Sebiston new 2024 october
Ҷиноятҳое, ки “бӯи” савдои одамон мекунанд
1157


Солҳои охир дар сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ тез-тез дар боби одамфурӯшию одамрабоӣ, бурдани занону духтарони ҷавон ба хориҷи кишвар бо мақсади ҷалби эшон ба фоҳишагӣ ва дигар ҳодисаҳои нохуши ба савдои одамон рабт дошта, хабарҳои зиёде паҳн мешаванд.

Аксари қурбониёни чунин ҳодисаҳо аз табақаи камбизоат буда, бештар аз содагию зудбоварии худ ба доми афроди қаллобу фиребгаре меафтанд, ки мехоҳанд аз ҳисоби одамфурӯшӣ даромади муфт ва пули калон ба даст биёранд.

Бештари онҳое, ки ба доми фиреби одамрабоён меафтанд, аз оилаҳои носолим ҳастанд ё зидагии сангин доранд ва бо умеди беҳтар кардани вазъи молиявии худ ба ваъдаҳои даллаҳову одамрабоён оид ба кори сердаромад дар хориҷи кишвар бовар карда, гурезон аз тақдир ба хориҷа мераванд, бехабар аз он ки ба доми бало гирифтор хоҳанд гашт.
Шахсонеро, ки дучори савдои одамон мегарданд, мушкилоти зиёде домангир мешавад, вале мутаасифона таҷриба нишон медиҳад, ки на ҳама ҷиноятҳое, ки ба одамрабоӣ шабоҳат доранд, ҳамчун савдои одамон банду баст мешаванд.

Ошкор намудани савдои одамон хеле душвор аст, аз ин лиҳоз тасмим гирифтем дар такя ба маводи «Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамон» дар бораи ҷиноятҳое,ки “бӯи” одамрабоӣ мекунанд, каме маълумот диҳем, то мардум огоҳ ва эҳтиёткор бошанд.

   10-ҷинояте, ки “бӯй”-и савдои одамон мекунанд

Дар маводи «Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамон» зикр шудааст, ки дар аксаран ҷинояти савдои одамон ҳамчун дигар ҷиноятҳо баррасӣ мешавад. Ҳарчанд дар ҳамаи давлатҳои Осиёи Марказӣ заминаи қонунӣ барои пешгирӣ, рафъ ва ҷазо барои савдои одамон мавҷуд аст, худи ҷиноят то ҳол хеле кам ҳамчун ҷинояти савдои одамон эътироф гардида, ҳодисаи савдои одамон аксар вақт ҳамчун дигар ҷиноятҳо, ба мисли:
1. Вайрон намудани низоми муҳоҷират;
2. Дуздӣ (одамрабоӣ);
3. Асорати қарзӣ;
4. Меҳнати маҷбурӣ;
5. Таҷовуз;
6. Ҳуҷум кардан;
7. Қаллобӣ;
8. Ғайриқонунӣ нигоҳ доштан;
9. Шиканҷа;
10. Боздошти хуҷҷатҳо ва ғайра муайян карда мешаванд.
Даллаи суғдӣ дастгир шуду...
Чанде пеш кормандони мақомоти милитсяи вилояти Суғд як зани далларо боздошт карданд, ки даст ба қочоқи одамон зада, занону духтарони соддаю зудбоварро бо баҳонаи кори хубу пули калон ба хориҷи кишвар мефиристодааст. Ин зан сокини 42-солаи шаҳри Бӯстон (пештара Чкаловск) буда, бо даллаҳои хориҷӣ ки онҳо низ аслан шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд, пешакӣ маслиҳат карда, занону духтарони ҷавону зеборо аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд бо ваъдаҳои осмонӣ ба доми худ афканда, ба Федератсияи Рассия мефиристодааст ва баъдан ин занҳои фиребхӯрдаро барои танфурушӣ ва хизматрасонӣ дар клубҳои дилхушӣ сафарбар мекардаан.
Фоҳишагӣ мекардам, ҳам фоиз мегирифтам
Дар навори омодакардаи Акбар Шарифӣ, котиби матуботиии РВКД ҶТ дар вилояти Суғд ин зани далла гуноҳашро ба гардан гирифта мегӯяд: “Фоҳишдагӣ мекардам ва ҳам аз ҳар зане, ки ба ин кор мебурдам 10%-и пул мегирифтам. Наргиз (ҳаммаслакаш дар Русия) гуфта буд, ки агар духтарҳо бештар ҷалб шаванд 10% -и ҳар моҳ ба ту фиристода меистам...”
Бино ба гуфти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, занони фиребхӯрда, ки бо умеди ҷойи кор ва пули калон ба доми фиреби ин зани одамрабо афтода буданд, дар ғарибӣ зери фишору шиканҷа афтида, аз маҷбурӣ дар як шаб ба 5-6 мизоҷ хизмати шаҳвонӣ мерасонидаанд. Яке аз он қурбониён гуфт:
“Моро ба Рассия кори нағз ҳасту ҳар моҳ маоши хуб медиҳанд гуфта бурданд, аммо рӯзи аввал паспорт ва тамоми ҳуҷҷатҳои даркориямонро гирифта гуфтанд, ки дигар ба ҳеҷ куҷо рафта наметавонед. Моро бо тарс додан аз шармандагӣ маҷбур ба ин корҳо карданд...”
Чуноне ки мегӯянд: Бори каҷ ба манзил намерасад. Кирдори ҷиноии ин зани 42-сола низ аз чашми кормандони милитсияи вилояти Суғд дур намонда, охирҳои моҳи ноябри соли 2022 ҳангоми ҷалб ва ба Федератсияи Рассия сафарбар кардани гурӯҳи нави занони зудбовар дар фурудгоҳ дастгир карда шуд.
Айни замон нисбати ин зани далла бо дастрасии моддаи 130-и Кодекси Ҷиноии Тоҷикистон барои одамрабоӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишот идома дорад.
Қонунро донӣ, дар намемонӣ!

Мавҷуд будани ҳолатҳое, ки аз рӯи ҳодисаи савдои одамон парвандаҳои ҷиноӣ на дар асоси ин ҷиноятӣ мушаххас, балки дар асоси дигар моддаҳо оғоз карда мешаванд, сабаби идома ёфтани фаъолияти одамфурушон гашта, инчунин қурбониёни савдои одамонро аз чандин ҳуқуқҳои, ки қонун барои ин тоифа пешбинӣ намудааст, маҳрум месозад. Аз ин лиҳоз, барои ба муқобили савдои одамон муборизаи муваффақона бурдан, қонунгузории миллӣ ва санадҳои зерқонунеро, ки ваколат ва ӯҳдадориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар ин самт ба танзим медароранд, хуб бояд донист, бинобар ин, Ташкилоти Байналмилалии Муҳоҷират, ки бахши Созмони Милали Муттаҳид маҳсуб меёбад, дар ҳамбастагӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷиҳати пешгирӣ намудани амалҳои марбут ба савдои одамон пайваста чораҷӯӣ намуда истодаанд.
Фарзона Муродӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД