arzon replenishment
Инсон набояд чун мол фурӯхта шавад!
1098


Савдои одамон, афтодан ба ғуломии шаҳвонию меҳнатӣ ва истисмори одам аз тарафи одам ба мушкили доғи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Тибқи маълумотҳои созмонҳои байналмиллалӣ дар сайёраи замин ҳамасола беш аз 40 миллион одамон ба доми ғуломӣ меафтанд. Мутаассифона, беш аз 70%-и қурбониёни савдои одамонро занону кӯдакон ташкил медиҳанд. Бо мақсади мубориза бо ин падидаи номатлуб дар сар то сари ҷаҳон 30-июл ҳамчун “Рӯзи муқовимат бо савдои одамон” эълон гашта, ҳамасола дар ин рӯз бо иштироки намояндагони ташкилотҳои давлатию ғайри давлатӣ ва фаъолони ҷомеа чорабиниҳои мухталиф гузаронида мешаванд, ки ҳадафашон пешгирии одамрабоию одамфурӯшӣ ва дигар ҷиноятҳои марбут ба савдои одамон мебошад.

я2

Бахшида ба Рӯзи мубориза ба муқобили савдои одамон имрӯз дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Тақвияти ҳамкориҳо дар самти муқовимат бо савдои одамон” сӯҳбати мизи мудаввар баргузор гашт.

Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Нигора Ғаффорзода ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки масъалаи савдои одамон дар шароити имрӯза таҳти диққати ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад ва албатта он ҳамчун як падидаи манфӣ ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоии ҷомеа таъсири манфии худро мерасонад.

 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии савдои одамон ва мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ дар ин самт қонунро дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон ҳанӯз 26-июни соли 2014 қабул намуда буд ва бо мақсади татбиқи амалии ин қонун ва иҷрои қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрои нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Тоҷикистон барои солҳои 2022-2025 нақшаи дохилиидоравии Кумитаи кор бо занон ва оила оид ба муқовимат ба савдои одамон ба тавсиб расида, дар ин самт кумита чорабиниҳои зиёде мегузаронад.Дар баробари ин, барои пешгирии савдои одамон кумитаи кор бо занон ва оила дар ҳамдастӣ бо мақомотҳои маҳаллӣ дар байни аҳолӣ низ форҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондааст...

я4

Дар чорабинӣ намояндагони дигар сохторҳои давлатию ғайри давлатӣ низ ширкат варзида, андешаҳои худро дар ин мавзӯъ баён намуданд. Тавре киБухоризода Беҳрӯз Рустам, ёрдамчии сардори раёсати мубориза бо савдои одамони Вазорати корҳои дохилии кишвар зимни баромади худ таъкид кард, дар самти мубориза бар зидди савдои одамон дар Тоҷикистон солҳои 2014 ва 2022 ду қонун қабул шуда, барои муқовимат бо савдои одамон ва пешгирии хариду фурӯши инсон ҳамчун мол заминаи зарурии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст, вале дар раванди пешгирӣ ва мубориза бо чунин ҷиноятҳо дар баробари мақомоти қудратӣ аҳли ҷомеа низ бояд талош варзанд. “Мубориза бо савдои одамон танҳо кори мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ набуда, қарзи шаҳрвандӣ, виҷдонӣ ва имонии ҳар як шахси инсондӯст мебошад.

Вазорати корҳои дохилии кишвар бо мақсади пешгирии ҷиноятҳои марбут ба савдои одамон пайваста корбарӣ мекунад ва механизми ҳамкорӣ-шарикиро ба роҳ мондааст”-гуфт Бухоризода.
Ба иттилоъи ин масъули ВКД дар шаш моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 55 ҷинояти савдои одамон ва алоқаманд бо савдои одамон ошкор карда шуда, раёсати мубориза бо савдои одамони ВКДкорро дар ин самт боз ҳам ҷоннок карданист.
Дар мизи мудаввар ҳамчунин профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон Тақдиршоҳ Шарипов ҳузур дошт ва ҳамчун коршинос сабабу омилҳои афзоиши ҷиноятҳои вобаста ба савдои одамонро таҳлил намуда, дар бораи усулҳои пешгирии хариду фурӯши одамон ва мубориза бо чунин ҷиноятҳо маърӯза карда гуфт:

я8

“Савдои одамон аслан ду ҷабҳа дорад. Ҷабҳаи байналмиллалӣ, ки ҷиноятҳои вобаста ба фурӯши занони духтарони тоҷикро ба сифати ғуломи шаҳвонӣ дар бар мегирад. Ин қабил ҷиноятҳоро асосан далла ва миёнаравҳо содир намуда, занони содаву зудбоварро бо ваъдаҳои осмонӣ ба кишварҳои хориҷӣ, хоса ба давлатҳои арабӣ мебаранд ва ба асорати қарзӣ гирифтор намуда, қарзи калонеро ба гарданашон бор мекунанду бо таҳдид ва зӯроварӣ ба танфурӯшӣ маҷбур менамоянд. Ҷабҳаи дуюми савдои одамон ҷабҳаи дохилӣ буда, асосан ҷиноятҳои вобаста ба хариду фурӯши кӯдаконро дар бар мегиранд.

Бояд тазаккур дод, ки кӯдакон на аз ҷониби бегонагон, балки бештар аз тарафи волидони худашон фурӯхта мешаванд. Кӯдакфурӯшӣ дар байни занон буштар буда, иддае аз модарони ҷавон бо сабабҳои гуногун тифлакони навзодашонро ба оилаҳои бефарзанд мефурӯшанд”-гуфт профессор Тақдиршоҳ Шарипов ва таъкид намуд, ки мубориза бо хариду фурӯши инсон дар кадом шакле, ки набошад, ҷиноят буда, тамоми ҷомеа бояд ба муқобили чунин падидаҳои номатлуб мубориза барад.
Мавсума Анварӣ, намояндаи ташкилоти ҷамъиятии “Корвони умед” дар бораи корҳои дар ин самт анҷом додаи ташкилот маълумот дод. Мавсума Анварӣ аз ҷумла қайд кард, ки “Корвони умед” натанҳо ба гирифторони хушунату зӯроварии хонаводагӣ, балки ба қурбониёни савдои одамони низ паноҳгоҳи муввақатӣ дода, барои барқарорсозии саломатӣ ва ҳолати равонии онҳо ёрӣ мерасонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД