Дар ин бора худи овозхон бо нашри якчанд акси худ дар сахифаи инстаграмаш хабар додааст.
Фарзона икрор шудааст, ки ба модели 23- солаи амрикои Кайли Дженер ва овозхони 33 солаи барбадоси Рианна таклид мекунад. Бештари пироханхои сахнавии овозхонро таррохи точик Умед Негматов омода мекунад, аммо намунаи ин пироханхоро кадом таррохи хоричи омода намудааст, маълум нест.
Бархе аз расонаҳои Узбекистон бо нашри хабари дуруг дар бораи марги овозхони шинохтаи Узбекзабон Шералӣ Ҷураев ҳангома барпо намуданд. Бисёриҳо пас аз шунидани ин хабар барои тасаллият гуфтан роҳи хонаи овозхонро пеш гирифтанд, аммо пас аз чанд лаҳза фарзандони ҳунарманд Шоҳҷаҳон ва Зоиршоҳ Ҷӯраевҳо, тариқи расонаҳо аз зинда будани падарашон ва дуруғ будани ин шумхабар вокуниш нишон доданд. “Падарам чанд моҳ қабл ҷарроҳии кӯррӯдаро паси сар карданд ва сабаби лоғариашон низ ҳамин аст, чун ҳоло пурра ба худ наомадаанд. Мухлисони падарам набояд ба ҳар овозаи бардурӯғ бовар кунанд. Ҳоли эшон хуб аст ва аз пайи эҷод ҳастанд”,-менависад хабаргузории “UPL 24” аз қавли писари овозхон Зоиршоҳ Ҷӯраев.
Ёдрас мешавем, ки ҳаводорону мухлисони ин саронядаи узбек дар кишвари мо низ кам нестанд ва Шералӣ Ҷураев дорандаи унвони Ҳунарманди Халқии Тоҷикистон мебошад. Соли 2018 Шералӣ Ҷӯраев дар ҳамовозӣ бо устоди санъати тоҷик Ҷурабек Муродов дуэте суруда буд, ки вирди забони ҳамагон гашт.
Ин буд барномаи “Инстафейс”. Минбаъд ҳар ҳафта тариқи ин барнома мо шуморо бо навтарин рӯйдодҳои олами шоу-бизнес ошно хоҳем кард. Бо Оила. ТЧ бимонед!